Инъикоси воқеият ва гилаи наҳзатиҳо

Чандест, ки аъмоли нопок ва ахлоқи бади саркардаву обсофкунакҳои ташкилоти террористии наҳзат мавриди мазаммати мардуми тоҷик ва ҳатто собиқ аъзои ин ташкилоти террористӣ қарор гирифтааст. Ин мавзӯъ дар суҳбату гуфтугузорҳо меҳвар асту “бузургон”-и хурофотзадаву бадахлоқро  дар ҳолати ногувор гузоштааст.

   Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки қисмати ҳафтуми филми “Хиёнат” ин тоифаро дар ҳолати накаут қарор дод.  Биноан беҳтар аст ба ҷойи бечораноливу сафсатапароканӣ  қонунмеҳвар шаванд ва барои аъмоли нопокашон дар қонун ва миллат ҷавоб гӯянд. 

   Амалкарди ин қабил собит намуд, ки наҳзатиҳо  барои тақвияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар ҳавасманд набуданду нестанд  ва ба сулҳу оштӣ ба ҳеҷ ваҷҳ арҷ намегузоранд.

  Наҳзатиҳо қаблан, замони иҷозаи фаъолият доштан  ҷор мезаданд, ки ҲНИ сулҳу оштӣ кард ва танҳо “доҳӣ” ва аъзои он қимати сулҳу оштиро медонаду касе аз он огоҳ нест.

  Хушбахтона, мардуми шарифи мамлакат хуб медонанд, ки сулҳ бо ташаббуси кӣ шуд ва киҳо дар канор буданд. Бояд гуфт, ки қимату арзиши сулҳро онҳое медонанд, ки сари мизи музокирот нишаста, баҳри хомӯш кардани оташи ҷанг ва баргардонидани мардуми гуреза ба Ватан кӯшиш намудаанд, на он ки наҳзатиҳо меандешад ва на он гунае, ки наҳзатиҳо мепиндорад.

  Саркарда ба обсофкунакҳои наҳзатӣ, аз ҷумла, Муҳаммадиқболи Садриддин то ҳадде “эрка” шудаанд, ки агар касе камбудиҳои онро ифшо намуда, мавриди танқид қарор диҳад, аз ӯ душмантарошӣ мекунанд.  

   Далели бебаҳс аст, ки М. Садриддин аз “роғиб”-они ҳангомасози наҳзатӣ маҳсуб мешавад, ки дар “амрҳои маъруф”-и худ аз тавҳиноти алайҳи давлат ва миллат аз дини ислом суиистифода мекунад.  Барои кур ҳам ҳувайдост, ки ин палид тавҳину таҳқирро минҳайси тутии наҳзатӣ тибқи дастури роҳбарони фирории ТТЭ ҲНИ роҳандозӣ намудааст. Ин аст, ки “ба ҳама ош ҷурғот мешавад”, худро гоҳ дилсӯзи мардум вонамуд карданисту гоҳи дигар иқтисодшиноси ҳамадон мепиндорад. 

  Хурофотзадаҳое чун М. Садриддин, ки фаҳмишашон дар сатҳи поинтар аз асри миёна аст, ба исломи сиёсӣ, махсусан экстремизми динӣ гироиши таассубӣ доранд ва мекӯшанд, ҳар ибтикоре, ки аз назари  нав таркиб ёфтааст, ба бидъат  рабт диҳанд.

   Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки пайравони радикализми исломӣ аз ҳамин шева кор мегирад ва ҳар киро, ки озодандеш аст ва ё ин ки бо назароти рӯҳониёни динӣ-мазҳабӣ одитарин ихтилофи назарӣ ва усулӣ дорад, бебаркаш кофиру мулҳид мехонад.

 Ин “аллома”-ҳо ҳарчанд худро “нофи замин” мепиндоранд, вале одитарин дониш ва биниши дунявиро надоранд, аз зовияи тангу тори мазҳабӣ ба кулли масоил менигаранд ва дар доираи хурофот қазоват ва “ҳукм” мекунанд.

  Рӯйирост дурӯғ гуфтан ва иттиҳом задан муқтазои табиати чунин ашхос буда, “кузапӯштро танҳо қабр рост мекунад”. Мазмуну моҳияти филми “Бешараф” далели бебаҳси ин гуфта аст.

Search