Сомонаҳои фасодкор баста шуданд

Боиси хурсандӣ ва ифтихор аст, аз ҷониби демократитарин давлати олам- Амрико расонаҳои фасодкор ва иғвоангез  аз қабили”Рисолат,Кимиёи Саодат “ ва ғайра,ки ҳамеша дар пайи бадномсозӣ ва падид овардани ангезаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон маводҳои ғализро рӯи кор меоварданд, баста шуданд.  Як манбаи мӯътамад хабар медиҳад,ки дар натиҷаи таҳлилу  баррасии ин расонаҳои фиребоин ва худкор ошкор гардид,ки мақсаду мароми онҳо як буда, барангехтани низоҳои мазҳабӣ асоси кори онҳост.

Баъзе аз ин расонаҳо ҳатто манофеи Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ҷонибдор буда ,ба манофеи он маводҳои мухталифро пешкаш мекарданд. Чунин рамузи кор ба ҷое оварда расонд.ки ҲНИ да расонаҳои иҷтимоӣ сафифаҳои нав кушода, сияҳкории худро нисбати Тоҷикистон бо ҳамон як мазмун, як андеша ва як низоми иғвогарона оғоз бахшиданд.

 Ин расонаҳо фазои иттилооти ҷомеаро бо иттилооти фаҳш  рахна намуда , занҷири ақоиди худро  дар пои ҷомеа пайваст мекарданд.

Паҳн намудани афкори пешвоён ва натоқони ҲНИ аз қабили  қори Муҳаммадҷон, Кабирӣ ва даҳҳо  нафари дигар кори ин расонаҳои иғвогар  буданд.

 Расонаи Кимиёи саодат  фазои мазҳабиро дар меҳвари иттилоот  тайи чанд муддат буд,ки пур аз суханҳои ангезадор мекард. Ҳадафи ин расона пеш аз ҳама низои сунӣ ва шиаро  барангехтан ва ҷомеаи Тоҷикистонро аз нав мубталои ангезаи мазҳабӣ намудан асту халос. Маълум аст,ки ин раванд пеш аз ҳама аз хоҷаҳое,ки дар ин кор манфиат доранд, сарпарастӣ мегардад.

 Дар ин радиф сарпарастии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мадди аввал меистад,ки ин иғвогаронро аз рӯзҳои нахусти сар бароварданашон ҷонибдорӣ ва сарпарастӣ дошта, имрӯз ҳам дар канори худ эшонро парвариш медиҳад.

Ба андешаи  муҳаққиқи тоҷики муқими Аврупо Ҳафиз Бобоёров дар саҳифаи фейсбукиаш аз 15-уми январи соли ҷорӣ  (https://www.facebook.com/hafiz.boboyorov/posts/4088757631152128) дар ин робита нигоштааст: «Яке аз дастовардҳои пайкоргарони роҳи ноҳамвор ва мушкилгузари озодӣ фош кардани ақидаҳои зиддибашарӣ дар фазои иттилоотии тоҷик ва дар пайи он баста ва дастнорас гардидани чанде аз пойгоҳҳои иттилоотӣ ва тарғиботии ифротгароёни мазҳабӣ, чун «Кимиёи саодат» мебошад. Ба ақидаи ин донишманд «Фошкориҳои маводи зиддибашарии «Кимиёи саодат» боис гардид, ки гардонанда(гон)аш дастрасӣ ба онро қатъ кунад. Дар ин сомона ва дигар сомонаҳою пойгоҳҳои шабеҳи он, рӯзона хабарҳо ва маълумот, аз он ҷумла дар мавриди ҷиҳод, куфр, ояндаи ҷаҳон ва нақши бартари Ислом ва мусулмонон дар он, мақоми дуюмдараҷа ва вобастаи дигар динҳо ва миллатҳо  пахш мегардид».

 Шабеҳи ин ихтилофотгароён дар Аврупо имрӯз назарбандиҳои сиёҳеро  таҷассум менамояд,ки онҳо дар дил боз бозгашт ба сӯи солҳои 1992-ро мепарваранд.  Ин ҳама чолишҳо ва сафсатабозиҳо.ки дар пайи нақшаи сиёҳи ҲНИ бо сарварии Кабирӣ паҳн мегардад акнун дар олам фош гардид. 

Акнун ин сияҳкорон сари худро дар кадом гӯри сиёҳ хоҳанд зад?

Акнун вақти он аст,ки  миллат аз ин ҳама огаҳ гардад .

«Барои пойдории ин пирӯзӣ набояд фурсате ором нишаст»

Шаҳриёр

Search