Сармояҳои ғайриқонунии М. Садриддин ошкор гардид

Банда дар сомонаи интернетӣ мақолаеро бо номи «Сармояҳои Муҳаммадиқболи Садриддин аз куҷост?» мутолиа намуда, лозим шуморидам, ки хома ба даст гирифта, оиди чанд ҳолати дигари сарватҷамъкунии М.Садриддин ва падари ӯ мулло Қаландар матлабе нависам.

Мақолаи мазкур ин «аз дарё қатрае аст», ки дар он на ҳамаи молу амволи ба таври ғайриқонунӣ ба даст овардаи Муҳамммадиқболи Садриддин дарҷ гардидааст. 

Пас аз дидани филми «Бешараф» дар ТВС парда аз рӯи ҷиноятҳои иқтисодии мулло Қаландар ва писараш Муҳаммадиқболи Садриддин бардошт. Имрӯз аксарияти аъзоёни қатории ТЭТ «ҲНИ» боварӣ ҳосил намуданд, ки дар шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) дар солҳои 90-ум бо обу нон рӯзи худро мегузарониданд, падари Муҳаммадиқболи Садриддин, мулло Қаландар, ки яке аз «асосгузорони наҳзат» ба ҳисоб мерафт, аз ҳисоби кумакҳои хориҷиён қасру хонаҳои замонавӣ месохт.

Хонандагони азиз, худ қазоват кунед, ки танҳо дар кӯчаҳои Маданият ва Ғафурови ш.Бохтар ин оила 2 хонаи дуошёна сохта, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба иҷора додаанд. Арзиши хонаҳои мазкур ба ҳисоби миёна 2 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Албатта «дар таги коса нимкоса аст» зеро, маблағи ин хонаҳо аз ҳисоби маблағҳои дуздидаи мулло Қаландар, дар айёми масъули тақсимоти кӯмакҳои башардӯстона ба гурезаҳо дар лагерҳои вилояти Тахор ва Қундузи Афғонистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бунёд шудааст. Инчунин, мулло Қаландар, ки солҳои пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ савдогари мағоза буд, аз ташкилоти кӯмакрасони байналхалқӣ бо изофанависии эҳтиёҷмандон аз ҳисоби аъзои хонаводааш маҳсулоти хурока ва дигар маводи ниёзи мардумро аз худ карда, баъдан дар бозорҳои афғонӣ онҳоро мефурӯхт. Вақте шахс, даромади моҳонаи мулло Қаландарро дар он замон мефаҳмад, ангушти ҳайрат мегазад, зеро дар он солҳо – 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод.

Пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори Сулҳ ва ризояти миллӣ, мулло Қаландар ва аъзоёни оилааш зимни бозгашт аз хоки ҶИА ба ҶТ 3,5 млн. доллари амрикои оварда, ба хариди амволи манқул ва ғайриманқул дар шаҳрҳои Душанбеву Бохтар машғул гардиданд.

Баъдан, Муҳаммадиқболи Садриддин ба давлатҳои Араб, аз ҷумла ш.Дубай рафта ба қаллобии ҳамватанони худ машғул мегардад, ки ин амали ӯ дар назди қонун бе ҷазо нахоҳад монд.

П. Саодатқадамов

нафақахур, сокини н. Шуғнон

Search