Исломи сиёсӣ монеаи асосии пешрафти мусулмонон

Мақсади асосии ташкил кардани ҳизбҳои ба ном исломӣ,дар давлатҳои аксарият мусулмоннишин ин  мубориза барои ба даст овардани қудрат, манбаҳои ашёи хом, мавқеи хуби геополитикӣ мебошад. Аммо бо камоли таассуф бояд гуфт,ки ташкил кардани ҳизбҳои ба ном исломӣ омил, ё заминаи дигари  ин нооромиву кашмакашиҳо  ихтилофи динӣ мебошад. Ба монанди замони мо дар таърихи башар ҳеҷ гоҳ мисли имрӯз  ихтилофи мардум дар заминаи дин ба ин дараҷа пуршиддату доманадор набудааст. Ин гуруҳ, ки идеяашон фундаметализм, ваҳҳобизм ва ё ҷиҳодизм ном дорад,  аслан решааш қадимтар аст. Ибни Таймия (а. 13), Шоҳ Валиуллоҳ (а.16), М Ибни Абдулваҳҳоб, Саид Қутб (а.19),  Ҳасан ибни Банно(а.20) ин ақидаҳоро тарғиб мекарданд. Аммо, асосан эҳёгар, ё зиндакунандаи ин идея СРУ и ИМА ва ИСИ и Покистон мебошанд. СРУ буд, ки аз соли 1982 то соли 1992 ҷангандаҳои мусулмонро, ки худро муҷоҳид меномиданд, ташкилу мусаллаҳ ва ба муқобили Артиши Шуравӣ равона карда буд. Бо кумаки молии Арабистони Саудӣ муҷоҳидин ба Покистон фиристода шуданд ва дар онҷо бо дастгирии режими фундаменталии Зиё-ул-ҳақ дарсҳои террористӣ  ва сабақҳои идеологиву сиёсии  радикализми Шоҳ Валиуллоҳро гирифтанд. Ҳамаи ҳамин корҳо  зери назари шефи он вақтаи СРУ Виллиям Кэсей суръат мегирифт.

Дар баробари муҷоҳиддин як гуруҳи дигаре аз ҳисоби донишҷӯёни мактабҳои динии Покистон ташкил шуда буд,ки номаш Толибон буд. Толибонро асосан паштунҳои аз ҳама консерватортарину камбағалтарин манотиқи Афғонистону Покистон(Вазиристону минтақаи қабоил ва ғ.) ташкил медоданд. ИМА  барои пуштибонии муҷоҳидин ва толибон ҳатто аъзои хонадони салтанатии Арабистони Саудиро ташвиқ мекарданд. Яке аз онҳо Усома бини Ладан, поягузори созмони терреористии “Алқоида” буд.

Давлатҳое,ки ба ном исломӣ барои пешрафти ҳаёти илмиву маънавии мусулмонон дар тулли давлатдориҳои худ ягон кори шоёнеро ба анҷом нарасондаанд Барои мисол дар соли 2005 танҳо Донишгоҳи Гарвардия (Ҳарвард) аз 17 кишвари арабизабон дида бештар рисолаи илмӣ тавлид намуда аст. Ҳаҷми кори илмӣ дар ин кишварҳо13444 дона мебошад. Дар сурате, ки донишгоҳи Гарвардия ба танҳои дар ин сол 15455 мақолаи илмӣ арза намуда аст.  Мувофиқи ҳамин баровардҳо[1] дар соли 2015 саҳми 46 кишвари мусулмон аз тавлиди мақолоти илмӣ дар ҷаҳон, 1/17 дар сад мебошад. Дар сурате, ки саҳми Ҳинд ба танҳоӣ 1/66 дарсад ва саҳми Испониё 1/48 дарсад мебошад. Чун саҳми Ҳинд ба танҳои аз 46 кишвари мусулмон бештар аст,ҳамасола рушди рӯзафзун дорад. Дар сурате, ки ҳудудан бештар аз нимқарн пеш Ҳиндустон ва Покистон як кишвар буданд ва шароиту сарнавишти яксон ва мушобеҳ ба ҳам доштанд. Ҳаминак дар фосилаи на чандон зиёди таърихӣ кишвари Ҳиндустон дар ҷаҳон аз рӯи тавлидоти нохолиси дохилӣ мувофиқи омори соли 2016 ҷои 7-ум ва давлати Покистон ҷойи 41-умро мегиранд.

Аз ҷаҳони Ислом, ки 1 миллиарду 600 миллион аҳолӣ дорад, ҳамагӣ 2 барандаи ҷоизаи Нобел дар химия ва физика вуҷуд дораду халос. Он ду низ ба Ғарб кӯчиданд. Барои муқоиса, яҳудиён, ки сад баробар аз мусулмонон камтаранд, 79 ҷоизаи Нобел бурдаанд. Мувофиқи иттиллои ҳамин манбаъ 57 кишвари узви Созмони Конфаронси Исломӣ ҳамагӣ бахши ночизи тавлидоти нохолиси миллии худ ё 0.81 дарсади онро ба илм сарф менамоянд. Ин дар ҳоле, ки харҷи Амрико барои илм 2,9 ва Исроил 4,4 дарсади тавлидоти нохолиси миллияшон мебошад. Шояд ин яке аз иллатҳое бошад, ки Исроил дар чанд даҳаи давлатдориаш тавонист дар ҳамон шароите, ки кишварҳои мусулмони ҳамсояааш ба сар мебаранд, давлатеро ба намоиш гузорад, ки ҳамқадами давлатҳои абарқудрати ҷаҳон аст ва дар тӯли ҷанги 6 рӯза  ҳама давлатҳои ҳамсояи мусулмони гирду атрофашро аз по дар биёварад ва қисмате аз қаламрави онҳоро ҷузъи қаламрави худаш намуд.

Дар бархе аз донишгоҳҳои ҷаҳони Ислом,(такрор мекунам донишгоҳҳо) зоҳиран, намозро аз ҳама гуна илмҳо болотар мегузоранд. Барои намуна, Донишгоҳи Қоиди Аъзами Исломобод, ки се масҷид дорад, аммо фурӯшгоҳи китоб надорад.

Рушду равнақи ҳар кишвар аз теъдоди мутахассисони соҳа вобаст аст. Зимни муқоисаи миқдорӣ дар ҷаҳон аз 1000 нафар инсон 40/7 мутахассис мебошанд. Аз ҷумла дар кишварҳои узви созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тавсиа аз 1000 нафар 139/3 нафар ва дар кишварҳои узви созмони ҳамкории исломӣ (конфронси исломӣ) бошад  аз 1000 нафар танҳо 7/7 нафар мутахассис мебошанд.[2].Агар ба ҷомеаи мусулмоннишини давлатҳои ба ном исломӣ назар андозем мебинем,ки бесаводии аҳолӣ ва дастрасӣ надоштан ба соҳаи маориф рӯз аз рӯз афзӯнтар  гардидаст.

Ҳамакнун аҳолии давлати ба ном маркази исломияти дунё Арабистони Саудӣ мувофиқи нишондододи Барномаи маорифи СММ 60% таҳсилро кори дуввум дараҷаина ҳисоб намудаанд.80% мардуми Афғонистони ба номи исломӣ бесавод буда,аҳолии Покистон 31% ба маориф дастрасӣ надоранд.

Агар дар як давлат соҳаи маорифи он кишвар ба маориф дастрасӣ надошта бошад,яқинан мушкилоти даҳсолаи ояндаи он кишвар бештар аз 50% ташкил хоҳад дод,агар ин нишондодҳо аз он фоизҳо болотар бошад гуфтан метавон,ки вой бар ҳоли ояндаи  чунин  кишварҳо хоҳад буд.

Аз ин руй чун рӯзи равшан маълум аст,ки исломи сиёсӣ ба пешрафти ҳаёти моддиву маънавии мусулмонон латма ворид менамояд ва он қобили пазироиши ҷомеаҳои нав ба истиқлолият расид аба монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад.

Саъдоншоҳ Улфатзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Зиндагӣ”, узви Конфедератсияи байналмилалии иттиҳодияҳои журналистӣ

 

Search