Бадхохи касон хеч ба максад нарасанд…

Қариб 30 соласт, ки бадхоҳону бадандешони зиёде талош бар он доранд, ки дар кишвари сулҳпаравару адолатхоҳ ва дорои осмони пур аз фазои Ваҳдат, фитнаи тираи кибру ғурур ва ноадолативу разолат, ки дар тинати сиёҳи онҳо ҳукмфармо буда, наметавонанд аз ин касалии табобатнашаванда халосӣ ёбанд, дар вуҷуди худ раҳму шафқат ва муҳаббату садоқатро нисбати Ватани азиз, ки хуни нофашон дар он рехтааст, кошта шавад. Ҳарчанд аз кишварҳои дур пофишорӣ намуда, хостори тирагии кишваре чун Тоҷикистонанд, ҳаргиз мақсаду мароми онҳо ҷомаи амал намепўшад. Зеро ҳар нияте ки бунёдаш бад аст ва нияти ғаразноке дар дилаш мепарварад, ба ҳадаф расидани он амрест маҳол.

 Маълум аст, ки дар охирҳои асри 20 ва оғози асри 21 падидаи наве бо номи гурўҳи ифротӣ, ё худ тероризм, ки идеоологияи номатлуби замон аст, падидор гашт ва дар ҷавори худ шахсиятҳои пастфитрат ва ноогоҳ аз ҳақиқатро ҷалб намуда, мардумро дар доми тарсу ҳарос қарор доштааст. Ин боди номатлуби асри навин шахсиятҳое аз ҷиҳати рўҳӣ носолимро ба доми худ кашидааст ва баҳри нооромию бесуботи кишварҳо онҳоро ҳамчун воситаи барангезандаи чунин нооромиҳо омода сохтанд, бархе аз онҳо зодагони Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва саркардагони онҳо маҳсуб меёбанд, ки мехоҳанд дар кишвари мо низ иғвову ошўбро барпо намуда, мардум даргири чунин дасисабозиҳои ин намоди ифротӣ гарданд. Аз ВАО ва расонаҳои бурунмарзӣ талоши ин шахсиятҳо ва махсусан, Муҳиддин Кабирии носипос вапастфитрат то ҳол талош ба харҷ дода, хоҳони он ҳастанд, ки ин идеологияи ҳайвониро идома дода, ҷавонони ноогоҳро ба доми фиреб афкананд ва барои пули ночиз шуда, фазои орому сарозер аз пешрафтҳои нотакрори кишварро ғуборолуд кунанд. Вале фикру таҳаммул намекунанд, ки: «ҳар карда ҷазо дорад» ва ҳеч коре бемузд ва подош намемонад. Зеро аз роҳ боздоштан ва доми худ афкандани як инсон масъулияти азиме бар душ гирифтан аст. Вале сад афсус чунин шахсони мариз ва ба доми фиребафтода ҳаргиз фикр намекунанд, ки фардо ҷавоби он дар гардани онҳо аст.

  Пешрафти Тоҷикистон ва идеологияи пешгирифтаи мамлакат ниҳоят мустаҳкам ва побарҷо аст, ки ҳаргиз ягон мақсуду мароми ин ду нимматон ва нопокон ба ҳадаф расидан наметавонад ва инҳо бояд дуруст дарк намоянд, ки ин роҳи пешгирифтаи онҳо танҳо беномусиву бешарафиро барои онҳо овардаасту халос. Бо тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ мардуми соҳибфарҳанги тоҷик ба ин саркардагон танҳо дуои бад кардану нафрат хондан посухи дигаре надорад. Зеро аз дасти ин шахсони пастфитрат ва берун аз хислати одамӣ чандин модарон бефарзанд, чандин кўдакон бепадару модар ва садҳо оилаҳо хонавайрон шудаанд, ки ҷазои он танҳо дар гардани инҳо аст. Ба қавли шоири бузург:

Бадхохи касон хеч ба максад нарасанд,

 Як бад накунад, то ба худаш сад нарасад.

Search