Паёми Пешвои миллат – сарнавишти миллати тоҷик

Рӯзи 26-умиянварисоли 2021, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа гардид.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар корхонаву идораҳои давлативу хусусӣ дастаҷамъона рафти Паёмро мустақиман тавассути оинаи нилгун тамошо карданд.

Дар Паёми имсолаи Роҳбари Давлат ба Маҷлиси Олии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, инчунин соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фархангӣ инъикос ёфтааст.

Роҳбари Давлат дар Паёми худ қайд намуданд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, соҳаҳои илм,  маориф,  фарҳанг  ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Инчунин, Сарвари давлат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки шабу рузҳои авҷи  бемории сироятии «Коронавирус» барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашидаанд, миннатдории самими худро баён намуда, қайд карданд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро хамасола зиёд мекунад. Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод намуданд, ки стипендияи онҳо аз 1 сентябри соли равон  ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.

Зимни Паёми навбатӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, минбаъд хамасола дар Точикистон ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва табии ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимон, устодону омӯзгорон таҳти унвони «Илм- фуруғи маърифат» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Дар озмуни навбати истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати худро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табии нақши арзишманд мегузоранд. Сарвари давлат ҳамзамон афзудаанд, ки соли равон маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардидаи озмунҳои «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ва «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёд карда мешавад.

Роҳбари давлат ҳамзамон дастур дод, ки ҷихати ҳамасола дар сатҳи баланд ташкил ва баргузории барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ҶТ, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъсис ёфт, тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Маврид ба зикр аст, ки бо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва ташаббусу дастгириҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз то рӯз рушд намудаистодааст. Пӯшида нест, ки Роҳбари давлат бори дигар ба таври дақиқ ёдрас намуданд, ки дар пешгирии аҳли ҷомеа ба гароишу ҷавонону наврасон ба ҳаракатҳои ифротгароӣ ва рафторҳои ношоиста бетараф набошем.   Тавре дар Паёми Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби расму оини тоҷикон хизмат кардаанд. Арҷ гузоштан   ба фарҳангу таърихи  бостонии миллат ва омӯхтани он, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ дар ҷодаи худшиносии миллӣ аст.

Ҳар яки мо ва тамоми аҳли ҷомеа  баъди ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат иброз намуданд, ки ба хотири дар амал татбиқ намудани талаботҳо ва дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида, камари ҳиммат баста, бо масъулияти дучанд барои иҷро намудани талаботҳои он, саъю кӯшиши беандоза намоем.

Дар воқеъ имрӯзҳо кули мардуми шарафманду сарбаланд ва саодатманди Тоҷикистон аз неъматҳои бебаҳои Истиқлолияти давлатӣ баҳра бурда, бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати ҳаёт, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Мардуми Тоҷикистон баҳри тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи сиёсатӣ бунёдкоронаву сулҳҷӯёна ва созандаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа сӯҳбату вохӯриҳоро доир намуда дар тарбияи худши­носиву худогоҳии миллии ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Паёми имсолаи Роҳбари давлат моро водор месозад, ки тамоми қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун шаҳрванди асили Тоҷикистон риоя намуда, баҳри беҳбудии зиндагии хеш ва ба ояндагон мерос гузоштани фарҳанги асили тоҷикона саъю кӯшиш намоем.

Орумбекзода Г. - директори китобхонаи

 вилоятии ба номи А.Рӯдакӣ

Search