Наҳзатиҳои бегонапарасту xиёнатпеша

Имрӯз дар сомонаҳои интернетӣ нафароне фаъолият мебаранд, ки худро бо ном рӯзноманигору журналист номида, бо мақсади дар ҷомеа иғвоандозӣ дар саҳифаҳои рӯзномаву расонаҳои интернетӣ нисбати давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳар гуна суханҳои бардурӯғ менависанд. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки ин шахсон бояд ҳаминро дарк намоянд, ки онҳоро қувваҳои бегона барои манфиати худ истифода мебаранд ва ҳамин ки онҳо ба мақсади нопоки худ мерасанд, онҳоро аз хотир мебароранд.

Онон, ки худ бо фармоиши соҳибони хориҷӣ мебояд бухсу ҳасуди ифротгаронро дар замини файзбори Тоҷикистон кишт намоянд, бехабаранд, ки тухмии ғаразноки пошидаи онҳо дар ягон мамлакати олам неш намезанад. Зеро, ҷомеаи ҷаҳонӣ аллакай ба фарҳангу тамаддуни оламофари Тоҷикистону тоҷикистониён қоил гаштааст. Танҳо иқдомҳои Тоҷикистон нисбати муборизаи беамон бар зидди ҳаракатҳои террористӣ ва эктремистӣ, паҳншавии маводи мухаддир, пешниҳоди муносибати оқилона ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои оби ошомиданӣ ва ғайра ба ҷаҳониён мамлакати моро чун дунявӣ ва фарҳангофар муаррифӣ кардааст ва аз ҷониби онон дастгирии комилро сазовор гардидааст.

Аз ин лиҳоз ба наҳзатиҳои мутаҳамму беинсоф, гуфтанием, ки сухангӯиву иғвоангезандаи беасоси худро хотима дода, хулосаи даркорӣ бароранд ва ҳаминро нағз ба эътибор гиранд, ки халқу миллати тоҷик дигар фирефтаи ингуна шахсони хоину беватан, беинсофу беадолат намешаванд ва ба қадри сулҳу субот, ваҳдату ягонагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа мерасанд. Аксарияти халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири худро дар бунёди давлати дунявӣ мебинад, бинобар ин ҳеҷ шахс ё гурӯҳ ҳуқуқи бо роҳи зӯрӣ ва ғайриқонунӣ, иродаи ғоя ва тарзи зиндагии худро ба мардум бор кардан ва ё ҷорӣ карданро надорад. Дар ҷамъият ақидаҳои гуногун, динҳои мухталиф, рӯзномаву маҷаллаҳо озодона, фаъолият карда метавонанд, танҳо ба шарте, ки мухолифи қонуни давлат ва сохтори он набошанд.

Пас дар шароити мураккаб ва печидае, ки имрeз сайёраро фаро гирифтааст, вазифаи ҷонии мо аз он иборат аст, ки ҳама як дилу якмаром паҳлӯ ба паҳлӯ истода, пайи ободиву гул-гулшукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми хешро гузорем.

Дар асл худшиносу ватандӯсти асил бошем ва фирефтаи ҳаргуна дасисабозиҳои ташкилоти террористии дар Тољикистон мамнўи нањзатӣ ва гурезаву хоинони давлату миллат нагардем. Чунки имрӯзҳо намояндагони он аз берун истода кӯшиш намуда истодаанд, ки оромиву осудагии мамлакати моро халалдор созанд. Аммо онҳо ҳаминро бояд дарк кунанд, ки мо аз таърихи талхи гузаштаи начандон дури худ сабақи даркори гирифтаем ва дигар фирефтаи суханҳои иғвоангезандаи наҳзатиҳои xиноятпеша намешавем.

Пирумшо Саодатқамов, нафақахур, сокини н. Шуғнон

Search