Ҷонбозиҳои Кабирӣ дар баҳри сафсатабозӣ

Мақом ва манзалати ин сафсатабоз, ҳанӯз  аз рӯзҳои нахусти хизматаш дар дарбори хоҷаҳо маълум гардид, ки ин сиёсатбози беватан дар роҳи наҷоти худ ва раҳои ёфтан аз чоҳи афтодааш,ба ҳама кор даст мезанад.Номус,шараф ва ҳисси миллӣ доштан барояш бегона аст. Агар инсон аз ин ду мӯҷизаи худодод орӣ бошад, пас аз ӯ чи умедест?

Аввалан, Кабирӣ дар  рӯзҳои нахуст ба сияҳкорӣ ва дасисабозӣ бар зиддӣ миллати тоҷик, ки худро ҳомии он мешуморад, оғози фаъолият намуда, пайваста мекӯшад,к и авзои миллиро муташаниҷ намуда, оромӣ ва сулҳу ваҳдатро барҳам занад. Дувум, ӯ хидматгузори дарбори хоҷаҳоест, ки фазои амалиёти ӯро назорат ва таъмингаранд.

Билохира, дар рӯзгорони сахти муноқишаҳои сарҳадӣ бо давлати Қирғизистон худ собит намуд, ки душмани миллати тоҷик аст. Чандин бор баромад карда,  тоҷиконро дар ин қазия гунаҳкор ҳисобид. Рӯирост қирғизҳоро ҳақ баровард. Ин хиёнатест рӯирост ба миллат, ба Ватан, ба забон ва ҳамзабонони худ.

Ба сахтӣ агар нест туро дастгир,

Ту бегона хонаш, дасташ магир.

Баромадаш дар шабакаи иҷтимоӣ ба муқобили сарвари давлат бори дигар собит месозад, ки ин марди бешараф андешаи гуфтор надорад. Ба миллат муроҷиат карда, худро боз ҳомӣ ва пуштибони он мешуморад. Бо кадом рӯй Кабирӣ даъвои дифоъ аз Ватану миллат дорад, дар ҳоле, ки дар  рӯзи сахтӣ ҳатто як ҳарфи неку ватанпарварона аз даҳонаш набаромада, бегонагонро пуштибонӣ кард.

Лоф аз накӯӣ ва некӣ дар ҳақи миллат мезанад.

Бародар!

Сад бор бадӣ кардиву шарми ту наомад,

Некӣ чи бадӣ дошт ,ки як бор накардӣ.

Дар баромадаш Сарвари давлатро ба дурӯғ гуфтан мутаҳам мекунад.

Магар Сарвари миллат набуд, ки парчами миллатро аз байни хоку хун бардошта, миллатро аз шоми тира ба субҳи умед расонд?

Ту намебинӣ, ки мо аз куҷо ба куҷо расидем. Магар ин ҳам дурӯғ аст.

Чи густхии беадабона дорад, ин бегонаи миллат

Бубинед ватандорони баномус чи менигоранд:

Эътимод ва боварии байниякдигарӣ бузургтарин неруи созандаи иҷтимоию иқтисодист. Агар мо тоҷикони Россия муттаҳид шавем метавонем на танҳо аз ӯҳдаи беҳтар кардани шароити зисту зиндагии худ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, анҷом додани кӯмакҳои зиёде барои хешу табор, ватанамон Тоҷикистон бароем, балки обрӯи тоҷикони ҷаҳонро баланд бардорем ва ифтихори тамоми миллати тоҷик гардем.

Дар охир ман ба ҳар яки Шумо бо суханҳои Ҳофизи бузург муроҷиат мекунам:

Камтар аз зарра наӣ, паст машав, меҳр биварз,

То ба хилватгаҳи хуршед расӣ чархзанон.

Ҳоким Муҳаббатов, сиёсатшинос, сокини давлати Росия

Search