Дасисабозонро миллат нахоҳад бахшид

Аҷиб аст, ки чаро САҲА аз ин афроде ки хостгори дубора бесаранҷомии ҷомеаи Тоҷикистон буданд  пуштибонӣ дорад. Ин дар ҳолест,ки тамоми ҷомеаи башар мубталои нақшаҳои сиёҳи ин сияҳкорон аст. Чеҳраи аслии онҳо, ки бесаранҷомӣ ва хунрезии ҷомеаи ороми моро тақозо доштанд, ошкор гардид.

Онҳо на як бору ду бор чунин амалҳои носолимро ба муқобили давлату миллати худ анҷом доданд, ки бо ин дар чеҳраи таърих нақши манфур гузоштанд. Пас манзур аз дифои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз ин зумра дар чист? Хоса боз аз саркардагони ҳизбе,ки ҳамчун ҳизби ҷинояткор маҳкум шудааст ва дар Тоҷикистони ваҳдатободу сулҳофар барои онҳо дигар ҷой нест? Чаро Кабирӣ даст ба сияҳкории ватани худ дорад?

Посух ба ин нукта якест, ки имрӯз он ҳам ҳувайдост. Кабирӣ наметавонад орому осуда бошад,зеро лаҷоми ӯ дар дасти дигарон аст. Дар дасти онҳоест,ки чанд сол муқаддам ватани азизи моро ноором карда буданд.

Акнун худ қазоват кунед,ки ин зумра касон кистанд ва манзури ин сияҳкори чист? Пеш аз ҳама онҳо хостгори онанд, ки дубора ватани азизамонро ба коми аждаҳои ҷанг андозанду бо ин васила фазои сулҳу оромиро барҳам зананд.Роҳандозӣ намудани манфиатҳои худро дар бадбахтии миллат мебинанд ва дар ин роҳ монда нашуда,бо дастури хоҷагон ҷонбозӣ хоҳанд кард.

Ин ҳама аз пайдоиши ҲНИТ саранҷом мегирад.Аз ин амали имрӯзаи эшон бармеояд ,ки аз рӯзҳои нахуст дар ин роҳ бо дастгирии хоҷагон камари ҳиммат баста,нақшаҳои офаридаи онҳоро амалӣ менамуданд.Дар зери ниқоби ислом мардумро ба тафриқаҳо ҷудо карда,низои миллиро таҳким бахшиданд.Худоро сад  шукр,ки пеши роҳи ин иғвогарон гирифта шуд.

Саволе ба миён меояд,ки ин ҳама маблғро онҳо аз куҷо пайдо мекарданд,ки аз маркази ҳизб то ноҳияҳо ҳама бо маош таъмин буданд. Чорабиниҳо мегузаронданд ва омаи васеро ҷалб месохтанд.Дар марказ рӯзномае бо номи «Наҷот» таъсис доданд.Ҳама ин хароҷот аз ҳисоби ки буд? Боз ҳамон хоҷагони бегона,ки сарпарастии онҳо ба воситаи ҲНИТ  амали мешуд.Маҳз ҲНИТ маркази воридоти маблғ ва раҳнамои онҳо буд,ки имрӯз низ ба онҳо такя дорад. Онҳо дар назди хоҷагон қарздоранд. Қарзро бояд баргардонд. Аз ин лиҳоз, онҳо ҳанӯз интизори ҳуштаки эшон ва хостгори амали кардани қазияи Ховари Миёна дар Осиёи миёна мебошанд.

Воқеоти ҷаҳони имрӯза,ангезаҳои сиёсӣ,бархурди манфиатҳо ва тазодҳои ҷаҳони ислом моро водор месозад,ки ҳамеша мафиатҳои миллиро аз манфиатҳои худиву мазҳабӣ боло гузорем.Ба хотири осудагиву оромии кишвар ғаразҳоро як сӯ гузорем ва нагузорем,ки  бозичаи дасти дигарон бошем,то шаъну шарафи миллат ҳамеша барҷой бошад.Ҳар касе набошӣ ва дар куҷое,ки набошӣ ту бо ватан, бо миллати хеш зиндаи бе ватану миллат арзише надорӣ.

Сияҳкориҳои Кабирӣ ба ҷое расида,ки акнун даст бар нуфузи Сарвари миллат дорад. Ҳақиқат сармояи бебадали инсон аст,ки ҳеҷ гоҳ рӯ ба нобудӣ надорад. Кабириҳо аз ин муҳимот орианд. Ин сиёсати ноҳамвор ва ин дасисабозиҳо ба муқобили миллату давлат ин раҳгумзадаро то куҷо мебурда бошад? Дасисабозонро миллату давлат нахоҳад бахшид.

Шаҳриёр

Search