ҲАР КИ НАОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РЎЗГОР…

Дар таърихи кутоҳтарини замони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳшатҳои бузурги ҷанги бародаркуширо аз сар гузаронид ва хотираи он рузҳо ҳануз фаромуш нашуда, боз қувваҳои сиёҳкор, ки худро бо номи дин муаррифӣ мекунанд, бо ҳама роҳҳо кушиш мекунанд, зиндагии осуда ва сулҳомези кишвари моро ноором созанд. Ин шахсиятҳо на аз таърихи гузаштаи Тоҷикистон сабақ мегиранд ва на аз таърихи ҳозираи давлати ҳамсояи Афғонистони имрўза, ки гирифтори алангаи террористон қарор гирифтааст. Давлати мо роҳи ягонаи сулҳ ва ваҳдати миллиро интихоб намуда, бо сарварии Пешвои миллат дар ин самт равона мебошад. Ин роҳи наҷот ва шукуфоии Тоҷикистон мебошад ва мо дигар роҳеро намепазирем. Давлати мо мактабҳо, донишгоҳҳои замонавӣ, неругоҳҳои азим ва роҳҳои байналмилалиро сохта  истодааст ва ҳамаи ин барои пешрафти  ватани азази мо  амалӣ мешавад. Аммо қувваҳои сиёҳкори ҲНИТ ва ҳомиёни онҳо дар хориҷ аз кишвар мехоҳанд боз кишвари моро ба ҷаҳолати асримиёнагӣ баргардонанд. Аммо халқ, аксарияти кули мардуми Точикистон, нимкосаи таги косаи мардумфиребонро пай мебарад. Бо валвалаи онҳое, ки обро лой карда, моҳӣ доштанӣ мешаванд, мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ розӣ нахорҳад шуд. Мо системаи муътадили сиёсӣ ва миллиро, ки ба анъанаҳои мардуми тоҷик такя мекунад, сохта бо сарварии Пешвои миллат  бунёди ҷомеаи муосири дунявиро  бо тантанаи илм, фарҳанг ва иқтисоди замонавӣ идома хоҳем дод. Ба онҳое, к и бо ин сиёсат зид астанд, муроҷиат карда, ҳаминро гуфтанием, ки аз ҷаҳолат берун оед ва бо чашми хирад ба ҳастии реалӣ нигоҳ кунед, ки чи қадар ҷангҳо ва муқовиматҳои динӣ давлатҳои мусулмоннишинро дар арсаи ҷаҳонӣ ақиб партофт. Аз ҳамин лиҳоз вазифаи ҳар яки мо дар он зоҳир мегардад, ки дар гирди сарвари миллат, ки маърифатпазирии ўро ҷаҳон қабул намуд, муттаҳид  бошем, ва фирефтаи сиёсати геополитики кишварҳои бегона нагардем.

Кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгохи давлатии Хоруғ

Search