Ҳаракати сиёсии гурӯҳи 24 душмани давлату миллат

Санаи 09-уми октябри соли 2014 Ҳаракати сиёсии гурӯхи 24 аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ ва экстрмистӣ эътироф гардид. Аз ҳамон вақт саркарда фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намуданд. Лекин аъзоёни ин гурӯхи хиёнаткор аз хориҷи кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ-интернетӣ ба номи «Садои мардум» сомона кушодаанд. Дар сомонаи мазкур ахборотҳои бофта, дурӯғ, туҳмат ва видеонаворҳою мусоҳибаҳоро бо баъзе аз хоинони Ватан гузаронида матраҳ менамоянд. Вале аксарияти сокинони худогоҳи мо ба онҳо пайваст намешаванд, баръакс онҳоро лаънат мехонанд.

Мақсади аъзоёну тарафдорони ташкилоти террористӣ-экстремистии гурӯҳи 24 аз байн бурдани тинҷию оромӣ дар кишвари азизамон мебошад. Ин хиёнаткорони мадумозор мехоҳанд, ки ҷавонони бо нангу номуси давлатро тавассути ин сомонаашон бар зидди Ҳукумату давлат ва зиди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барангезанд. Аммо ин тоифаи зиёновар ҳеҷгоҳ ба мақсадҳои нопокашон нахоҳанд расид. Чунки миллати тоҷик дар тулии таърих кӯҳанбунёди худ чандин маротиба аз дасти ҳамин хел манфиатҷӯён азобу машақатҳои зиёд кашидаанд. Маротибаи аввал миллати тоҷик дар давраи Сомониён аз дасти ҳамин хел хиёнаткорон шикат хӯрда зиёда аз ҳазор бисёр тохтутозҳоро диданд. Маротибаи дуюм дар давраи босмачигарӣ, ки аксарияти шаҳрвандони ин миллат азобу машақатҳои даҳшатоварро паси сар намуд. Охирон маротиба дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ маҳз ҳамин хел хоинони манфиатҷӯ буданд, ки миллатро куштанду хонаҳояшонро сӯзониданд ва давлатро пароканда карданд. 

Ба бахти миллати тоҷик Худованд болои сари ин миллат сарвари оқилу матинирода ва сулҳхоҳ, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро овард. Ҳоло таҳти сиёсати хирадмандонаи ин абармарди таърихӣ Тоҷикистон дар қатори давлатҳои амнтарин ворид шуда, рӯз ба рӯз тарақӣ карда истодааст.

Ман дар баробари навиштани ин мақола ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат мекунам, ки фирефтаи суханҳои дуруғину тӯҳматангези аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии Гурӯҳи 24 нашаванд ва онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарафдорӣ накунанд, чунки онҳо душмани давлату миллат буданд, ҳастанд ва хоҳад монд.

Мухбири рӯзномаи «Оинаи зиндагӣ» Сабзалиева Н.

Search