Филми нави Кабирӣ Санта-Барбара

 Имрӯз ба пусти Кабириҳо кайк даромад. Акнун онҳо дигар ором надоранд. Пайваста дар талоши онанд.ки симои худро чун ҳомии миллат нишон диҳанд ва бо ин роҳ собит намоянд.ки бо мардуми хешанд. Ҷонибдоронаш низ онро ҳамеша думболагиранд ва намегузоранд ,ки ҳарфи ин сощии худфиреб дур монад. Аммо мардум худ огоҳанд, ки хиёнати эшон набахшиданист.

Зеро маълум аст,ки пас аз намоиши филми «Хиёнат » дар пӯсти ҷонибдорони Кабирӣ кайк даромад. Акнун онҳо бо ҳар роҳ мехоҳанд худро каме ҳам бошад дар байни мардум  сафед намуда, худро хизматгори халк нишон диҳанд. Онҳо чунин назар доранд, ки истикрори сулҳ ва ризояти миллӣ танҳо хизмати эшон аст.

Аз ин лиҳоз, хок бар рӯи Президенти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон мепошанд. Ба гуфтаи онҳо дар ин роҳ танҳо хизмати Саид Абдуллои Нурӣ бояд дида шавад.  Ин худобехабарон ҳанӯз гумон доранд, ки мардум чеҳраи аслии онҳоро намешиносад. Ба гумони онҳо, ҳастанд гурӯҳе, ки онҳоро ҷонибдор аст. Чи хатои бузурге онҳоро ҳамеша ва дар ҳама ҷо думболагир аст. Сухани дурӯцин, тӯҳмату буҳтон, шарики ҳамешагии онҳост. Вале бо ин аробаи шикаста то куҷо меравӣ бародари носипос.

Онҳо ҳамеша баҳона ва камбудии ночизро калон карда ба мардум нишон медиҳанд,ки аз ин беъманигии худ заррае ҳам парво надоранд. Масалан, хабарнигори радиои озоди Шаҳлои Гулхоҷа ҳамеша аз пашша фил месозад . Барои ӯ сухани ҳак арзише надорад. Аз андак хабари носаҳеҳ моҷарои калоне месозад.ки дар он андаке ҳам ҳакикат нест.

Мирзои Салимпур бошад ҳарзагӯиҳои шабакаҳои иҷтимоиро дучанд карда нишон медиҳад ва ҳама айби андакро ба гардани Ҳукумат меандозад. Масалан, агар чанд сар молро дар чарогоҳ сармо зада бошад, ҳукумати ноҳияро гунаҳгор мешуморад,ки чаро ҳукумат ба доди мардум намерасад.Чунин сафсатабозиҳои Радиои озодӣ беохир аст.

Ба миллати тоҷик маълум аст ,ки Эмомали Раҳмон дар чи рӯзҳои даҳшатборе роҳбарии миллатро ба даст гирифт. Дар он вакт назҳатиён танҳо  барои ба максади бади худ расидан байни мардум амалҳои носавобро ба ҷо меоварданд. Думболи хоҷагон фазои моро олуда месохтанд. Дубора ватанро ба коми ҷанг мекашиданд. Вале боло рафтани шуури сиёсии аҳолӣ дигар ба онҳо имкон надод, ки сияҳкориҳои худро идома диҳанд. Кабириву саркадагонаш як бор мардумро ба чоҳи факириву нодорӣ  афканданд, ки танҳо бо ҷонбозиҳои Эмомалӣ Раҳмон мо аз он чоҳ раҳо ёфтем.

Кардаҳои сиёҳи онҳо дар саҳифаҳои шаҳкитоби миллат абадан сабт аст.

Бунёдкорӣ, азнавсозӣ, ва роҳи рушди миллӣ барои онҳо бегона аст. Онҳо ҳеҷ як пешравии моро намебинанд ва дидан намехоҳанд.

Акнун, ки ҳама асорашон фош шуд, мехоҳанд худро дар назди миллат сафед созанд, Аз ин лиҳоз, филми нави дуррӯгинеро баровардаанд,ки ба филми Санта Барбара монанд аст . Ин филм кирдори аҳримании ин умдаро бори дигар рӯшан менамояд. Халк ба Шумо бовари надорад.

Ҳой Кабирии душмани миллат, бас аст. Бимон миллате, ки имруз дар ободиву озодӣ салтанат дорад, осуда монад. Филми ту ба ҷуз бадбахтие ба мардум чизе нахоҳад дод.

Миллат ба фарзанди хоини худ эътимод надорад.

Санта - Барбараи ту низ барояш нолозим аст.

Маъруфҷон Ҳомидов, узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ

Search