Раҳгумзада

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки аз солҳои 80-ум сар карда, озодфикрӣ дар ҳама ҷабҳаҳо вусъати тоза касб намуд. Дар баъзе аз Васоити Ахбори Омма назарандозиҳо ба масъалаҳои миллӣ шурӯъ гардид. Оқибат ин назарандозиҳо ба маҳалбозиҳо табдил гардида, лаҷоми он ба дасти манфиатҷӯён расид. Дар ин замина тафаккури динии ҷомеа таҳким ёфта, барои амалисозии ҳама гуна ақоиди дини заминаи устувори идеологӣ падид омад.

Нақшаи таъсиси ҲНИТ аз ҷониби идеологҳои беруна маҳз аз ҳамон солҳо рӯи кор омад. Мардуми гумроҳу ошуфта ба онҳо эътимод бастанд. Дар ин роҳ онҳо аз сухангӯён, нотиқони оташинсухан дастпарварони макотиби динии мамлакатҳои исломӣ истифода намуда,мардуми аз сиёсат бегонаро ба дом афтонданд.

Пас аз даргириҳои сиёсӣ ва гумроҳкуниҳо дар давроне,ки фарзандони ҷонсупори миллат дар талоши сулҳу ваҳдат ҷон ба каф гирифта, миллати овораву сарсонро ба ватан оварда, иқтисодиёти фурӯрафтаро пойдор кардву халқро соҳиби нон карданд, ҲНИТ таъсис ёфт.

Пайдоиши ин ҳизби иғвогар занҷире гардид дар пои ҷомеаи Тоҷикистони навин. Фиребу дасисаҳои ин ҳизб аз рӯзҳои аввал падид омад. Нахустин коре, ки ин ҳизб рӯи кор овард, ин таъсиси ҷамъияти муллоҳо буд. Ана ҳамин муллоҳои бесаводи аз сиёсат холиро ҲНИТ истифода бурда, исломикунонии миллатро оғоз бахшид ва то ба дараҷае муваффақ ҳам шуданд.

 Разолату хиёнати ин зумра дар катибаи миллат абадӣ сабт аст  ва касе инро инкор нахоҳад кард.

Имрӯз ҷомеаи навин бо заҳмату ранҷи Пешвои миллат таъсис ёфт, миллат осудаву бахтиёр ва давлат таҳкиму мустаҳкам гардид, ҲНИ-и пошхурда дар хориҷи кишвар боз дасисабозиро иқдом кард. Дасисаҳои ин душманони миллат махсусан дар даврони интихобот пурзӯр гардид. Ба умеди боз дар ин марҳилаи муҳим рахна ворид намудан аз тамоми васитаҳои иттилоотӣ истифода карданд.

Аммо ба ҳадаф нарасиданд. Имрӯз шармандавор пайи дасисаҳои навинанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ назарбандиҳои аблаҳона доранд.Аммо ин ҳама кори эшон беҳадаф аст .

Кабириҳоро дар хориҷи кишвар хоҷаҳои нав ба нав пуштибонӣ дорад. Маҳз ҷиҳати роҳандозӣ намудани ин хоҷаҳо Кабирӣ имрӯз осудагиро аз даст дода, сарро ба ҳар сӯ мезанад,то эшонро қаноатманд созад.

 Акнун даст бар домони Сарвари давлат дорад  ва мехоҳад бо чароғи худ рӯи моҳро пӯшонад. Ӯ намедонад,ки моҳ нурафшони ҳама ва раҳнамои мардум аст . Чароғи Кабирӣ дар нимароҳ хомуш хоҳад шуд. Он гоҳ вой бар ҳоли ту дар он мулки бегона , дур аз ватан ки туро дастгир хоҳад шуд?

 Раҳгумзадаро роҳи ватан ба манзил мерасонад, аммо роҳи бегона туро нобуд хоҳад кард.

Шаҳриёр

Search