Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар

Дигаргун гардидани вазъи ҷаҳони бисёр ҳам тағйирёбанда ҳар як инсони ватан дӯсте, ки миллату Ватани худро дар баҳои ҷони худ дӯст медорад ва арзиш медиҳад ба таври ҳатмӣ ва ё иҷборӣ ҳам бошад водор ба андеша намудан ва ҷустуҷӯй тадбирҳои ақлонӣ менамояд.

Дар ин росто бояд ҳар як сокини кишвар дар омодабоши ҳамешаги бошад ва лаҳзае ҳам ғафлат накунад. Хосатан дар ин замоне ки аз ҳар тараф хайрнохоҳони миллату Ватану Тоҷикистон азизи мо мехоҳанд хоки муқаддаси кишвари моро ғасб намоянд ва ё аҳолии мамлакати моро ба ҳалокат ва ё ба асорат гиранд,аммо он бадхоҳон бидонанд,ки яқинан ин афкори шуми худро ба зери хоки сиёҳ ба қабристони худ хоҳанд бурд.

Кишваре, ки Шераку Темурмаликҳоро аз аз хоки покаш барои намунаи дӯстдории Ватану миллату хонадони ҳар як нафар ба арсаи Ҷаҳон ба дунё тӯҳфа намудааст,ҳанӯз ҳам ҳазорон шеракҳову темурмаликҳою шириншоҳову нусратуллоҳову восеъҳо дар даохилу хориҷи худ дорад,ки ҳар лаҳза омода ҳастанд,ки барои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Тоҷикистон ҳатто ҷони азизи худро нисор  намоянд.

 Ҷони ман бод фидои Ту аё ай Ватанам,

Туӣ беҳтар ба ман аз ҳастиву аз ҷону танам.

Ту аё ганҷи худододаи Яздони бузург,

 Баҳри ҳифзат бидиҳам охири хуни баданам.

Ҷони ман чист? Ҳазор бор фидои Ту шавад!

Тоҷикистон то бувад исми Ту андар даҳанам!

Ман ҳамин хоки Ту бар ҳач ҷаҳоне надиҳам,

З-он, ки чун Модари худ ҳубби Ту ҳаст дар баданам.

Дар бари Ту ба ҷаҳон омадааст Саъдоншоҳ,

Ҷои рӯҳ арши Ту бод,хоки Ту атри кафанам!

 Аз ин лиҳоз бо муракаб гардидани баъзе ҳолатҳо дар сарҳадоти давлатӣ чунончӣ дар боло қайд намудем муттаҳидии тамоми миллат,тамоми тоҷикистониён дар даохилу  хориҷи кишварамон ба таври ҳатмӣ мебошад.

Чораҳои дигаре ба монанди пурра намудани ҳайати низомӣ аз ҳисоби Қӯшунҳои Марзбони КДАМ-и ҶТ, Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, гурӯҳҳои худихтиёри ҷавонони баору номуси ватандӯст дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ва пурзӯр намудани хатти сарҳади дар ҷануби мамлакат бо ҶИА бо ҳамкории ҳампаймонони стратегӣ ба монанди Федератсияи Россия ва Созмони Аҳдномаи  Амнияти Дастаҷамъи (СААД-ОДКБ) то ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъд аз он ҳам  ба таври ҳатмӣ ба назар гирифта шавад.

Ҳамзамон бо ҷалби фарзандони баору номуси ватандӯсти тоҷикистонӣ аз саросари ҷаҳон барои тақвияти фонди мудофиявии мамлакат бунёди кумакрасон  барои бартараф намудани хатарҳои эҳтимолӣ ба назар гирифта шавад ва дар ин кор ба таври мудаввом аз тарафи тамоми табақаҳои ҷомеа зери назорат гирифта шавад.

Бақои ҳар нафар ва ояндагони миллати мо тавъами бақои ҳар як ваҷаби хоки муқаддаси Тоҷикистони азиз ва ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз мисраъе аз шоири ҷонфидои миллату Ватани азизи мо Ҳабиб Юсуфӣ “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар” бояд шиори имрӯзу фардои ҳар яки мо бояд бошад.

                                       Саъдоншоҳи Улфатӣ, сармуҳаррири рӯзномаи “Зиндагӣ”-и нашрияи МИҲД-и ноҳияи Ишкошим, Узви Конфедератсияи Иттифоқҳои Баиналмилалии Журналистӣ.

Search