Кабирӣ ва ақидаҳои тахрибкоронаи ӯ

Вақтҳои охир роҳбари ТЭТ «ҲНИ» Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш барои амали намудани нақшаҳои хоҷагони хориҷиашон ба таврӣ ошкоро ақидаҳои зиддимиллии худро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ расонаи карда истодаанд.

Саркардагони ТЭТ «ҲНИ» бояд фаромуш насозанд, ки солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 онҳо фаъолияти тахрибкоронаро ба роҳ монда, бар хилофи манфиатҳои миллӣ ва сохти давлатдории ҷавони Тоҷикистон амал намуда, нисбат ба аҳолии осоишта ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин чун таҷовуз, одамкуши, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, ифротгароӣ, актҳои террористӣ ва таҳсил дар мактабҳои ғайрирасмии кишварҳои исломиро ба роҳ монда буданд.

Бо амалҳои даҳшатафкани худ дар руҳияи ҷомеаи ҷаҳони тарсу ваҳмро ҷори сохта, барои фароҳам овардани ҳадафҳои ғаразнокашон ташвиқотҳои зидди миллиро ба роҳ монда буданд.

Саркардагони ин ташкилоти террористӣ дар шабакаҳои интернетӣ имрӯзҳо мақолаҳои фитнаангези беасосро бо супориш ва маблағҳои хоҷаҳои хориҷиашон рӯи чоп оварда, мехоҳанд вазъияти орому осудаи миллати тоҷикро халалдор сохта, мазҳабу фарҳанги бегонаро ба сари ин мардум бор кунанд. Фаъолони ТЭТ «ҲНИ» манфиатҳои милливу давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида гирифта, барои онҳо Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ ҳеҷ арзише надорад. 

Мақолаҳои иғвоангезонаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ  бар он далолат мекунад, ки ТЭТ ҲНИ дар атрофи худ тамоми шахсони ба ҷиноят сару кордоштаро ҷамъ намуда истода, имкониятҳои онҳоро барои табъу нашри мақолаҳои зиддимиллӣ истифода мебаранд.

Барои ноил гаштан ба мақсадҳои нопоки зиддимиллӣ  роҳбари ТЭТ «ҲНИ» - Муҳиддин Кабирӣ имкониятҳои ҷинояткор, қаллобе, ки  дар ҳудуди ВМКБ ҳамчун Алим Шерзамон шинохта мешавад,  истифода бурда истодааст.

Ман ҳамчун сокини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алим Шерзамонро шахсан мешиносам. Ӯ як фарди ҷиноятпешае ҳаст, ки аз бонкҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои зиёд гирифта ва ҳангоми пардохт карда натавонистани он ба хориҷи кишвар фирор намудааст.

Худ қазоват кунед, ки қаллобе, ки маблағи қарзиашро пардохт карда наметавонад, ҳуқуқи маънавии дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадафҳои нопоку ғаразнокашро нисбати Тоҷикистон арз карданро дорад? Албатта не.

Таърих гувоҳ аст, ки чунин ҷинояткорону қаллобони зархарид ба мисли Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамон, ҳама вақт дар ҳар давру замон буданд ва ҳастанд, ки бар зидди онҳо миллати тоҷик то ба охир муборизаҳои беамон бурдаанд ва мебаранд.

Имрӯз ҳар яки мо шаҳрвандони ба ору номуси Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкории Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, фарзандони худро дар руҳияи худшиносию хештаншиносӣ тарбия намоем ва ба оромии кишвар шукргузорӣ намуда, барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии мардуми диёр саҳмгузор бошем.

П. Саодатқадамов, нафақахур,

сокини н.Шуғнон

Search