Гар ҷавонмардӣ фақат дар ҳифзи Ватан бош!

Ҳифзи марзу буми Ватан бори сангинест,ки танҳо ба дӯши  насли ҷавони баору номуси соҳибватан вогузошта шудааст.Насли ҷавон бояд ин бори сангинро,ки ҳамрадифи дифо аз падару модар,зану фарзандон ва тамоми дороиҳои ҷаҳон аст ба таври эътиқодӣ ҳатман чун гавҳараки чашм муҳофизат намояд ва нагузорад,ки мабодо пой ягон нохалафе ба хоки поку муқаддаси Ватани азизи мо Тоҷикистон расад ва нагузоранд,ки ягон бадбахте бо чашми баду ҳасаде бо нигоҳи хайрнохоҳонаи худ ба суй хоки гуҳаррези кишвари мо,ки тавъами Модару аҳли хонаводаи ҳар як тоҷикистонӣ мебошанд назар афканад.

Кишваре, ки Шераку Темурмалику Восеъву Шириншоҳ ва ҳазорон қаҳрамонону гурдони ҳамеша аёну ниҳон доштааст раво нест,ки дар асри ҷадид дар қатори худ вориси гумроҳу бесавод ва ё хоиноне дар қиболи худ дошта бошад.Манзур аз ин гуфтаҳо ҳушдорӣ ба ҷавонони ноогоҳи камсаводе аст,ки бидуни фаҳмиш ва ноогоҳӣ ба гурӯҳҳои тундрави экстремистӣ дар хориҷи кишварамон  шомил гардидаанд ва агар аз ин роҳи хато барнагарданд,яқинан худро ба коми оташи марг мебаранд ва номи поки Ватани азизи мо Тоҷикистон ва миллати соҳибфарҳанги мо тоҷиконро дар арсаи баиналмиллалӣ доғдор менамоянд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохуриашон бахшида ба Рӯзи ҷавонон 21-уми майи соли ҷорӣ  бо ҷавонони кишвар аз ин амали баъзе ҷавонони ноогоҳ ибрози нигаронӣ намуда,таъкид намуданд,ки ҳарчи зудтар роҳи шомилшавии  ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ махсусан  гурӯҳҳои тундраве,ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гирифта шавад.

Ёдовар мешавем,ки то ба ҳоло таҳдиду хатари созмонҳои террористию экстремистии ДИИШ, «Ансоруллоҳ», Ҳаракати «Толибон», «Салафия» ва ғайра, ки дар ҶИА ба қатлу ғорату куштори аҳолии мусулмони Афғонистон машғуланд ба амнияти миллии кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ аз он ҷумла ба Ватани азизи мо Тоҷикистонро доранд,  ҳанӯз ҳам аз байн нарафтааст.

Шомил гардидан ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ин маънои фурӯхтани Ватану Модар зану фарзандон ва тамоми муқаддасоти диниву дунявии ҳар нафар мебошад,зеро Пайғамбари сулҳу раҳмат ва ишқу муҳаббат ҳазрати Муҳаммад(с) барҳақ фармудаанд,ки “Дӯст доштани Ватан қисмате аз имондорист”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин изҳори андеша намуданд:«Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси ҷаҳонӣ хислати фаромарзӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад. Айни замон, зуҳуроти терроризми байналмилалӣ ҳар чӣ бештар тақвият меёбанд, ки барои сарнавишти ҷаҳон хатари бузург аст”. Илова ба ин, вобаста ба тағйирёбии авзои ҳарбиву сиёсии ҷаҳон, тактикаи ҷангии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгарон иваз гардидаанд ва ин давлатҳоро водор месозад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб сари вақт тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд.

Баргардондани ҷавонони ноогоҳ аз роҳи хато вазифаи асосии ҷонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷумла падару модари онҳо,зиёиён,кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тамоми  аҳли ҷомаи кишвари мо мебошад. Мо бояд суханони бузургвореро,ки басо хуб фармудааст:

Агар бинам,ки нобинову чоҳ аст,

  В-агар хомӯш биншинам гуноҳ аст,

-ро мавриди амали корҳои ҳаррӯзаи худ қарор диҳем,зеро ҳар шахси ноогоҳ ва камсавод дар адабиёти ҳазорсолаи мо ба монанди шахси нобиное тамсил гардидааст.

Аз инҷост, ки насли ҷавони ҷомеа бояд,ки дар пайравӣ аз гузаштагони пурифтихорамон дар ҳифзи Ватану миллатамон дар баҳои ҷони худ ҳимоя намоянд ва худро вориси ҳақиқии кишвару миллати арҷмандамон донанд ва ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои хориҷиён ва хайрнохоҳони миллати азизи мо нагарданд.

Search