Тоҷикам, бо Тоҷикистон зиндаам!

Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо намояндагони миллати сарбаланди тоҷик дар ҳар гӯшаву канори дунё истиқомат доранду бо амалҳои неки худ номбардору муаррифгари ин миллати сарбаланд ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастанд.

Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабари маълумоти зиёде оиди ҳаёту фаъолияти як оилаи тоҷик, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба давлати Амрико кӯч баставу имрӯз дар вазифаҳои масъулиятнок фаъолият доранд. Модари хонавода Зарифмо Асламшоева-аввалин наттоқи телевизиони Бадахшон аст, ки бо чеҳраи зебову нутқи равону буррояш то ҳанӯз дар зеҳни бинандаи он замон ҷо гирифтааст ва имрӯз бо талошҳои зиёде дар яке аз телевизионҳои бонуфузи ҷаҳонӣ-CNN-и Амрико фаъолият дорад.

Номи Зарифмо Асламшоева асосан пас аз он расонаӣ гардид, ки духтари нозанинаш Дилафруз Хоникбоева ба ҳайати кории Президенти Амрико Ҷо Байден роҳ ёфт.

Агар имрӯз дигарон дар бораи муваффақиятҳои Зарифмо Асламшоева ҳамчун як бонуи тоҷики муваффақи бурунмарзӣ ҳарф зананд, ман ҳамчун узви як оила метавонам дар бораашон соатҳо сӯҳбат намоям, зеро аз рӯзе худро мешинохтагӣ ва ақламро соҳиб шудам, бо он кас дар як хона зиндагӣ доштем.

Албатта, рафтан аз як кӯҳистони дурдаст ба як давлати бузурги пешрафтаи дунё аз одам пеш аз ҳама ҷасоратро тақозо дорад. Мутаассифона, аввали солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилии дохилӣ кашида шуд ва бархе аз сокинони ин кишвари дар оташу хун оғушта бо яъсу ноумедӣ ва нобоварӣ аз оянда ватани худро тарк намудаву кишварҳои хориҷро макони истиқомат ихтиёр карданд.  Маҳз дар ҳамин айёми пур аз ошуб Зарифмо Асламшоева ҳамроҳ бо ҳамсараш Карамалишо Хоникбоев  Тоҷикистони азизро тарк намуданд.

Азбаски падару модарашон хеле ҷавон аз дунё рафта буданд (Худо раҳматашон кунад), падари раҳматии ман, бародари калонии хонавода ба ҳар як ҷузъиёти зиндагии хоҳару додарони худ бо меҳри зиёд ва дақиқкорона муносибат доштанд.  Ва чун имрӯзҳо номи ин оила ҳамчун оилаи муваффақи тоҷик расонаӣ шуд, суҳбати Зарифморо бо падарам (Худо раҳмат кунад) ба хотир меорам, ки моҳи январи соли 1995 ба вуқӯъ пайваста буд. Зарифмо ашк резонда мегуфт: “Кӣ медонад, моро дар он кишвари дур чӣ интизор аст? Бисёр душвор ҳаст, ки ман аз ҳамаи Шумо бародарону хоҳарон, наздикону пайвандонам ҷудо мешаваму ба як ҷое меравам, ки дар бораи оянда чизе гуфтан амри маҳол аст.” Падарам хоҳари нозпараварашро тасаллӣ доду гуфт: “Гарчанде дар як ҷойи дур аз ёру диёр зиндагии навро оғоз кардан беҳад душвор аст, лекин ин як имконияте ҳаст барои роҳ ёфтани Шумо ба дунёи кушод. Мо бо умед ба ояндаи неки Ватан зиндагиро идома медиҳем, аммо Шумо ҳамроҳи ҳамсаратон кӯшиш кунед барои худ дунёи дигареро кашф созед. Дунё ба умед аст... Танҳо кӯшиш кунед гузаштаи худро фаромӯш насозеду фарзандонатонро дар рӯҳияе тарбия намоед, ки ватани аслии худро фаромӯш насозанд. Агар насиб бошад, рӯзе боз ба дидори ҳам хоҳем расид.”

Солҳо гузаштанд. Хушбахтона, Тоҷикистони азизи моро роҳбаре насиб гардид, ки аз рӯзҳои аввали ба ҳайси роҳбари аввал интихоб гардиданашон ба мардуми ноумеду ранҷкашидаи тоҷик муроҷиат карда гуфтанд: “Ман ба Шумо сулҳ меорам.” Ва имрӯз мо шаҳди он ҳама талошу заҳматҳои фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чашида истодаем. Акнун Тоҷикистони азизро ҳамчун як кишвари орому озоду рӯ ба рушд дар тамоми ҷаҳон мешиносанд, зеро Пешвои муаззами миллат тавонистанд дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ тамоми тоҷикону тоҷикистониёнро ба ҳам оранду Тоҷикистонро чун хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон муаррифӣ созанд. Ва чун имрӯз тоҷикони бурунмарзӣ боифтихор аз тоҷик будани худ ҳарф мезананд, ин омил як бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки фарзандони ин миллати куҳанбунёд гузаштаи худро арҷ мегузоранду ба оянда назари нек доранд.

Имрӯз вақте як бонуи муваффақи тоҷики муқими Амрико бо ифтихор мегӯяд, ки ман Тоҷикам, пас аён мегардад, ки ба гузаштаи ин миллати сарбаланд арҷгузор ҳасту бо фаъолияти босамари худ барои муаррифии он дар сатҳи ҷаҳон талош меварзад.

Вақте як бонуи муқими Амрико, ки зиёда аз 25 сол дар он кишвар истиқомат кардаву шаҳрвандии он кишварро дорад ва зимни сӯҳбати худ дар расонаҳо таъкид мекунад, ки бо вуҷуди кишвари пешрафта будан ҳанӯз дар Амрико кӯдакони гуруснаву мавзеъҳои дорои маскунони камбағал вуҷуд доранд, пас мо шукргузор ҳастем аз давлати худ, аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, ки ниёзмандонро барои ҳамешагӣ зери таваҷҷӯҳ қарор додаву таъмини ҳаёти шоиста барои ҳар шаҳрвандро яке аз ҳадафҳои асосӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат унвон кардаанд.

Агарчи Зарифмо зимни суҳбати худ аз Шириншоҳ Шоҳтемур ба унвони тоҷики қаҳрамон ёд кардаву ифтихор дорад, пас ман ифтихор аз худи Зарифмо дорам, ки дили тоҷикона дораду меҳри тоҷикона ва дилгармии тоҷикона нисбати Ватан ва миллати сарбаландаш. Ман ифтихор дорам, ки Зарифмо тавонист дар қалби фарзандонаш, ки дар синни хеле хурдсолӣ Тоҷикистони азизро тарк намуданд, меҳри ин кишвари афсонавиро ҷо намояду онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба ин давлату ин миллат тарбия созад. Зеро ҳангоме аҳли оилаашон ба Амрико кӯч бастанд, духтарашон Дилафрӯз танҳо ҳафтсола ва писарашон Самандар сесола буданд.

Албатта, роҳ ёфтан ба ҳайати кории Президенти як кишвари пешрафтаи ҷаҳон чун Амрико кори осон нест. Вале Дилафруз тавонист тамоми монеаҳоро паси сар намояду ба ҳадафи некаш бирасад. Гарчанде фаъолияти мустақим бо Президенти Амрико Ҷо Байден надошта бошад ҳам, худи ворид шудан ба ин гурӯҳ муваффақиятест, беназир барои як бонуи тоҷик. Ва вақте худро дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо чун тоҷикдухтаре аз кӯҳистони Тоҷикистон муаррифӣ намуд, бешак бо чунин хоҳари азиз ифтихор дорам.

Бо сӯҳбатҳои худ дар расонаҳо Зарифмо як бори дигар исбот намуд, ки аз тоҷикияти худ ифтихор дорад ва чунин афрод бояд барои ҳар шаҳрванди кишвари азизамон намунаи ибрат бошанд. Истиқомат дар як кишвари пешрафтаи ҷаҳон иродаи ин бонуи матиниродаи тоҷикро боз ҳам қавитар намуд ва имрӯз ӯ бо ғурури тоҷикона, бо симои тоҷикона, бо лаҳни ширини тоҷикона мегӯяд: Ман Тоҷикам!

Чунин ғуруру ифтихор аз миллату давлат бояд имрӯз дар қалби ҳар яки мо ҷо дошта бошаду кӯдакон ва насли наврасро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои волои ин миллати сарбаланд тарбия намоем ва бо овози баланд бигӯем:

Кистам? Ҳар гаҳ, ки мепурсӣ зи ман.

Тоҷикам, бо Тоҷикистон зиндаам!

Search