Ҳар ки бо душмани халқ равон аст, чу баҳр…

Субҳи имрӯз дар сомонаи интернетӣ назарам ба матлабе бо номи «Аз тарафи ИМА 92 сомона масдуд карда шуданд» афтод, онро мутолиа намудам.

Пас аз ин ба қароре омадам, ки хома ба даст гирифта, оиди фаъолияти бархе аз сомонаҳои иғвоангез, аз қабили “Рисолат”, «Кимиёи саодат»  мақолае нависам.

Аслан чӣ тавре дар мақола қайд гардидааст, ин сомонаҳои аз ҷониби ташкилотҳои террористиву экстремистӣ дастгирии молиявӣ дида, баҳри пиёда намудани сиёсати ин ташкилотҳо ва зиёд намудани сафи аъзоёну пайравони онҳо фаъолияти худро ба роҳ монда буданд.

Тибқи хабари дар радиои «Озодӣ» аз рӯзи 20.12.2020 нашргардида, як расонае, ки бо забони тоҷикӣ матлаб ба табъ мерасонид, дар баробари 92 сомонаи хориҷӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Амрико фаъолияташ масдуд карда шудааст. Ин сомонаи “Рисолат” аст, ки ба забони тоҷикӣ ва бо хати кириллӣ барои мухотабон дар Тоҷикистон матлаб нашр мекард, ҳамчун расонаи зиддиманфиати ИМА  унвон шудааст.

Дар ин сомона ба ҷуз аз хабару гузоришҳо аз Тоҷикистону ҷаҳон, инчунин изҳороту муроҷиатҳои ташкилоти террористии собиқ «ҲНИ» низ пайдо мешуд.

Чанде пештар сомонаи интернетии «Медиа Маркер» хабар дода буд, сомонаи «Кимиёи саодат», ки ахбороти бардурӯғ, иғвоангез ва моҷароҷӯёнаро нисбат ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр менамуд ва ҳамзамон бо ин, матлабҳои тарғиботии мазҳабӣ ва марбути ТТЭ «ҲНИ»-ро паҳн мекард, баста шудааст.  Ба навиштаи «Медиа Маркер», «ин расона нақши пойгоҳи сухан парокании тоҷикии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро  доро буда, аксари матолиби он дар шакли нигоштаҳои кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода мешуданд».

Мо ҷонибидорӣ он, ки фаъолияти ҳамаи сомонаҳои иғвоангез масдуд карда шуда, манфиатҳои давлативуи миллӣ дар аввал гузошта шавад. Дар ин мавзуъ муҳаққиқи тоҷики муқими Аврупо Ҳафиз Бобоёров дар саҳифаи фейсбукиаш аз 15-уми январи соли ҷорӣ  навиштааст: «Яке аз дастовардҳои пайкоргарони роҳи ноҳамвор ва мушкилгузари озодӣ фош кардани ақидаҳои зиддибашарӣ дар фазои иттилоотии тоҷик ва дар пайи он баста ва дастнорас гардидани чанде аз пойгоҳҳои иттилоотӣ ва тарғиботии ифротгароёни мазҳабӣ, чун «Кимиёи саодат» мебошад. Ба ақидаи ин донишманд «Фошкориҳои маводи зиддибашарии «Кимиёи саодат» боис гардид, ки гардонанда(гон)аш дастрасӣ ба онро қатъ кунад. Дар ин сомона ва дигар сомонаҳою пойгоҳҳои шабеҳи он, рӯзона хабарҳо ва маълумот, аз он ҷумла дар мавриди ҷиҳод, куфр, ояндаи ҷаҳон ва нақши бартари Ислом ва мусулмонон дар он, мақоми дуюмдараҷа ва вобастаи дигар динҳо ва миллатҳо  пахш мегардид».

Албатта имрӯз мардуми кишвари биҳиштосоӣ мо аз хурд то бузург дигар ҳаргиз намехоҳанд, ки воқеаҳои солҳои 1992-97 рух диҳанд. Аммо сомонаҳои иғвоангез мехоҳанд бо расонидани хабарҳои бардуруғ сафи шахсони ақидаҳои зиддидавлатӣ доштаро зиёд намоянд, вале онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро фаъолияти ин сомонаҳо дер ё зуд баста гардида, муассис ва аъзоёни иғвогарони сомонаҳо дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод. Дар охир аз забон шоир гуфтаниям:

Ҳар ки бо душмани халқ равон аст, чу баҳр,

Зуд бошад, сари хеш чу гирдоб хурад.

П. Саодатқадамов

нафақахур, сокини н. Шуғнон

Search