Терроризми ҳизбӣ

Яке аз бузургтарин таҳдидҳои замони муосир, терроризми сиёсӣ мебошад, ки дар шакли технологияи сиёсӣ ва гуруҳҳои террористӣ имрўз дар давлатҳои шарқ зери ниқоби дин пинҳон шуда, амалиётҳои ғоратгарӣ ва ҷиноятҳои зиддиинсониро содир мекунанд. Ин гуруҳҳои террористӣ худро ҳамчун ҳизб ва ҳаракати сиёсӣ муаррифӣ намуда, барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид эҷод менамоянд. Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усул ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст“. Баъзе аз ҷавонон ба тағриб ва фиреби ин қувваҳои сиёҳкор, ки худро ҳамчун „муборизони роҳи дин“ муаррифӣ мекунанд, бовар карда, ба ин ҷинояткорон мепайванданд. Қисме аз чунин ҷинояткорон дар зери ниқоби «гурезаи сиёсӣ» дар давлатҳои Аврупо пинҳон шуда, аз он ҷо барои ноором кардани авзои Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Миёна нақша мекашанд ва хатарҳои террористӣ эҷод мекунанд.

Вобаста ба вокунишҳои аъзоёни ҲНИТ дар расонаҳои интернетӣ якчанд нуқтаро бояд зикр намуд. Давлати мо таҷрибаи солҳои 90-умро аз сар гузаронид, даврае, ки ҲНИТ қонунӣ амал мекард ва дар баробари дигар ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият дошт. Аммо таҷриба нишон дид, ки фаъолияти ин хизб  на танҳо аз манфиати мардум, балки аз манфиати ҳомиёни хориҷии онҳо сарчашма мегирад. Мо дар самти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ягон маҳдудият ба ҷуз маҳдуд кардани ҳаракатҳои зиддиконститутсионӣ, иғвоандозӣ ва кушишҳои ноором сохтани вазъияти давлатро намебинем. Давлати Тоҷикистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои трансмиллӣ бо тамоми давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад.

Таҳлилҳои фаъолияти  ташкилоту ҳизбҳои динӣ  нишон медиҳанд, ки амали онҳо ба манфиати ҳомиёни хориҷии онҳо равона шудааст ва мақсади ниҳоии ин сиёсатҳоро сохтмони давлати динӣ бо табдили он ба пойгоҳи терроризм ташкил медиҳад. Дар фильми «Хиёнат» бори нахуст ба таври ошкоро ахбороти махфӣ оиди фаъолияти роҳбари гуруҳҳои террористӣ, ки дар зери номи ҳизби сиёсӣ пинҳон буданд, нишон дода мешавад.

Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон тамоми шароит барои иҷрои расму русуми диндорӣ муҳайё шудааст ва дин аз сийсати давлат ҷудо эълон шудааст. Дунявият ҳамчун яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ муқобили дин нест, тавре ки душманони сохти конститутсионӣ аз рӯйи ғараз ва ниятҳои ҳукуматхоҳӣ талқин мекунанд. Ва асли дунявиятро ҳам барои миллати тамаддунофари тоҷик назария ва амалияи сиёсии кишварҳои Ғарб, мисли падидаи нав, таҳмилгардида шуморидан, аз рӯйи адолати илмӣ буда наметавонад. Воқеаҳои солҳои навадуми асри гузаштаи Тоҷикистон ва рӯйдодҳои хунини таърихи навтарин – кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби ҳизби террористии наҳзати ислом исбот намуданд, ки  амалҳои террористии ҳаракати ба ном ҳизб дар асл ҳаракати сифр террористӣ мемонад.

Бо истифода аз заъф қувваҳои зиддитоҷикӣ, зиддимиллӣ, зиддидавлатӣ аз хориҷи мамлакат бо шиорҳои теократӣ, динӣ, ифротӣ вориди ҷомеаи Тоҷикистон шуда, ҳар сари чанд вақт «манзилро хатарнок», «мақсадро баид», «дилҳоро ғамдида», «сарҳоро шӯрида», гулистонро табдил ба «кулбаи эҳзон», ҷомеаро гирифтори «бозиҳои пинҳон» мекунанд.

Search