Маориф соҳаи афзалиятноки ҷомеа. Бардошт аз Паёми Пешвои миллат

 Барои ҳамагон  маълум аст, ки дар таърихи  26.01.2021 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

   Дар паёми навбатӣ пеш аз ҳама масъалае, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба таалука андохтааст, яъне пандимия ё худ COVID 19 ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври возеъ ва равшан баррасӣ гардида, оиди чораҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон ва бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза алайҳи бартараф намудани он маълумоти муфассал дода шуд. Ҷаноби Олӣ соли сипаришударо барои ҷомеаи Тоҷикистон соли на он қадар бобарор муаррифӣ намуданд, ки ин баҳои одилонаи Пешвои миллат ба ҳамаи самтҳо ва соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад, зеро дар ин росто ва дар ин вазъият на ҳар як сиёсатмадори ҷаҳонӣ метавонист дар ҳисоботаш сиёҳро сиёҳ в сафедро сафед бигӯяд.  Ҳамаи мо аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва ахбори ҷаҳон шунидем ва донистем, ки на ҳамаи сиёсатмадорони ҷаҳонӣ ҷуръати гуфтани сухани ростро доштанд ва аз баъзе ҳатто аз баррасии каму костҳои ҷомеаашон худдорӣ карданд. Вале Ҷаноби Олӣ хизмати кормандони соҳаи тибро арзанда ва қобили дастгирӣ ҳисобида бошад ҳам, таҳкид намуданд, ки “Эҳтиёт ними ҳаёт аст”.

     Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, тадбири ин пешомад дар Паёми навбатии Пешвои миллат чунин баррасӣ гардид: “Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд”. Албатта моро лозим аст, ки ба қадри  ин нуктаи зерин аз ин Паём, яъне “дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд”, бирасем, зеро Ҷаноби Олӣ ироа доштанд, ки ба ҳамаи душвориҳо нигоҳ накарда, Ҳукумати кишвар ва бахусус Президенти кишвар таъкид намудааст, ки мо нагузоштем то ба сатҳи зиндагии аҳолии кишвар халале ворид гардад.

      Инчунини дигар дар Паёми навини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ  дар қатори дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ба маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок чун ҳамешагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид гашт, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар устувор гардонда шуда, барои азнавсозии ин зинаи таҳсилот, бахусус, ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ, омода намудани кадрҳои босалоҳияте, ки ҷавобгӯи талаботи бозори дохиливу хориҷӣ бошанд, садҳо миллион сомонӣ сарф гардидааст; ”Дар муқоиса бо солҳои қаблӣ соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд.  Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300  ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст” қайд намуданд Пешвои миллат. Ҳамзамон, дар Паём як силсила вазифаҳо ба миён гузошта шудаанд, ки иҷрои онҳо барои рушди илми кишвар, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат бисёр муҳиманд ва ҳар як шахси масъулиятшиносу ватанпарвар вазифаҳои навбатии худ, равиши зиндагии худро дар нукоти он дида метавонад. Лозим ба ёдоварист, ки маҳз бо мақсади пешбурди иқтисоди миллии кишвар, омода намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ  Ҷаноби олӣ таъкид намуданд, ки аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда шуд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад.

     Таъкид гардид, ки таълими фанҳои табииву риёзӣ, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз доранд ва масъулон водор гардиданд, ки доир ба ин масъала чораҳои муассир андешанд ва аз ҷараёни корҳо пайваста роҳбарият ва шӯрои илмиро огоҳ созанд. Ба хотири ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон  соли гузашта маблағ ва шумораи гирандагони стипендияи президентӣ  хеле зиёд карда шуд ва ҳамчунин, охири соли гузашта барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд. Инчунин бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардид, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.

     Ба ғайр аз ин Ҷаноби Олӣ  супориш доданд, ки теъдоди омӯгорону олимон ва муҳаққиқоне, ки ҳамасола аз институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура сафарбар карда мешаванд, афзоиш дода шавад ва ин албатта лоиқи дастгирӣ аст.

       Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро зарур аст, ки ба ин масъала дар оянда низ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. “Мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар пояҳои моддиву техникӣ, озмоишгоҳӣ ва кадрии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳоро пайваста таҳким бахшида истодаем” – арз доштанд Пешвои милат. Масалан, агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст.Шумораи аъзои Академияи миллии илмҳо низ ду баробар зиёд гардидааст.

       Албатта, ин рақамҳо хурсандибахшанд ва гувоҳи заҳмати омӯзгорон мебошанд. Аммо чуноне равшан аст, илмро амал зинат мебахшад, илме, ки фарҷомаш ихтироъкорӣ бошад. Ҳанӯз дар замонҳои дур ҳам шоир  батаъкиду раҳнамоии мо гуфтааст:  

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

   Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: «Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд».
Тавре дар Паём зикр гардид, дар шароити кунунӣ масъалаи сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот беҳбудиро металабад. Мо, аҳли маорифро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва шароити хуби корӣ  тамоми неру, донишу малакаи худро ба ин самт равона созем.
Масъалаи дигаре, ки дар Паём таъкид шуд, ин омода намудани муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар, ташкили озмунҳои илмию эҷодӣ, боло бурдани тафаккури техникию ихтироъкорӣ, бештар азхуд намудани фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ мебошад. Зеро таърих собит сохтааст, ки рушди ҷомеа аз мутахассисони соҳаи техникаю технология вобастагии зиёд дорад. Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд қадам гузошта истодааст, ҳамасола даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд. Табиист, ки барои ба роҳ мондани технологияҳои нав дар корхонаҳои саноатӣ зарурати тарбия намудани мутахассисони ин соҳа пеш омадааст.  Аз таҷрибаи давлатҳои рушдёфтаи дунё мебинем, ки онҳо дар ибтидо маҳз ба ҳамин масъала диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ватании худро тарбия намудаанд. Ба пиндори мо, дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ, пеш аз ҳама,  як фазои дониш эҷод кардан муҳим аст. Хонандаи дирӯзаи мактабро мебояд барои ворид гаштан ба ҷаҳони андешаи илмӣ раҳнамун созем. Донишҷӯён бояд аз ҳамаи ин пешниҳодҳо ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва бахусус Ҷаноби Олӣ рӯҳу илҳоми нав гирифта, дар мавриди масъалаву муаммоҳои дар ҷомеа вуҷуддошта андешаронӣ кунанд, битавонад назари хешро барои бартараф намудани ин ё он муаммо, пешниҳод кунад. Ҳаргиз аз хотир дур намеравад суханҳои Пешвои муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфта буданд: «Вақте мо дониш ва иттилоотро омили қудрати миллатҳо меномем, он танҳо ба маънои қудрати сиёсӣ ва низомӣ нест. Балки дониш имрӯз барои давлатҳо ва миллатҳо қудрати иқтисодӣ, тавони молиявию амниятӣ ва суди дилхоҳ ба бор меорад”. Масалан, баъзе кишварҳои пешрафтаи Аврупо, аз ҷумла Шведсия, Норвегия ва Финландия, ки масоҳати нисбатан хурд ва аҳолии кам доранд, тавонистанд низоми беҳтарин маориф, сатҳи баланди саводи аҳолӣ ва рушди технологиро таъмин намоянд. Ин давлатҳо аз ҳисоби таҳқиқоти илмӣ ва ихтирооту навовариҳои технологӣ даромаде ба даст меоранд, ки аз фоидаи баъзе кишварҳои содиркунандаи нафт зиёдтар мебошад. Онҳо, бо вуҷуди ин ки захираҳои фаровони табиӣ надоранд, маҳз аз ҳисоби сатҳи баланди илму маърифат ва дастовардҳои технологӣ сатҳи шоистаи зиндагии мардуми худро таъмин менамоянд. Метавон гуфт, ки Паёми Пешвои миллат як бедорие дар миёни донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳҳо  эҷод кард. Аз ҷумла дар паёми навбатӣ  қайд гардид, ки “агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст. Шумораи аъзои Академияи миллии илмҳо низ ду баробар зиёд гардидааст. Олимонро зарур аст, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд”.

    Дар назар гирифта шуд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Аз ин озмунҳо Пешвои миллат изҳори қаноатмандӣ намуда, умедвории хешро минбаъд низ бо як самимияти хос барои дарёфти истеҳдодҳои баланд баён намуданд ва иброз доштанд, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Аз ин паёмадҳои неки Пешвои миллат ҳамаи  аъзои Ҷамъияти илмии донишҷӯён бояд дарси ибрат гирифта, дар атрофи масъалаҳои иқтисодӣ, усули омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, нақши равшанандешон дар болоравии сатҳи фарҳангии мардум ва монанди он масъалаҳои мубрам, ба таҳқиқоту пажӯҳишҳо бипардозанд. Чунин ба назар мерасад, ки муҳимтарин вижагии таълиму тарбия, фаъол гардондани донишомӯз ва азбар намудани дониш ба василаи худи ӯст. Бинобар ин, таваҷҷуҳи шоиста доштан ба ташкили маҳфилҳои гуногун дар ҳар муассисаи таълимӣ ва илмӣ ва доир намудани маҳфилҳои умумидонишгоҳиро мо яке аз самтҳои чашмгири фаъолияти худ медонем.

      Падидаи ҷаҳонишавӣ аз баҳсбарангезтарин масъалаҳои рӯз ба шумор меравад. Он дар тасмимгириҳо ва фаъолиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсонҳо нақши таъйинкунандае дошта, марзҳои ҷуғрофиёиро ба ҳадди ақал мебарад ва манфиатҳои мардуму кишварҳоро беш аз пеш ба ҳам печонда, илова ба колову хизматрасониҳо, афкору дониши башариро низ бемарзу сарҳад мегардонад. Ҳамзамон, равандҳои ҷаҳонишавӣ ба шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа сабабгор мешавад. Вобаста ба ин, таваҷҷуҳи олимону омӯзгорон ба масъалаҳои ривоҷи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, баҳам омадани неруҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ нигаронда шуда, тасмим гирифта шудааст, ки аз тарафи устодони фанҳои ҷомеашиносӣ дар гурӯҳҳои таълимии факултаҳо лексияҳои тафсилӣ гузаронда шаванд ва дар ин замина ҳамоиши саволу ҷавобҳо доир гардад. Ҳамчунон, барои баланд бардоштани ҳисси худогоҳии миллӣ ва инкишофи ҷаҳонбинии донишҷӯён як силсила омӯзишҳои алоҳида, аз он ҷумла, омӯзишҳое чун китоби “Тоҷикон, ки аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун як армуғон ба таври ройгон ба ҳар як оила тақдим карда шуд, бо назари некбинона аз ҷониби аҳли зиё ва умуман ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар хуш пазуруфта шуд.

      Дар Паём ҳамчунин, таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба ҷавонон зоҳир гардид. Онҳо, ки давоми умри мо ва ояндаи давлату миллат ҳастанд, ҳамчун неруи созандаву бунёдкор дар  рушди ҷомеа нақши муҳим доранд.  Чунин таваҷҷуҳ, эҳтиром ба ҷавонон, боло бурдани мақому манзалати насли ҷавон дар ягон асру дар ягон давлати дигар дида нашудааст. Вобаста ба ин, ҷавонони моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди миллӣ, бо ифтихор аз Ватан, миллат,  давлати худ, забон ва фарҳанги хеш баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони биҳиштосо саъю талош намоянд. Ҷавҳари Паёми навбатиро масъалаи хеле муҳим – рушди неруи инсонӣ низ  дар бар мегирад. Ҳама тадбирҳои Пешвои муаззами миллат низ ба он  равона гардидааст, ки сатҳу сифати зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтару хубтар, кишвар ободу зеботар гардад. Рисолат ва ҳикмати Паём низ дар он ифода мегардад, ки роҳнамо барои фардо буда, мардумро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд.

 Мирзошоев Суҳроб – муаллими калони кафедраи забонҳои шарқ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, ба номи М. Назаршоев.

Search