Рушди иқтисодиёти кишвар дар партави Паём

Паёми пешвои миллат барои меҳани азиз ва мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан нақши дурнамои дурахшони рушду нумӯъро мебозад. Дар ҳар як паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни рушди ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъул, ҳамзамон тақвияти нақши ҷомеаи шаҳрвандиро дар инкишофи давлат изҳори баён менамояд.

Воқеан паёми навбатии Пешвои миллат таърихӣ буда, дар фарорасии сисолагии истиқлолияту озодии кишвари азизамон дарҷ гардид. Дар ин маврид, дар суханрониҳои Президенти кишварамон пешравиҳои назаррасе, ки дар тӯли сӣ соли истиқлолият бо заҳмату кӯшишҳои зиёди Пешвои миллат ва халқи азизамон ба даст оварда шудаанд, гуфта шуд. Тавре, ки маълум аст, бемории сироятии коронавирус, ки имрӯзҳо тамоми ҷаҳонро паҳн кардааст, ба фаъолияти ҳар як мамлакати ҷаҳон таъсири бевоситаи худро расонид. Мутобиқи арзёбии коршиносони бйналмилалӣ ингуна бӯҳрони шадиду фарогир дар садсолаҳои охир бори аввал ба миён омадааст ва боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон шудааст.

Дар натиҷаи  босуръат фаъолнокии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мамлакати мо низ ру ба пастравӣ ниҳодааст. Чӣ тавре, ки хамаи мо медонем, тамоми соҳаҳои кишварамон аз сабаби паҳн гардидани ин бемории сироятӣ, муддате аз фаъолияти хеш дур мондаанд, аз ҳамин сабаб сатҳи иқтисодиёти миллат низ тадриҷан паст шудааст.

Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ                      гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.

Чуноне  ки аз сузанрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  маълум гардид, иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.

Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд.

Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.

Пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар дар соли 2020 –ум 17,2 фоиз афзуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил карданд, ки ин гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва эътимоди мардум ба ташкилотҳои қарзӣ мебошад.

Соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлол банақша гирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд.

        Бояд гуфт, ки дар мавриди коҳиш ёфтани даромадҳои буҷавӣ, афзоиш ёфтани талаботҳо ба сармоягузорӣ  ва маблағгузорӣ, таъмини вазъи тандурустӣ барои баромадан аз пандемия хароҷотҳои зиёди буҷавӣ сарф гаридаанд ва моро мебоист, ки баҳри барқарор гардонидани вазъи иқтисодиёти пештараи давлат саъю кӯшиши бештар намоем. Яъне, аз нигоҳи иқтисод паёми Президенти кишварамон дараҷаи пешравии иқтисодиёти миллат ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароит баҳри боз ҳам ба қуллаҳои баланд баровардани кишвар ва амсоли инҳоро инъикос менамояд.

 Ҳамин тариқ, паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли мардуми тоҷик чун паёмрасони рӯзгори хушу осуда ва давомёбии зиндагӣ дар зери осмони софи беғубор аст. Мардуми шарифи тоҷик дорои ҳисси баланди меҳанпарастӣ, нангу номуси ватандорӣ буда, бо ингуна хислатҳои хеш метавонанд мамлакати моро боз ҳам ба қуллаҳои назаррас расонанд.

Абдураҳмонова А, Азизова Г, Курбонова М ,Додаева Н, Кенҷаева М, омӯзгорони факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Search