Бародарони “маҷозӣ” дар “Садои хардум”

Барномаи иғвогаронаи “Садои мардум” ё аниқтараш “Садои хардум” бо ровии худ Беҳрузи касофатзада худро намоишкорӣ намуда, баҳри худро бародари маҷозии Иззат Амон табдил додан барнома рост мекунад. Ин хоинони миллат байни ҳам аслан бародар ҳам нестанд, балки корд намеёбанд, ки ҳамдигарро кушта бошанд.

Нафароне барои худро намоиш додан аз Иззат Амон гӯё дифо ва ҳимоят мекунанд. Ин нафар кист?! Он нафаре, ки барои хизматҳои кардааш маблағ ва ҳаққи хизмати худро комилан гирифтааст. Иззат Амон як рекламаи тарғибгароии чеҳраҳои дурӯғбоф ва муттаҳам гаштааст.

Беҳрузи Худозада низ аз ҳамон зумра нафароне мебошад, ки мардумро мисли Иззат Амон сӯистифода мебарад ва бо ҳазор фиребу найранг мехоҳад корбарии худро ба ҳама дуруст вонамуд созад. Ин ҳама ҳарзагӯиҳо ягон мантиқе надорад. Зеро аз нафари қаллоб, ки баҳри маблағе худро “ғамхори муҳоҷир” вонамуд месохт ин ҳама тамосу зангҳо фоидае надорад. Агар дар ҳақиқат Иззат Амон ғамхори муҳоҷирон мебуд, пас танҳо чор ҳарзагӯй ва ду се нафар авбошӣ ӯро ҷонибдорӣнаменамуд.

Чеҳраҳои аслии ин хоинони миллат, мисли муаллифони барномаи “Садои мардум” ва дигар барномаҳои иғвогар ҳар бори дастгир шудани ҷинояткору иғвогаре бештар бармало мегардад. Аз таҳқиру танқиди ин ватанфурӯшон ва хоинони миллат ошкор мегардад, ки душману бадхоҳи мардуми Тоҷикиситон мебошанд.      Барои миллат Беҳрузу Иззат ва ё Иқболбии ватанфурӯш лозимият надорад. Зеро Тоҷикистон ва мардуми кишвар бе ин иғвогарон ҳам ободу пешрафтааст.

 Аммо ин душманони миллат ҳамеша мисли зоғони сиёҳ болои сари миллат ғавғо менамоянду аз ҳар ҳолат сӯистифода бурда, мехоҳанд фазои ороми Тоҷикистон ва ҳаёти ороми муҳоҷирони меҳнатиро барҳам зананд. Беҳрузи Худозада ношармида ошкоро мегӯяд, ки ба майнаву мафкураи ҷавонон ва мардум дохил мешудаасту ҳамаро гумроҳу вайрон месохтааст.

Ҳаргиз ин душманону бадхоҳону қаллобон наметавонанд ба ҳадафи муғризона ва ифлоскоронаи худ бирасанд. Зеро мо мардуми Тоҷикистон намегузорем то Ватани мо ба дасти душман афтода бошад.

Амриев Мустафо, сокини н. Шуғнон

Search