Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасанд

Тайи солҳои охир хатари терроризму экстремизм  беш  аз пеш  доман паҳн менамояд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба  ташвиш овардааст. Аз  хавфи афзояндаи онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  вохуриҳову суханрониҳояшон пайваста изҳори андеша намуда, аз кулли шаҳрвандон даъват ба амал меоваранд, ки бо ин зуҳуроти номатлуб муборизаи шадид бурда шавад. Аз ҷумла, ҳангоми ироаи  Паёми  навбатӣ  ба Маҷлисӣ Олӣ ба ин масъала ишора  намуда, иброз доштанд, ки ин вабо барои башарият хатари на камтар аз  силоҳи ядроӣ  доранд.

Бадхоҳони миллати  тоҷик  мардумро мехоҳанд  бовар  кунонанд, ки суханонашон  ҳама аз рӯи адлу  инсоф  аст,  аммо дар асл бо роҳи  фиреб ҳар гуна нобовариро нисбати давлату ҷомеа дар ниҳоди мардум,  ки ташнаи сулҳу оромӣ ва ваҳдати якдилӣ мебошанд, ҷой додани  мешаванд.

Аъзоёни гурӯҳи ДОИШ, «гурӯҳи 24» ва чандин гурӯҳчаҳои дигаре ташкил ёфтаанд, ки бо амалҳои нопоку ваҳшиёнаи худ то ҳол  чеҳранамоӣ карда, рӯзгори мардуми бечораву бегуноҳи Ироқу Сурияро   боз ҳам талхтар намуда истодаанд.

Ин беинсофҳои ҳайвонтабиат садҳо  одамони  бегуноҳро  куштаву  мавриди таҷовуз қарор доданд, қисми зиёди дигарро бехонумон ва  сарсону саргардон ба кӯҳу пушта гардонданд.

Аз шабакаи интернетӣ ва воситаи ахбори омма медонем, ки аъзои гурӯҳи террористии ДОИШ дар ин чанд соли нооромиҳо зан, кӯдак,  пиронсол, маъюб ва дар умум ҳар касеро хостанд, беҳрамона куштанд. Ин амал бешак кори дасти душманони олами Ислом аст.

Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои  муаззами  миллат дар  баробари дигар ниҳодҳои қудратӣ аз ҷониби  муассисаи  таҳсилоти миёнаи  умумии № 14 ба  номи  Сайниев  С. ноҳияи  Мурғоб   низ  тадбирҳои  зарурӣ  андешида  мешаванд.  Махсусан  барои  фаҳмондани оқибатҳои  ногувори  терроризму  экстремизм бо хонандагони МТМУ-и №14 мунтазам вохӯриҳову мулоқотҳо гузаронида шуданд. Зимни онҳо диққатӣ  асосӣ ба баланд бардоштани  ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, омӯхтани касбу ҳунар, сайқал   додани  савияи дониш, арҷгузорӣ ба таъриху  тамаддун  ва  гузаштагони  пурифтихори халқи тоҷик дода мешавад. Зеро афроде, ки   соҳибмаърифату  бофарҳанг  аст, ҳаргиз  ба  доми  фиреби  нафарони ақидаҳои   ифродгароидошта  нахоҳад  афтид.

Инчунин, дар муассисаи зикршуда аз ҷониби маъмурияти  муассиса  омӯзгорон  ва  роҳбарони  синфҳо ба  хонандагон  филми мустанад  намоиш  дода  шуд,  Баъд  аз  тамошои  ин филм бо хонандагон  саволу  ҷавоб ва баҳсу мунозира суръат гирифт.

Директори  муассиса  Алаёров  Н.  аз  он ҷанги  шаҳрвандон  ки  дар  кишвари  мо  рух  дода  буд, ёдовар  шуда қайд  намуд, ки  мо  шаҳрвандон  аз  он ҷумла,  ҷавонон  бояд ҳамеша  аз  сиёсати  давлати  хеш  тарафдорӣ  намоем, ба ҳар гуна  суханҳои  беасос  дода  нашуда, дар  ободию  созандагии  Ватани  азизамон  саҳмгузор  бошем.

Хонандагони  синфи  11 бо  роҳбарии  омӯзгори  фанни  таърих   Шоикатаева З. дарси  намунави  таҳти  унвони  «Терроризм  ва Экстремизм»  таҳдид  ба  амнияти кишвар  доир  намуданд,  ки  мақсади асосии  дарс  дарки  мафҳумҳои   миллат, давлат, арзишҳои миллӣ буда, дар  ин росто  дода  намудан   ба  ҳар  гуна  ақидаҳои нодурусте, ки  оқибати фоҷеабор дорад, иборат буд.

Омӯзгор дар  анҷоми  дарс  аз  суханони  Пешвои  миллат, Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ёдовар шудаанд, ки ҳамеша таъкид менамоянд: «Ҷавонон фирефтаи ҳар  гуна  таблиғоти  бардурӯғ  нашуда, дину  мазҳаби  худро  бо  ҳама  арзишҳо  нигоҳ  доред, то ки ба  ваҳдати  миллӣ ва сулҳу субот халале  ворид  нагардад».

Дар байни хонандагони  синфҳои  болоӣ соатҳои тарбиявӣ  гузаронида  шуданд, ки ҳадафи  онҳо тақвият  бахшидани  ҳисси маъсулиятшиносӣ нисбати арзишҳои ахлоқии миллӣ буд. Нисфи  зиёди  аҳолии  Тоҷикистонро  ҷавонон  ташкил  медиҳанд. Ин  қишри ҷомеа  давомдиҳандаи   кору  фаъолияти  насли  калонсол, нерӯи созанда ва  иқтидори  воқеии пешрафти  ҷомеа  мебошад. Онҳо  имрӯз  ба  тарбияи ахлоқӣ  ниёз  доранд. Тақлидкорӣ ба тамаддуни  Ғарб,  бегонапарастӣ, даст  доштан  ба амалҳои ҷиноӣ, кӯчагардиву  дур будан аз мутолиаи  китоб, машғул  шудан  ба  амалҳои  зишт ва  беманфиат ба ояндаи эшон хатари ҷиддӣ дорад.

Аз ин рӯ яке аз  воситаҳои  муҳими  тарбия  барои  ҷавонон мутолиаи  китобу  маҷаллаҳои  гуногунӣ илмӣ ва бадеӣ мебошад. Хонандагон  бояд  пайваста  илму  дониш  омӯзанд, дар  мусобиқаҳои варзишӣ  ширкат  варзанд. Ватани  хешро  дӯст  доранд  ва ба  арзишҳои  миллӣ  эҳтиром  гузоранд.

Бо  мақсади  мубориза  бурдан  ба  ҳар  гуна   падидаҳои  хатарнок соатҳои синфӣ  ва  тарбиявӣ  дар  мавзӯҳои  «Мо ҷавонон пайравони  пешвои миллатем», «Нест  бод  терроризму  экстремизм ва ифротгароӣ». Қайд  намудан ба  маврид  аст, ки тарбияи  шахс  аз  оила  сарчашма  мегирад,  бо  ин  мақсад ҳамкории зичи волидайн ба мактабу  омӯзгорон агар  хуб  ба  роҳ  монда  шавад, ба  як  натиҷаи  хубе  ноил шудан мумкин аст.

Хулоса, ҳамаи мо  вазифадорем, ки  пеш  аз ҳама худамон  намунаи  ибрат  бошем, нангу  номуси  ватандорӣ дошта  бошем, насли  наврасро  дар  рӯҳияи  баланди  масъулиятшиносӣ  ободу  зебо  гардонидани  сарзамини  аҷдодӣ  ҳидоят  намоем,  пеши  роҳи  бегонапарастӣ  ва хиёнат  ба  давлату  миллатро  гирем.  Ҳамеша  ҳушёру  зирак   ва ватандӯсту  меҳанпарвар  бошем!

Директори МТМУ-и № 14 ба номи Сайниев С. дар ноҳияи Мурғоб

Алаёров Наимбой Нурмамадович

Search