Кабирӣ бори дигар душмании худро собит намуд

  Ҳаводиси дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дода, бори дигар ватандорӣ, садоқат ва муттаҳидии миллати тоҷикро намоиш дод. Ин  қазия  оламиёнро ҳушдор намуд,ки миллати тоҷик дар лаҳзаҳои мушкилтарин низ омодаи ҳимояи марзу буми хеш аст ва ҳанӯз Рустамону Исфандиёрони диловари тоҷик зиндаанд. Ҳазорон –ҳазор ба по хеста дар ин рӯз ғурурии миллии худро нишон доданд.Пиру барно таҳти шиори ”Тоҷикистон  ба пеш!”- ҳама як тан шуда, ба Ворух рафтанро тақозо намуданд.

 Дар ҳоле, ки тамоми сангу хори ватан даъвои ватандорӣ дошт,Кабирӣ ба муқобили ватан овоз баланд намуда, миллату давлати худро барои ин амалиёти  муҳофизатӣ мутаҳам намуд. Ин шатоҳи беимон қирғизҳоро ҳақ бароварда,митллати худро,ки марзу буми худро ҳимоя намуд, имрӯз сиёҳ мекунад.

Куҷост номус,ғурур,шараф ва имони ин ватандори беватан?

Ӯ бори дигар бо ин кирдори ношоистааш душмании худро эълон намуд. Акнун вақти он расидааст.ки чунин афродро ҳамчун хоини миллат ба ҳисоб бурда, номашро аз дафтари миллат раҳо намоем.

Ба сахти агар нест туро дастгир,

Ту бегона хонаш ,дасташ магир.

Ба қавму ба миллат хиёнат барӣ,

 Ту дар ҳар ду олам хиёнатгарӣ.

Кабирӣ бояд огоҳ бошад,ки ватандорӣ кори осон нест.Ватандорӣ танҳо ва танҳо хоси мардон аст. Мардони шарафманду ватандор,мардони ба ору номус. Мардоне,ки шарафи ватану миллатро аз ҳама болову муқаддас мешуморанд.

Шояд Кабирӣ  аз ҳама ин орӣ бошад.

Ё таҳти фишори хоҷаҳо ҳатто ватану миллати худро  фаромӯш кардааст.

Агар чунин бошад, вой бар ҳоли беватан будан!

Ватан як пораест аз пораи ҷон,

Ватандори бувад чун нури имон.

Ватандорӣ набошад кори ҳар хас,

Ватандорӣ бувад ин кори мардон.

Шаҳриёр

Search