Зарбаи сахт ба саркардагони ТТЭ ҲНИ

Инро бояд қайд кард, ки ин сомонаҳои иғвоангез ва тарғиботгарони ғояҳои ифротиёнаи мазҳабӣ танҳо як мақсадро пайгирӣ менамоянд ва ин пеш аз ҳама вайрон кардани сохти конститутсионӣ, барангехтани бадбинии динию мазҳабӣ миёни мардум ва барафрохтани оташи ҷанги хонумонсӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Баста шудани ин сомонаҳои интернетӣ боз як зарбаи сахт ба саркардагони ТТЭ собиқ ҲНИ буда, ба амалӣ шудани ниятҳои нопоки онҳо як зарбаи маргбор мебошад. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои харобиовари онҳо огоҳ буда, нисбати онҳо муборизаи беамонро дар қатори давлату Ҳукумати Тоҷикистон пеш бурда истодаанд.

Г. Савлатов

Search