Террористон дину Ватан надоранд

Расонаҳои ҷаҳонӣ аз он ҷумла телевизиони “Нур”-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  хабареро пахш намудаанд,ки дар он дар бораи маҳв намудани гурӯҳи террористони даохилӣ ва хориҷӣ дар ҳудудди вилояти Майдон Вардаки ҶИА аз тарафи нерӯҳои амниятӣ ва давлатии Афғонистон маҳв карда шудаанд, сухан меравад.

Гуфта мешавад,ки дар баини террористон ду зодаи Тоҷикистон низ будааст,ки ҳангоми амалиёти мазкур ба ҳалокат расидаанд.Аз ин бармеояд,ки он хурофотзадагони ҷаҳолатзада ба ҷои оне,ки ҳаёти осоиштаро интихоб менамуданд ва дар ободиву созандагии Ватани аҷдодиашон саҳм мегузоштанд,худро тӯмъаи  фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи хоҷагони хориҷиашон гардонда ба ҳалокат расондаанд.

Аз ин баъд бояд зикр кард,ки террорисон ба ягон дину мазҳабу Ватан тааллуқ надоранд,зеро ҳадафи асосии онҳо аз байн бурдани зиндагонии мардуми осоишта ва харобу валангор гардондани кишварҳо,алалхусус сарзаминҳое,ки  аксарияти аҳолиашон мусулмонтаборанд мебошад.

 Гуфта мешавад, ки  гурӯҳҳои террористӣ  дини Исломро чун ниқоби корҳои зишти худ намуда, корҳоеро ба анҷом мерасонанд,ки онҳо на танҳо ба ягон дину ойн, балки ба инсониат ҳам баробар намеояд. Ҳамла намудан ба мактабу донишгоҳҳо, бемористонҳо ва ширхоргоҳҳо,қатлҳои ҳадафмандонаи зиёиёну равшанфикрон, кӯдакону пиронсолону занон аз амалҳои зишти гурӯҳи террористӣ мебошанд.

Ба  ягон дину ойн ва ё қонунҳои инсоният баробар намеояд,ки шахси бегуноҳеро муҷозот кунанд ва ё ба қатл расонанд,аммо гурӯҳҳои террористӣ аз номи дини мубини Ислом мусулмонони Афғонистону Ироқу Сурияро мавриди ҳамла қарор дода ба ҳалокат мерасонанд ва молу пули онҳоро дуздида ба яғмо мебаранд,ки ин рафтори онҳо ҳам аз тарафи пайравони  дини мубини Ислом ва ҳам аз тарафи адёни дигар ва ҳам аз назари қонунгузориҳои байналмилалӣ маҳкум гардидааст.

Расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ мегуянд,ки дар ҷои амалиёт аз террористон ба миқдори зиёда аз 16 тонна маводҳои тарканда,ҳамчунин минаҳои магнитӣ ва дигар силоҳу муҳимот кашф ва мусодира гардидааст,ки террористон метавонистанд,ки бо ин миқдор маводҳои тарканда  миллионҳо шаҳрвандони Афғонистон ва кишварҳои дигарро ба ҳалокат расонанд ва биноҳҳои муҳимии иҷтимоиеро ба монанди  бемористонҳо ва мактабу донишгоҳҳоро аз баин бурда харобу валангор намоянд.

 Ёдовар мешавем,ки соли гузашта ва ду моҳи соли равон пурмашақаттарин ва хунбортарин сол дар ҳаёти мардуми Афғонистон ва хусусан сокинони маркази он шаҳри Кобул будааст,ки ҳар рӯз қариб даҳо шаҳрвандони ин кишвар дар натиҷаи ҳамлаҳои террористон ҷони худро аз даст медиҳанд.Дар ин миён ҳамлаҳо ба Донишгоҳи Кобул,ҳамла ба кормандони вазорати молияи Афғонистон ва аз байн бурдани рӯзноманигорон,судяҳо,хизматчиёни ҳарбӣ бузургтарин ҳамлаҳои гурӯҳҳои террористӣ дар давоми чанд соли охир шуморида мешавад.

Тоҷикистон,ки марзи тулонитар аз ҳамаи давлатҳои Осиёи Миёна бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дорад бояд,ки дар садди роҳи бастани терроризми баиналмилалӣ ба мисли солҳои пешин бошад ва ташаббускориҳои зиёдтарро ба анҷом расонад то ин,ки қадами шуми ягон нафаре аз аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ ба хоки муқаддаси мо ворид нагардад ва фазои орому осоиштаи Ватани азизи моро ноором насозад.

Саъдоншои Улфатшо

Search