Паём – муҷдаи нав барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва сиёсии кишвар

Паёмҳои Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаи пурҷилоест, ки дар он имрӯзу фардои Тоҷикистон равшан таҷассум ёфта, Ватани моро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамо хоҳад буд.

          Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ маҷмӯи масъалаҳоеро дар худ инъикос намуд, ки татбиқи самарноки ҳар банди он роҳи тараққиёти кишвар, зиндагии боз ҳам шоистатари мардумро ҳамвор карда, дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатиро афзунтар хоҳад кард.

          Ҳамасола баъди шунидани Паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, ба Маҷлиси Олӣ дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ҷунбиши тозае ба миён меояд. Яъне, аз Паём то Паём зиндагӣ ранги нав гирифта, мардум бо дилгармӣ аз пайи иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ ва рангин гардонидани рӯзгори хеш мешаванд. Таҳаввулоти солҳои охир дар соҳаҳои маориф, тиб, энергетика ва дигар самтҳои хоҷагии халқ моро бовар мекунонад, ки то чӣ андоза иҷрои дастуру супоришҳои Президент барои ҷомеа зарур ва муассир мебошанд.

         Президенти мамлакат илму маорифро ҳамчун захираҳои стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунанд ва барои маърифатнокии аҳолии мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

       Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд.

       Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шудаанд.

       Илова бар ин ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм–фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад.

       Ба хотири ҳавасмандгардонии донишҷӯён, муҳаққиқони ҷавон ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод гардид, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.

        Масъалаи дигари Паёмин  баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар сиёсати давлат маҳсуб меёбад. Чунончӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи хеш зикр намуданд, то вақте манн сари мансаб ҳастам, сиёсати боло бурдани мавқеи занону бонувонро дар системаи давлату сиёсат ҷонибдорӣ мекунам. Чунончӣ, дар ин маврид дар паём зикр гардидааст, «Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

         Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

        Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд.

         Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз сини кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

         Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 - сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта мешавад.

Пас метавон гуфт, ки дурнамои амалигардонии дастурҳои Паём маҳз ба хотири пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад. Яъне аз Паём то Паём садҳо ташаббусҳо амалӣ гардиданд, ки боиси осудаҳолии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва боварии аҳли ҷомеа ба ҳаёти оянда ба ҳисоб меравад.

Директори Китобхонаи вилоятӣ Г.Орумбекзода

Search