М. Кабирӣ- сарчашмаи асосии маблағгузори терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон аст

Таърих гувоҳ аст, ки ТЭТ «ҲНИ» ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри гузашта ба таври пинҳонкорона таъсис  ёфта, он дар солҳои 90-ум ошкоро амал кард ва бадбахтиҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро маҳз ҳамин ташкилоти террористию экстремистӣ ба сари мардуми тоҷик овард.

Ин ташкилоти террористӣ аз рузҳои аввали  ташкилшавӣ ба майдони сиёсат бо мақсадҳои ғаразнок ворид гардид. Миёни аҳолӣ ҳеҷ вақт нуфуз ва ҷонибдорони худро  пайдо карда натавонист. Саркардаҳои ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ барои амали намудани нақшаҳои хоҷагони хориҷиашон ба таври ошкоро фаъолияти зиддимиллиро ба роҳ монда, бар хилофи сохти давлатдорӣ нисбат ба аҳолии осоишта ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин чун таҷовуз, одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, ифротгароӣ,  актҳои террористӣ ва таҳсил дар мактабҳои ғайрирасмии кишварҳои исломиро ба роҳ монданд. То ба имрӯз саркардагони ТЭТ «ҲНИ» бо амалҳои мудҳиши худ дар вуҷуди ҷомеаи ҷаҳони тарсу ваҳмро бедор намуда, бо ин роҳ заминае барои пиёда намудани ҳадафҳои нопокашон шароит фароҳам оварда истодаанд.

Вақтҳои охир саркардагони ин ташкилот дар шабакаҳои интернетӣ бо ҳаргуна барномаҳои эҷод намудаи хоҷаҳои хориҷиашон сухан ронда, мехоҳанд ба вазъияти орому осудаи миллати тоҷик зарба зада, мазҳабу фарҳанги бегонаро ҷорӣ намоянд. Барои аъзоёни ТЭТ «ҲНИ» манфиатҳои милливу давлати вуҷуд надорад. Тамоми амалҳои террористии содирнамудаи ТЭТ «ҲНИ» танҳо ва танҳо ношукри аз Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати кишвар буда, доимо ин ташкилот кӯшиш мекунад, ки ҳадафҳои нопоку ғаразнокашро нисбати сохти кониститутсиони амалӣ намояд. Вале, бояд роҳбари хоини он Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни қатории ташкилоти террористи экстремистии «ҲНИ» фаромӯш накунанд, ки мардуми тоҷик бар зидди ин гуна ташкилотҳо то ба охир муборизаи беамонро ба роҳ мемонанд.

Мардуми тоҷик бояд доим дар хотир дошта бошанд, ки раиси ТЭТ «ҲНИ» Муҳиддин Кабирӣ сарчашмаи асосии маблағгузори терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон аст. Маҳз барои анҷом додани  табаддулоти давлатӣ моҳи сентябри соли 2015 Кабирӣ тавассути фарзандаш ба ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода маблағи 1 млн. 200.000 доллари ИМА дода буд.

Имрӯз шукронаи Истиқлолияти давлатӣ, ки  мо мардуми тоҷик имрӯз дар фазои сулҳу суббот ва оромии ҷомеа ҳаёт ба сар мебарем. Аз ин ру ҳар яки моро зарур аст, ки  арзишҳои милливу давлатӣ ва диннии худро ҳифз намуда, онро дар байни ҷавонону наврасон густариш диҳем. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба созандагиву бунёдкори машғул шуда, фарзандони худро дар руҳияи худшиносию хештаншиносӣ тарбия карда, аз даврони соҳибистиқлолию оромии кишвар шукргузорӣ намуда, барои ривоҷу равнақи миллату давлати хеш ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии мардум саҳмгузор бошем.

Ягонагии Ватани азиз ва сулҳу ваҳдатро чун бузургтарин неъмати бебаҳо эҳтиром гузошта, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалиӣ Раҳмон дар ободкорию созандагӣ, хайрхоҳӣ саҳми худро гузорем.

П. Саодатқадамов, нафақахур,

сокини н. Шуғнон

Search