М. Садриддинро чаро «кабӯтари сафед» номгузорӣ кардаанд?

Ё худ, Муҳаммадиқболи Садриддинро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, қумандон Ғулом чаро «кабутари сафед» ном карда буд?

Банда вақте, дар расонаҳои иҷтимоӣ сабаби ин ҳолатро хостам фаҳмам маълумам гашт, ки қумандон Ғулом, ки Муҳаммадиқбол дар замони наврасиаш барои бачаи сафедпуст ва тарзи роҳгардии занона доштанаш, ба ӯ писанд омадааст ва охирин ӯро муддати тӯлони ҳамчун зан истифода бурдааст. Баъдан, «кабутари сафед» пас аз гузаштани солҳо бо миёнаравии падараш мулло Қаландар аз чанголи қумандони афғон Ғулом раҳо гардидааст.

Пас аз гузаштани солҳо «кабутари сафед» тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ба танқиди сиёсати кишвар ва роҳбарони идораву вазоратҳои давлатӣ оғоз кард. Аслан ин вазифаро дар назди ӯ саркардаҳои террористони наҳзатӣ ва хоҷаҳои хориҷиаш гузоштаанд.

Агар ба навиштаҳои хоини ватанфуруш – Муҳаммадиқболи Садриддин дуруст назар кунем, маълум мегардад, ки ӯ ин амали нангинро бар ивази чанд пули ҳароме анҷом медиҳад, ки чунин тарзи рафтор хоси хоинони Ватан аст.

Пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии «Бешараф» маълум шуд, ки падари Муҳаммадиқбол – Садриддинов Қаландар дар ҷои зисташон бо лақаби «гусолагӯй» шинохта шуда буд ва дар борааш чунин нақле ҳам буд, ки гуё дар ҷавониаш нисбат ба гусолае мисли зоофилҳо рафтори дорои хусусияти шаҳвонӣ карда, ҳатто ба ҷавобгарӣ кашида шуда будааст. Аз ин сабаб дар хурдиаш М.Садриддин предмети мазоқи ҳам солонаш буд. Бачаҳои ҳамсоя ва ҳам синфона шӯро «писари гусолагӯй» гуфта масхара мекардаанд.

Ҳамаи ин кам буд, ки дар давраи наврасиаш падараш ҳамроҳи чанд нафар муллоҳои иртиҷоии дигар як созмони махфии экстремистӣ ташкил додаанд, ки баъдтар он ба ташкилоти террористӣ табдил ёфт. Аввалин ҷаласаҳои пинҳонии ин гурӯҳи табоҳкор маҳз дар хонаи онҳо доир мегардид ва М.Садриддин якбора зери таъсири сахти ин гурӯҳи ифротӣ монд. Вай ба ҷойи он ки мисли дигар ҳамсолонаш дарс хонад, ба варзиш машғул бошад, бозӣ кунад ва шахсияташ ба таври маъмулӣ инкишоф ёбад,  ҳар рӯз ақидаҳои ифротгароёна ва зидди мардумии падараш ва ҳамроҳони ӯро мешунид.

Ҳамин тавр, дар мафкураи М.Садриддини навҷавон ифротгароӣ, хурофот, инсонбадбинӣ, душманӣ варзидан ба давлату миллат ҷой гирифт.

Тибқи маълумотҳои дигар зарбаи сахт ва ҷонкоҳи дигаре, ки ба руҳияи М.Садриддини бадбахт таъсири сахт доштааст, ба замони дар Афғонистон қарор доштани ӯ рабт дорад. Соли 1992 хонаводаи онҳо бо сабаби дар саршавии ҷанги дохилӣ даст доштани падараш ба Афғонистон фирор карда буданд. Дар он ҷо падараш ба сифати яке аз раҳбарони собиқ ТТЭ ҲНИ бо раҳбарият ва ҷангиёни созмонҳои дигари террористӣ робита ва рафтуомад дошт ва М.Садриддини навҷавонро ҳам мунтазам бо худ ба назди онҳо мебурд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, ки барои он террористон хеле ҷолиб буд ва мавриди истифодаашон қарор мегирифт, аз тарафи онҳо «кабутари сафед» номгузорӣ шуда буд. Ин алам то ҳанӯз дар дили М.Садриддин мондааст ва аз ҳамин сабаб ба маросими ҷанозаи падараш, ки дар Варшава доир шуда буд, нарафт ва иштирок накард. Агар мехост аз Фаронса бе ягон мушкилӣ ба Лаҳистон мерафт.

Маҳз ҳамон давраи ҳаёти навҷавониаш дар Афғонистон, яъне аз ҷиҳати равонӣ зарбаи сахт хурданаш дар ташаккул ёфтани шахсияти М.Садриддин нақши асосӣ дорад. Аз ҳамин сабаб вай имрӯз мисли як "маняк" рафтор мекунад,  пешрафту комёбиҳои дигаронро дида наметавонад, ҳамеша бадбахтии одамонро мехоҳад ва бадхоҳи Ватану миллати  худ аст.

Солҳои баъдӣ М.Садриддин дар хизмати доираҳои ифротии мазҳабии хориҷӣ қарор гирифт ва бар ивази пули онҳо дар ҳамоҳангӣ бо наҳзатиҳои дигар бар зидди манфиатҳои Ватани худ фаъолиятро шуруъ кард. Имрӯз бо навиштаҳои беасосу дурӯғ ва туҳматҳояш талаботи хоҷагонашро қонеъ мекунад ва худро ба намоиш мегузорад. Ин тарзи рафтор ба одати ӯ табдил ёфтааст. Вай дигар хел рафтор карда наметавонад, зеро бемораст ва бояд таваҷҷуҳи атрофиёнашро ба худ ҷалб кунад. Дигарягон коре аз дасти ин заифнамеояд, фақат туҳмату таҳқир карда метавонаду халос.

П. Саодатқадамов

нафақахур, сокини н. Шуғнон

Search