Шикасти кабириҳо

Аз ҷониби давлати Амрико бастани расонаҳои иғвоангез,ки ба ҲНИ мансубият дорад, бори дигар  ҷомеаи ҷаҳониро аз атвори ин ҳизби хиёнатпеша ва саркардагонаш ҳушдор менамояд. Ин падидаи нек, ки  бо таваҷҷуҳи давлати адарқудрати Амрико рӯи кор омад, ба нафъи ҷомеа буда, фазои наверо дар шинохти ин ҳизби хатарзо  фароҳам меорад.

Манбаи хабари иттило медиҳад,ки Вазорати Адлияи Амрико фаъолияти  92 сомонаро ҷиҳати таҳдид  ва хатарзо буданашон ба ҷомеаи башарӣ  қат намуд.  Дар ин торнома хушбахтона сомонаи “Рисолат, Кимиёи хирад” ва дигар сомонаҳо,ки дар бораи Тоҷикистон  маводҳо пахш менамуданд ворид шуданд.

Сомонаи “ Кимиёи хирад” сомонае буд,ки ҳамеша думболи падидаҳои неки Тоҷикистон буд ва дар пайи онҳо як дурӯғу буҳтонро паҳн мекард. Ин сомона ,ки аз ҷониби Кабирӣ идора мешуд ,на танҳо нисбати давлати мо балки маводҳои Сипоҳи Посдорони Инқилоби исломро  низ паҳн мекард.

 Пайваста паҳн намудани  маводҳо оид ба Ислом   ҷиҳод, дину мазҳабҳо ва динҳои олам на танҳо мусулмонон балки  дигар пайравони дину мазҳабҳоро низ ба мухолифатӣ меандохт. Ин сомона  бештар ба хурофот ва ақоиди зиддибашарӣ такя намуда, назарияиҳои носаҳеҳро пайваста паҳн менамуд.

Як қисмати кори ин расона ба тарғиби фаъолияти Сипоҳи Посдорони Инқилоби ислом бахшида мешуд,ки ҳамеша аз амали ин сипоҳ дар роҳи ислом ва ҷиҳод хабар медод.

Аз ҷониби дигар ин расона тарғибгари мазҳаби шиа буда , аз дигар мазҳабҳо онро болотар мегузошт ва ҳамеша баҳри ҷудоиандозӣ дар ин равияҳои мазҳабӣ матолиби мухталифро рӯи кор меовард.

Падид овардани мухолифатӣ дар ҷомеа, бедор намудани ҳисси  бадбинӣ байни мазҳабҳо, бероҳа намудани ҷавонон ва мағзшӯии ин қисмати ояндабини ҷомеа мақсади асосии ин расона маҳсуб мешавад.

Аз дигар тараф сиёҳӣ пошидан ба сӯи Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақсади меҳварии ин душманони миллат буд. Аз  рӯи таҳлили коршиносон  парвардагони  ин ҳизб ба хотири падид овардани ангзаҳои сиёсӣ ҳамеша итилооти  иғвогарона паҳн науда,фазои иттилоотиро ғализ нигоҳ медоштанд.

 Таъсиси  моҷарои нав боз ҳам аробаи валангори ин гурӯҳро кашидан аст. Бо ҳар роҳе ,ки набошад мардумро фиребидан ва дар шуури мардум ҷой додани ақоиди зиди давлатӣ ва ҳамчунон ақоиди зиддӣ роҳбари давлат яке аз вазоифи авалияи ин ҳангмаҷӯён аст

Падид овардани ангезаи нави сиёсӣ байни мардум,шикасти мафҳуми иттиҳоду ягонагӣ,сулҳу ваҳдат ва ҳамбастаги имиллӣ мақсади аслии онҳост.

Имрӯз,ки чеҳраи аслии ин фасодкорон дар оинаи башар ҷилвагар гашт, набояд хомӯш нишаст. Акнун вақти он расидааст,ки сангҳои ба боғи мо партофтаашонро баргардонем.

Шаҳриёр

Search