ВАҚТЕ ҚИРҒИЗ НАҚШАИ ҲАМЛА МЕКАШИД. Марзбандӣ ва муноқиша дар сарҳад Қиризистонро ба коллапси иқтисодӣ рӯ ба рӯ кард

Қирғизистон ба буҳрони ҷиддии иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудааст. Аввали моҳи гузашта, баъд аз ҳамлаи мусаллаҳона ба Тоҷикистон, президенти қирғизҳо дар як сухаронӣ гуфт, “иқтисоди Қирғизистон бадтарин бӯҳрони солҳои охирро аз сар мегузаронад”.

Сабаби ба ин ҳол гирифтор шудани ҳамсоякишвар танҳо пандемияи коронавирус набудааст. Кашмакашҳои давомдори дохилӣ, қарзҳои бузурги хориҷӣ, мушкилоти ҷиддӣ дар идоракунии давлат, фирори сармоягузорони хориҷӣ ва сатҳи баланди коррупсия аз ҷумлаи омилҳои асосии ба буҳрон фурӯ рафтани ин кишвар будаанд. Муноқишаи мусаллаҳона ва марзбандӣ бо Тоҷикистон заминаи дигаре барои наздик шудани Қирғизистон ба дефолти соҳибихтиёрӣ гуфта мешавад.

Ин арзёбиҳои коршиносони иқтисодӣ аст, ки давоми моҳи май дар матбуоти он кишвар нашр шудаанд.

Бино ба ин таҳлилҳо, ҳукумати феълии Қирғизистон “рушд ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон”-ро шиор қарор дода бошад ҳам, амалан дар ин самт коре аз дасташ сохта нест. Дар баробари ин, барои пешрафти иқтисод, афзоиши ММД, гардиши савдои хориҷӣ, коҳиши касри буҷет ё камшавии ҳаҷми қарзи хориҷӣ ягон барномаи ҷиддӣ таҳия нашудааст. Ҳатто барномае, ки тавонад дар солҳои наздик ин кишварро аз буҳрон раҳонад, мавҷуд нест.

Муноқишаҳои дохилиқирғизӣ, ки ҳамагӣ дар заминаи манофеъи хусусии мансабдорони сатҳи баланд, аз ҷумла, тиҷорати хонаводаӣ, монополияи манбаъҳои асосии даромад ва рақобатҳои саркӯбкунанда сурат гирифтаанд, вазъи иқтисоди ин кишварро асафбор кардаву боис шудаанд, дар буҷаи давлат сӯрохиҳои бузург ба вуҷуд оянд.

Сабаби асосии авҷ гирифтани пандемия ва дар муқоиса ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар осеб дидани Қирғизистон ҳамин омилҳо будаанд.

Бино ба маълумоти расмии Кумитаи омори Қирғизистон, айни замон маҷмӯи қарзи хориҷии ин кишвар 7.2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба 92%-и ММД баробар аст. Аз ҷумла, қарзи давлатӣ (буҷети давлатӣ) 4.2 млрд. доллар буда, ба 53.8% ММД баробар аст.

Ана дар ҳамин ҳолат Қирғизистон ба зидди Тоҷикистон ҷанги эълоннашудаеро роҳандозӣ кард, ки шурӯъ аз ҳамла ба қаламрави Тоҷикистон ва бастани марз, то гаравгонгирии шаҳрвандони мо, ғасби молҳои ба Тоҷикистон интиқолёбанда ва қабул накардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳ (агарчӣ транзитӣ ҳам бошад) ва ҳатто нафурӯхтани чипта ба шаҳрвандони Тоҷикистонро фаро мегиранд.

Ҳоло, ки Қирғизистон тасмим гирифт марзашро батамом ба рӯйи Тоҷикистон бандад, бубинем, ки аз ин кӣ бештар осеб мебинад.

Тибқи омори расмӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Қирғизистон 9,3 млн долларро ташкил додааст, ки ба ҳамагӣ 0,5% дарсад ҳаҷми гардиши хориҷии Тоҷикистон баробар аст.

Соли гузашта ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Қирғизистон ба 36,8 млн доллар баробар шудааст, ки 0,8% аз ҳаҷми  умумии савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Бархе манобеъи иттилоотӣ барои муқоиса маълумоти оморӣ бо дигар кишварҳоро овардаанд, ки бо Тоҷикистон сарҳади умумӣ доранд. Масалан, ҳаҷми савдо бо Ӯзбекистон дар ин давра 104 млн доллар ва Чин – 140 млн долларро ташкил додааст. Ҳатто ҳаҷми савдо бо Афғонистон, ки зиёда аз 40 сол инҷониб дар ҳолати ҷангӣ қарор дорад, аз ҳаҷми савдо бо Қирғизистон зиёдтар аст. Ҳаҷми савдо байни Тоҷикистону Афғонистон давоми моҳҳои январ-марти ҳамин сол ҳудуди 140 млн долларро ташкил додааст, ки 48% зиёдтар нисбат ба Қирғизистон будааст.

Ва ҳамаи ин дар ҳолатест, ки молу маҳсулоти воридотӣ аз Қирғизистон ба маҳсулоти ниёзи аввал мансуб набуда, маҳсулоти истеъмоли умумӣ, асосан либос ва дигар чизҳо оварда мешуданд, ки баъди марзбандиҳои қирғиз ба сурати фаврӣ ҷойи онҳоро маҳсулоти Ӯзбекистон пур кард.

Дар баробари ин, сокинони минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон ба минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон бештар ниёз доранд. Масалан, аксар тоҷирони вилояти Бодканд дар ҳамкории мутақобила бо вилояти Суғд зиндагӣ мекунанд ва ҳатто ҳамагӣ як моҳ тӯл кашидани марзбандии қирғиз метавонад аксар соҳибкорони бодкандиро ба мушкили ҷиддӣ ва ҳатто муфлисӣ рӯ ба рӯ кунад. Ба гуфтаи ҳолдонҳо, “дар маҷмӯъ, мардуми бумии Ботканд зидди тиҷорат бо мо нестанд, аммо онҳо ба бозичае дар дасти сиёсатмадорон ва авбошони марказ табдил ёфтаанд”.

Аз сӯйи дигар, бо ҳамла ба Тоҷикистон ва бастани марзаш Қирғизистон як манбаъи аслии даромад – сайёҳиро аз даст дод. Ширкатҳои сайёҳие, ки дар хатсайрҳои сайёҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, бахусус дар ноҳияи Мурғоб фаъолият мекунанд, аз таҷрибаи худ мисол меоранд, ки ҳамасола садҳо сайёҳи хориҷиро ба марзи Қирғизистон гусел мекарданд. Чун он кишвар дар аксар маврид нуқтаи охири сайёҳӣ маҳсуб мегардид, аксари маблағи сайёҳони аз Тоҷикистон ба он кишвар гузашта он ҷо гузошта мешуд. Аммо ҳоло бо далели ноамнӣ дар ҳамсоякишвар ва баста шудани марзҳо барои сайёҳоне, ки ба вилояти Бадахшон мераванд, дигар Қирғизистон ҷолиб нест. Зеро медонанд, ки бо вуҷуди ваъдаҳои мақомоти қирғиз, ҳар лаҳза метавонад амнияташон зери суол равад.

Ҷанг бад аст, оқибатҳои хеле бад дорад. Инро ҳамаамон медонем. Тоҷикистон инро дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҷриба кард. Бинобар ин, ҳамеша аз сулҳу дӯстӣ ва ҳамзистии осоишта мегӯяд. Ҳеч вақт шаҳрвандони ҳамсоякишварро гаравгон нагирифтаву молҳояшонро ғасб накардааст ва ҳеч вақт ҳавасманди марзбандӣ бо ҳамсояҳо нест, зеро марзбандӣ худ ба худ баёнгари сиёсати сулҳҷӯёна нест.

Қирғизистон аз ин ки дидаву дониста нисбат ба ҳамсояи наздиктарини худ ҷанги эълоннашудаеро роҳандозӣ кард, на танҳо шармсору сарафканда шуд, балки ҳамакнун пояҳои иқтисоди худро шикастан дорад. Тоҷикистон ҳавасманд нест, ки ҳамсояашро ба чунин ҳол бубинад, аммо таҷриба ҳамин аст, ки “чизе киштӣ, ҳамонро медаравӣ”.

Аҳлиддин Мирзозода,

таҳлилгар

Search