ИФРОТГАРОӢ - ОЛОТИ ҶАНГИ МУХОЛИФИН АСТ!

   Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар  зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки «Афзоиши ҷиноятҳои дорои аломатҳои экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ, мусоидат менамояд».

   Вазъияти ноороми ҷаҳонӣ, таҳдид ба зиндагии осоишта ва сулҳу суботи инсоният, имрўз аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Ҳангоме, ки кас тариқи расонаҳои хабарӣ гурезагони давлатҳои Шарқро мебинад, ки дар даст кўдакони хурдсол бо чӣ қадар машаққату азиятҳо, дар ҳоли маъюсӣ ва ноумедиҳо аз тарси маргу куштор сарҳадҳои давлатҳои дигарро убур менамоянд, дилаш реш мешавад. Охир онҳо низ соҳиби давлату хонаву дар буданд. Кўдакони онҳо низ орзуи хушҳоливу донишандузиро доштанд.

   Вабои аср, ки онро ифротгароӣ ё худ терроризми байналмиллалӣ меноманд, имрўз яке аз муаммои рўзмарраи кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.  Ифротгароӣ ин амал ё ҳаракате мебошад, ки аз ҷониби як шахс ва ё гурўҳ барои аз байн бурдани сиёсат, фарҳанг ва  ё идеологияи амалкунандаи давлат рўи кор оварда мешавад. Яъне мақсади ин гуна шахсон ва гурўҳҳо ҷорӣ намудани идеологияи худ мебошад, ки дар маҷмуъ ҳадафи ҷиноияшон ин сарнагун кардани ҳокимияти амалкунанда ба ҳисоб меравад. Дар ин асно, саволе пайдо мешавад, ки террористон низ ватану миллату фарзанд надоранд? Ба ин савол ҷавоб якест. На! Онҳо ватану миллат, на имону инсоф доранд. Барои террористон куштору қатли одамони бегуноҳ, зинда сўзонидан ва ё гўронидан, вайрону валангор кардани мулку кишвари обод, сарсону гурезон кардани мардуми бегуноҳ, мақсади асосӣ мебошад. Бо мақсади зиёд кардани нуфузи худ ва ҷалби шумораи зиёди одамон, бахусус ҷавонон ба сафҳои худ, гурўҳҳои террористиву экстремистӣ ваъдаҳои моддиву молӣ ва ҳаёти осоиштаи ондунёвиро медиҳанд. Дар ин мақсад онҳо ҳизбу ҳаракатҳои бебунёди дигар кишварҳоро бо роҳи мутеъ кардани роҳбарони онҳо истифода мебаранд.

  Давлати соҳибистиқлоли мо бо амри тақдир ва «хизмати» ҳамин гуна ифротгароёну ҳизббозон, аз рўзҳои аввал дучори ҷудоиандозиҳо гардид, ки оқибат ба ҷанги бародаркуш табдил ёфта, ҳазорон нафар ҳамватанони мо ба ҳалокат расида, ҳамин қадари дигар гуреза шуданд. Дар ҳамин ҳол, ба туфайли мустаҷоб гардидани дуои модарони тоҷик, чун офтоби дурахшон Эмомалӣ Раҳмон ба дарди миллат дармонгар шуд. Ў аз рўзи аввал ба мардум ваъда дод, ки сулҳ меорад, Ваҳдати миллиро пойдор менамояд ва тамоми гурезагонро ба Ватан  бармегардонад. Ба ваъдаи додаи худ мардонавор вафо кард. Миллати тоҷикро сарҷамъ, оташи ҷангро хомўш ва халқро серу Ватанро обод кард. Имрўз ҷомеаи ҷаҳон миллати тоҷикро эътироф кард. Аз ин рў, ҳар яки мо бояд ба боварии Сарвари худ сазовор бошем ва бо амалу фаъолияти худ дар ҷодаи садоқат ба Ватан, ҳисси баланди миллиамонро исбот намоем. 

Албатта, ҳамаи ин пешравиҳои халқи мо, ободшавии кишвари азизамон ва баландшавии обрўву нуфузи он дар арсаи ҷаҳон, гурўҳҳои ҳасадхўр ва мочароҷуйро ором намегузорад. Онҳо бо ҳар роҳу восита, мехоҳанд сафҳои худро аз ҳисоби шаҳрвандон, бахусус ҷавонон зиёд намуда, дар шуури онҳо ақидаҳои ифротгароӣ ва террористиро ҷой карда, барои иҷрои амалҳои нопоку разилонаи худ омода намоянд.

Аммо ин гурўҳҳову ҳизбҳо фаромўш менамоянд, ки имрўз халқи кишвари мо дигар фирефтаи дасисаву ҷудоиандозиҳои онҳо намегарданд, нисбати онҳо нафрат доранд ва онҳоро маҳкум менамоянд. Далели ин гуфтаҳо, пурра торумор шудани гурўҳи террористии «Ҳоҷӣ Ҳалим» ва ба мақсади нопоки худ нарасидани онҳо мебошад. Ин гурўҳҳо ва ба ном ҳизбҳои барпонашуда бояд донанд, ки халқи мо аллакай ҳизберо, ки дар ҳиқиқат орзуву ормони онҳоро медонад, ба роҳи дўстиву тифоқӣ, якдилӣ ва ободии кишвар мебарад, интихоб кардааст ва онро дастгирӣ менамояд. Дар ҷомеаи мо, бояд ҳар як фард аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ огоҳ бошад. Надонистани қонун касро ба гумроҳӣ мебараду дар ҳолатҳои зарурӣ аз худ дифоъ карда наметавонад. Бисёр хуб мебуд, агар маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардорем. Мубориза бурдан ва пеши роҳи таблиғгарони сиёҳкорро сари вақт гирифтан, вазифаи асосии ватандўстонаи мост. Набояд иҷозат бидиҳем, ки онҳо ақидаҳои нодурусту иғвогаронаи худро миёни мардум паҳн намоянд. Якчанд ватанфурўш аз хориҷи кишвар истода, тариқи интернет роҳбарони давлату пешвоёни асили дини исломро, ки тарғибгари ҳақиқатанд, мазаммат кардаанд. Агар, онҳо ватандўст мебуданд, зодгоҳашонро тарк намегуфтанд. Сониян, аз мулки бегона истода, сўи Тоҷикистону мардуми худ санг намепартофтанд. 

Ҳамзамон, бо назардошти авҷ гирифтани фаъолияти гурўҳҳои ифротгаро ва террористӣ, умуман дар арсаи ҷаҳон, ҳар як шахси худогоҳ, бахусус аҳли зиё, устодони макотиби миёна ва олӣ, фаъолони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо, падару модарон ҳамарўза ба шогирдону фарзандон ва ҷавонони маҳал талқин намоянд, ки дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, фирефтаи ақидаҳои зиддиинсонии онҳо нагардидан, имрўз вазифаи асосии шаҳрвандон ҳисоб меравад. Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки имрўз роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвари азизамон аз онҳо умеди калон дорад.  Аз ин хотир, онҳо бояд ба ташвиқоти гурўҳҳову ҳизбҳои ҷудоиандоз, тағрибкунандаи идеологияи  зўроварӣ ва ниятҳои нопокдошта фирефта нашаванд.  

Давлатқадамов Хушқадам,

сокини ш. Хоруғ

Search