Фитнаҳои М.Садриддин дар ноором сохтани суботи кишвар

Муҳаммадиқболи Садриддин имрӯзҳо ақидаҳои  ғаразноки худро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати паҳн намудани афкори носолими худ ба ҷомеа паҳн карда истодааст.

Аслан ҳамаи ин рафтори ӯ пас аз ошкор гардидани амалҳои зишташ бо қумандон Ғулом ва тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ расонаи гардидани филми «Бешараф» ба назар мерасад.

Он корҳои ноҷавонмардонае, ки қумандони афғон Ғулом дар замони наврасии Муҳаммадиқболи Садриддин раво дид, то имрӯз ӯро руҳан ва ҳам ҷисман азият медиҳад. Аз ин рӯ вай бояд дарди ҷонкоҳи худро барорад. Шояд дар назди сомонаи интернетӣ соатҳои дароз баромад намуда, ҳамаи хастагиҳои ва азиятҳои замони наврасиаш аз қумандон Ғулом ба ёдгор мондаро аз сар дур намояд.   

Айни замон мухлисон ва тарафдорони Муҳаммадиқболи Садриддин ё ин ки «кабутари сафед» аз бешарафии ӯ огоҳ шуда, ӯро сарзаниш мекунанд. Аслан айб дар ин навраси ноогоҳ набуд.

Падари «кабутари сафед» Садруддинов Қаландар ё мулло Қаландар ба Афғонистон фирор намуда, Муҳаммадиқболи наврасро, ки ҳамагӣ, 10-12 сола буд, ба хонаи мулло барои гирифтани таълимоти динӣ мебарад. Мулло бошад ин наврасро ба қумандон Ғулом медиҳад. Дар давлати ҳамсояи мо Афғонистон, бачабозӣ ва ҳамҷинсгарои авҷ ёфтааст ва қумандон низ «кабутари сафед»-ро мисли зани худ истифода бурда, мунтазам азоби ҷисми ва руҳӣ медиҳад.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳз масъулини ТЭТ «ҲНИ» аз эътиқоди динии падари Муҳаммадиқболро истифода намуда, фарзанди ӯро ба мадрасаи ғайриқонунии динӣ мефиристанд.  

Маҳз таълимгирандагони ин муассисаҳои ғайрирасмии динии давлатҳои Исломӣ дар даҳаи охири қарни гузашта хиёнатеро бар сари халқу миллат оварданд, ки аз замони пайдоиши инсоният дар руйи замин ҳеҷ душман ин кору рафторро нисбати миллати худ раво надидааст.

Аъзоён ва гумроҳшудагони ТЭТ «ҲНИ» ба монанди падари М.Садриддин-мулло Қаландар аз рӯзҳои нахустини ташкилёбиаш душманиву ватанфурӯширо сар карда буданд ва то кунун душмани халқу миллат, душмани ваҳдату амният ва душмани фазои орому осудагии халқи тоҷик мебошад.

Мардуми сарбаланди Тоҷикистон фикру ақидаи ифротиву хиёнаткоронаи ТЭТ «ҲНИ»-ро дарк намудааст ва ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки газанде аз онҳо ба Ватан расад.

П. Саодатқадамов, нафақахур, сокини н.Шуғнон

Search