Амалҳои номардонаи М. Кабирӣ ошкор гардид

Халқи баномуси тоҷик ҳеҷгоҳ аз хотир намебарорад, ки барои ба даст овардани Истиқлолият ҳазорҳо нафар ҷавонмардони тоҷик ҷони худро фидо кардаанд.

Набояд фаромӯш созем, ки Истиқлолияти давлатӣ-ин яке аз дастовардҳо арзиши олидоштаи халқу миллати мо ба ҳисоб меравад.

Муҳиддин Кабирӣ бо як гуруҳ хоинони миллат бо афкори хусуматноки худ мехоҳанд, ки сулҳу салоҳи миллатро аз байн баранд. Имрӯз М.Кабирӣ бозичаҳои дасти дигарон шуда, боз ба андешаи хоинонаашон мехоҳад, ки мардумро фиреб ва фирефтаи худ гардонад, вале дигар наметавонад. Чунки имрӯз ҳар як фарди тоҷик кӣ будани хоинони миллат ва чӣ арзиш доштани Истиқлолиятро дарк намуда, қаҳрамону фидоии миллат кӣ аст, хуб медонанд.

Имрӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргуна хабарҳо аз тарафи хоинони миллат ба омма ба тавсиб расонида мешавад, ки  ин маҳз як фитнаангезӣ мебошаду халос. Зеро ҳар он шахсе, ки барои халқу миллати худ хизмат кард, онро ҳама қадр мекунад, на ин, ки хоин мехонад. Ин хоинон дур аз Ватан истода лофи ватандӯстиву қаҳрамонӣ мезананд.

Қаҳрамон, онеро мешуморанд, ки барои Ватану меҳан, миллат ва халқи худ камари ҳиммат баста, хизмат мекунад ва ба халқу миллати худ содиқ мемонад, на ба монанди роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бозичаи дасти дигарон шуда, аз берун лофи ғамхорӣ ба халқи худ мезанад.

Пайравони ТТЭ ҲНИ ҳақ надоранд, ки дар бораи Ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ сухан ронда, онро таҷлил кунанд. Мардуми тоҷик аз хотир намебарорад, ки наҳзатиҳои палид дар охири асри гузашта Тоҷикистонро ба вартаи ҷанг ва бӯҳрони иқтисодӣ гирифтор карда буда, хуни ҳазорон бегуноҳро рехтанд.

Хушбахтона, имрӯз Ватани азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ ба яке аз давлатҳои зебову бошукӯҳ табдил ёфтааст. Ин ҳолат ба Кабирӣ ва пайравонаш маъқул нест, бинобар ин боз баҳри фитнаангезӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ суханҳои туҳматангезро  паҳн мекунанд, ки ҳамаи ин аз амалҳои номардонаи М. Кабирӣ шаҳодат медиҳад.

Кабирӣ ва ҳамроҳонаш хизматгори киссагии хоҷагони хориҷӣ буда, мақсаду ғарази худро бо ҳар баҳона рӯи кор меорад.

Хоинони миллати тоҷик бояд бидонанд, ки мардуми меҳнатқарини тоҷик саҳифаҳои талхи рӯзҳои ҷанги шаҳрвандиро ҳеҷвақт аз хотир фаромӯш намекунанд.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мо дигар ҳаргиз намегузорем, ки газанде аз ҷониби ягон нафар ба халқу миллати мо расад ва ин халқу миллатро бо Истиқлолияташ ҳамеша чун гавҳараки чашм нигоҳ медорем.

Пирумшо Саодатқамов, нафақахур, сокини н.Шуғнон

Search