Нигоҳе ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»

Мо насли калонсол, пирони нафақахур, собикадорони мехнат, собикадорони ахамияти чумхуриявӣ аз аввали рӯзхои ба сари миллат, халқиятҳои гуногуни дар сарзамини куҳанбунёди Тоҷикистон сукунат дошта, оғоз гардидани ҷанги бемаънии бародаркушӣ нороҳату рухафтода будем. Ва аксарияти собиқадорни ҷангу мехнати хамон солҳо, ки имрўз дар қайди ҳаёт нестанд ва собиқадорони меҳнати  имрўза дар сохторҳои мухталифи  хоҷагии халқи ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои он,  алоҳида аз онхо дар вазифаҳои аввали ин сохторҳо кору фаъолият дошанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рўзе набуд, ки ба шаҳри Хоруғ ва маркази нохияхо аз шаҳри Душанбе мурдае  (ҷасаде) набиёранд. Ҳар рўз қариб мотам буд. Ҳукумати марказӣ ба ном ҳукумат буда, дар сар задани нооромиҳо, оғози ҷанги бародаркуш рўз ба рўз фалаҷ гашта, ягон ҳиссаи идоракунӣ вуҷуд надошт.

 Қувваҳое аз берун вуҷуд доштанд, ки ҳаёти осоиштаи ВМКБ, минҷумла шаҳри Хоруғро ба ҷанг тела медоданд. Сарҳади Афғонистон ҳамон солҳо аллакай муҳофизат карда намешуд ва гурўҳои алоҳида ба ном «муҳофизатгарон» ба воситаи шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба маркази ҷумҳурӣ рафту омад дошта, хариду фурӯши маводи мухаддир, ки маблағи муфт ба даст оварда мешуд, интиқол медоданд.

 Ягона хизмати бесобика ва ҷавонмардонаи собиқ раиси комиҷрояи вилоят, шодравон Ғарибшо Шаҳбозов ва раисони шаҳру ноҳияҳои хамон давра, депутатҳои вилоятӣ ва ҷавонон роҳи ҳар гуна низоҳо ва чангу ҷидолро гирифта тавонистанд ва дар каламрави ВМКБ алангаи ҷанг хомўш монд. Дар ин кори нек низ саҳми пиронсолон, собиқадорон, занон ва ҷавонони ватандуст бесобиқа буд.

Гарчанде авзои амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави вилоят ба амал наомада бошанд, вале бо ворид шудани зиёда аз 100 ҳазор гурезагони вилоят, ки дар шаҳру ноҳияиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои зиёде зиндагӣ  мекарданд ин чунин  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳияиҳои сарҳадии собиқ вилояти Қурғонтеппа сукунат доштанд ва аз тарс ба Афғонистон фирор карданд  маҷбур буданд тарики марз ба  шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, ки  умеди зиндагӣ доштанд, гузаштанд. Бо ин теъдоди аҳолӣ аллакай солыои 1992 - 1997 бо баста шудани роҳҳо, ки ҷанги шаҳрванди ба он оварда расонд ва аҳолии ВМКБ бо ҷамъи гурезагони иҷборӣ зиёда аз 300 –ҳазор аҳоли ташкил менамуд, рўз то рўз гуруснаги онҳоро фаро мегирифт. Падару модар мўйсафедон шабу рўз бо нолаву фигон барои ҳосили муродашон, ба даргохи он Яздони пок даст ба дуо бардошта, ҳар читезтар хомуш гардидани ҷанги бемаънии бародаркуш ро илтиҷо менамуданд .

Ногахон  бо радио ва телелевизион 16 ноябри соли 1992 дар Касри Арбоби шаҳри Хуҷанд иҷлосияи гайринавбатии Шўрои Олии Ҳумкумати Тоҷикистон ба кори худ шурўъ  намуд, садо  ва намоиш дода шуд. Хама мардум дар гирди  «Оинаи нилгун» чамъ омада, чи мешуда бошад, фикр меронданд вале ба натичаи муваффак омадан бовар намекарданд.            

 Тавре шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ҳамон соат, ҳамон рўз иброз доштанд:

               Раҳми Парвардигори мо омад

               Сулҳи деринтизори мо омад.

Ҳақиқатан аз азал аз байни вакилони мардумии Шўрои Олии Тоҷикистон, ҷавони базеб, фарзанди фарзонаи миллат ба толор баромад, ки дар сарсуханашон чунин суханон садо доданд. Ҳамаи мо роҳбарони  ҳамон давра то имрўз хеле хуб дар хотир дорем. Эмомали Раҳмон - раиси комиҷроияи вилояти Кўлоб ба иштироккунандагони ичлосия  рўй оварда иброз доштанд.

 Рафиқон ҳамватанон, депутатҳои мўҳтарам, иштирокдорони  иҷлосия,  кумандонҳо!   

Биёед озоргири айбҷўӣ, тавфиқандозро яктараф монему пеши роҳи бародаркуши гирем, миллати тоҷик нест шуда истодааст, одамонро бо нон сер кунем пеши роҳи гуруснагро  гирем, ҳамватанони мо, ки дар хоки Авғонистон бе хонаву чой гуреза шудаанд ба Ватан баргардонем… Инҳо суханое буданд, ки яку якбора дар авали рўзи Иҷлосия 16-ум  дар байни вакилони мардумӣ ва даъватшудагони ин иҷлосияи таърихи ҳамовозию ҷонибдории ҳамагон ва хушхолии шаҳрвандони сар то сари гўшаву канори Тоҷикистон гардиданд. Имрўз баъди 29-соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Сармеъмори Сулҳу Ваҳдати Милли - Пешвои Миллат, Президенти Мамлакат мўҳтарам Эмомали Раҳмон мебошад  Тоҷикистонро дар мухлати кўҳтоҳ дар арсаи ҷаҳони ба як давлати рў ба инкишоф сохта, ташаббускори ҳалли масъалаҳои мураккаби сайёра аз қабили терроризм, ифротгарои, қочоқи маводи мухаддир, об барои хаёт ва ғайра мебошанд.

Пешвои Миллат - Асосгузори сулҳу Ваҳдати Милли, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомали Раҳмон аз рўзи аввали ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳукрии Тоҷикистон интихоб шуданаш эълон дошт, ки мо Тоҷикистонро давлати озод, ҳуқуқбунёд, дуняви ва ягона месозем.

 Ин пешниҳод  ва давлатдории ояндаи Тоҷикитсонро дар моддаи 1 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 октябри соли 1994 ба таври райпурсии умумихалкӣ якдилона қабул гардид. Амма имрўзҳо мебинем, ки баъзе аз ҳизбу ҳаракатҳо ва нафарони ифротгаро худро ҳомии дини ислом, ҳомиии миллату халқ мууаррифи мекунанду дар амал  хиёнат ба миллату Ватан мепардозанд.

 Танхо баъди 29-соли Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23 соли Истиқрори Сулҳ ва Ваҳдати Милли аз филми ҳуҷҷати «Хиёнат», ки тамошо кардем ва аз худ рафтем чи  хел? чи гунна? чи тавр? метавон ба миллати худ ба Ватан-Модари худ бо мақсади пул ба даст овардан  бо супориши хоҷагони хориҷии худ, ҳизби наҳзати ислом 150- ҳазор шаҳрвандони Ватани худ кушта, 25 ҳазор занон бе шавҳар монда, 55 ҳазор кўдаконро ятим мондаро амалӣ сохтааст.

 Мо насли калонсол, фашизмро, ки ба сари инсонияти дунё, дар даврони ҷанги дуюми ҷаҳони солҳои 1939-1945 амалҳои ғайриинсониро амалӣ сохт, шабу рўз маҳкум карда истодаем, ки зиёда аз 60 миллион ҷони одамони бегуноҳро рабурд. Вале кирдорҳою амалҳои нопоки собиқ ҲНИ Тоҷикистон аз фашистони немис даҳ чанд зиёдтар арзёби мегардад. Фашизм нисбати дигар миллату халқиятҳои Сайёра амалиётҳои несту  нобудкунии инсонро пеша намуд, вале роҳбарону аъзоёни собиқ ҲНИ ба муқобили миллати худ, Ватани худ, бобою момоҳо, бародару хоҳар, фарзандони худ ин гуна бедодгариҳо ва ваҳшиёна қатл намудани одамон дар он солҳои ниҳоят мушкили ба сари Ватани азизамон Тоҷикистон рўи кор оварданд. Асрҳои аср аз насл ба насл дар хамаи даврахо ин кирдорхои вахшиёнаашон фаромўш навшаванда буда, сазовори нафрату хиёнат дар дунё ва охират қайд мегарданд. Аз ин рў насли ҷавони имрўза, ки ояндаи Тоҷикистони обод ба души онҳо гузошта мешавад, доимо ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳидоятҳои созандагию ободкорӣ ва ватандустиву ватанпарварии Пешвои мидллат, Президенти Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомали Раҳмон содиқ бошанд.

 Мо собиқадорони меҳнат, пиронсолони хирадманд, таҷрибаи ҳаёт дошта, кўшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамеша бо халқи худамон дастаҷамъу муттаҳид будан ва насли ояндаи Ватанамонро ба таъриху анъанаҳои миллии эҳтиром гузоштан ва барои таъмини амнияти давлатамон омода будан фаъолияти худро равон месозем.

Раиси Шӯрои собиқадорони

ҷангу меҳнати шаҳри Хоруғ Х. Асматуллоев

Search