М. Садриддин ба мақсади нопокаш ҳеҷ гоҳ нахоҳад расид

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар замони душвор Истиқолияти давлатиро ба даст овардааст. Аз ин рӯ, мо ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорем, ки барои ба даст овардани Истиқлолият ҳазорҳо нафар ҷавонмардони ин сарзамин ҷони худро фидо кардаанд.

Набояд фаромӯш созем, ки Истиқлолияти давлатӣ-ин яке аз дастовардҳо арзиши оли доштаи халқу миллати мо ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо Муҳаммадиқболи Садриддин бо як гурӯҳ хоинони миллат бо афкори хусуматноки худ дар сомонаҳои иҷтимоӣ баромадҳои пучу бемазмун намуда, мехоҳанд, ки сулҳу салоҳи миллатро аз байн баранд.Муҳаммадиқболи Садриддин низ мисли раиси ТЭТ «ҲНИ» Муҳиддин Кабирӣ бозичаҳои дасти дигарон шуда, боз бо андешаи хоинонааш мехоҳад, ки мардумро фиреб ва фирефтаи худ гардонад, вале дигар наметавонад. Чунки имрӯз ҳар як фарди тоҷик кӣ будани хоинони миллат, аз қабили Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин бохабар буда, арзиши қиммати Истиқлолиятро дарк намуда, қаҳрамону фидоии миллати худро хуб медонанд.

Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргуна хабарҳо аз тарафи хоинони миллат ба омма ба нашр расонида мешавад, ки  ин маҳз як фитнаангезӣ мебошаду халос. Зеро ҳар он шахсе, ки барои халқу миллати худ хизмат кард, онро ҳама қадр мекунад, на ин, ки хоин мехонад. Ин хоинон дур аз Ватан истода лофи ватандӯстиву қаҳрамонӣ мезананд.

Халқи меҳнатқарини тоҷик қаҳрамон он касеро мешуморад, ки барои Ватану меҳан, миллат ва халқи худ камари ҳиммат баста, хизмат мекунад ва ба халқу миллати худ содиқ мемонад, на ба монанди Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин  бозичаи дасти дигарон шуда, аз берун лофи ғамхорӣ ба шаҳрвандони худ мезанад.

Дар ин ҷо мехоҳам як нуқтаро қайд намоям, ки пайравони ТТЭ «ҲНИ» умуман ҳақ надоранд, ки дар бораи Ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ сухан ронда, онро таҷлил кунанд. Мардуми тоҷик аз хотир намебарорад, ки наҳзатиҳои палид дар охири асри гузашта Тоҷикистонро ба вартаи ҷанг ва бӯҳрони иқтисодӣ гирифтор карда буда, хуни ҳазорон бегуноҳро рехтанд. Ҳазорон нафарро хонумонсуз карда, дар мулки ғарибӣ сабабгори пайдо шудани қабристони тоҷикон гардида буданд.

Хушбахтона, имрӯз Ватани азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ ба яке аз давлатҳои зебову бошукӯҳ табдил ёфтааст. Ин ҳолат ба Муҳаммадиқболу ҳамсафонаш маъқул нест, бинобар ин боз баҳри фитнаангезӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ суханҳои туҳматангезро паҳн мекунанд, ки ҳамаи ин аз амалҳои номардонаи М.Садриддин шаҳодат медиҳад.

Дар охир гуфтаниям, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ба мақсади нопоки худ ҳеҷ гоҳ нахоҳад расид ва ин халқу миллат Истиқлолияташро ҳамеша чун гавҳараки чашм нигоҳ медорад.

Пирумшо Саодатқамов

 нафақахур, сокини н. Шуғнон

Search