БЕШАРАФӢ БАР ХИСЛАТУ БАР КИРДОРИ ТУ ЗЕБАНДА

(Оид ба бешарафии М. Садриддин)

Дар замони муосир, мутаассифона, амалиётҳои террористию экстремистӣ чун вабо ба  тамоми гӯшаю канори  дунё паҳн гаштааст ва кулли сокинони сайёраро дар таҳлука андохтааст. Дар баробари кишварҳои абарқудрати ҷаҳон мамлакати мо низ чун ҷузви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо ин вабои аср гомҳои мустаҳкам ниҳода истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешгирии таҳдидҳои замони муосир аз қабили терроризм ва экстремизм зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

Мутасифона дар ҷаҳони имрӯзаи башарият нафароне ёфт мешаванд, ки тақвияти ин гуфтаҳои болоиро сармашқи кори ҳаррузаи худ намуда доимо дар пайи нооромию ғавғоанези машғул мебошанд.  Бархе аз ҳамватанони мо аз ҷумлаи М. Садириддин ва дигар ҳаммаслакони ӯ домо дар ҷустуҷуӣ роҳои барои иғвоангезӣ буда, мехоҳад  амалҳои даҳшатангези террористии дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Покистон, Афғонистон, Лубнон ва ҳатто кишварҳои абарқудрати Аврупо Фаронса, Белгия, Украина ва инчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба вуқуомадаро  дар Тоҷикистони азизамон амалӣ намоянд. Ин нохалаф манфиатҳои миллии ҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро нодида гирифта, ба аъмоли ношоям доимо  даст мезанад. Агар ба шахсияти ӯ назар афканем, маълум мегардад, ки ӯ як шахси нотавонбин ва хиёнаткори замони худ буда, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки хоҷагони хориҷиаш кӯшиш карда истодааст.

Search