ПАЁМ – САРГУЗАШТНОМАИ МИЛЛАТИ КУҲАНБУЁНД ВА ДУРНАМОИ ДАВЛАТИ ҶАВОНИ НАВОБОД

Дар оғози соли нав ироа гардидани Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хосияти басо нек дорад. Бояд иқрор шуд, ки тамоми раҳгумзаданиҳо ва сарсониҳо дар гўшаҳои мухталифи ҷаҳон побасти бероҳнамоиҳост. Бесабаб муроҷиати Ҷаноби Олӣ ба Маҷлиси Олиро унвон «паём» накардаанд. Паём, ки ба се маъно

- хабар, яъне додани иттилоот,

- пайғом, яъне муждаи нек,

- рисолат, яъне сафирӣ дар маънои дунявӣ

дар фарҳангномаҳо омадааст, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун санади таҳлиливу стратегӣ фарогири ин се маъно буда, рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ҷомеа, дастовардҳо ва интизориҳо дар марҳалаи як солро муайян мекунад. Моҳияти аслии ҳар Паём, ки аз ҷониби Сарвари Кишвар ироа мегардад, саҳми Давлатро дар ноил гардидан ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар солҳои пеш ва натиҷаҳои мавриди интизор дар соли ҷориро нишон медиҳад. Дар умум ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти ҷомеа ҳамеша дар маркази диққати Президенти Мамлакат қарор дорад. Масъалаҳое, ки дар Паёми имсола низ мавриди натиҷагирӣ қарор гирифтаанд, ҳадафи стратегӣ дошта, дар амал татбиқ шудани онҳо дар самти ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ нақши бузург доранд. Пешниҳод гардидани Паём ба он далолат мекунад, ки дар доираи манофеи миллӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди кишвари Тоҷикистон муайян гардида, ба ин васила орзўву ормонҳои мардум баҳри расидан ба мақсадҳои олӣ амалӣ мегарданд. Ҳамчунин бо ишора ба пешрафтҳои шоён дар самтҳои мухталиф Паём башоратест ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз гузаштан ба зинаи нави тараққиёт ва шаҳодатест аз рушди бемайлон дар тамоми соҳаҳои иҷтимиву иқтисодии кишвар.

          Мутобиқ ба қавонин ва муқаррароти таъйиншуда дар Паёми имсола низ гузориши расмии солона аз вазъи давлату самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат пешниҳод гардид. Махсусан Пешвои миллат дар бораи уҳдадориҳо ва вазифаҳое, ки дар пеши ў ба ҳайси Роҳбари Ҳукумат гузошта шудаанд, изҳори назар намуда, аз натиҷаи фаъолияти яксоли гузашта ва мавқеияти худ барои соли ҷорӣ сухан мекунанд.

          Барои мардуми шарифи Тоҷикистон Паёми Сарвари Мамлакат  як санади расмӣ ва ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ буда, ойинаи равшанест аз тавсеаи иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, як барномаи ҷомеъ аз ҳамаи намодҳо ва чашмандози ҳаракати пойдор аз ҷомеаи мост. Ба ҳамин далел аст, ки на танҳо кормандони давлатӣ, балки ҳамаи қишрҳои мардум низ ба каррот ба ин санади муҳим мутавассил мешаванд ва муҳтавои онро асли фаъолияти худ қарор медиҳанд.

          Хитоби имсоли Роҳбари миллат арзёбии амиқе аз моҳияти аслӣ ва фарояндҳои минтақаиву ҷаҳониро ироа медиҳад, ба таври ҷомеъ дар мавриди муҳимтарин мавзўоти зиндагии сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар баҳс мекунад. Аз манзари муҳтавои куллӣ, меъёри аслии Паёми имсоли Пешвои миллатро метавон як таҳлили ҷомеъ аз авзои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар ва тавсеаи бонизоми он донист. Зеро таваҷҷуҳи вижае ба меъёри муҳимми тавсеа, яъне иқтисод дорад.

           Яке аз раҳнамудҳои муҳими Паём, ки мавриди таваҷҷуҳи вижаи Раҳбари Давлат қарор гирифт, масъалаи зиндагии иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои соли 2021 ва чашмандозҳои он аст. Аввалин масъалаи мавриди баҳс дар ҷиҳати иқтисодӣ таҳлили нархи рушди воқеии маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020 буд. Вобаста ба ин масъала суръати афзоиши воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилиро нишон дода, ба андозаи нишондиҳандаҳо аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро, ки гувоҳӣ аз рушди босубот медиҳанд, ишора намуданд. Пешвои миллат иброз намуданд, ки новобаста аз вазъи ниҳоят мушкили иқтисодӣ дар тамоми ҷаҳон ба иллати хуруҷи вируси Ковид-19 ва таъсири ниҳоят вазнини он ба буҷаи давлати Тоҷикистон, аз буҷети давлат ба соҳаи тандурустӣ беш аз як миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуд. Ҳамчунин ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия бо мақсади дастгирии ҷомеаи осебпазири ҷомеа ба соҳибкорони ватанӣ тибқи фармони махсуси Президенти Кишвар сабукиҳо ба маблағи беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод гардид…

          Аз мазмуни Паём бармеояд, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар ҷомеаи кунунӣ паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад.  Аз ҷониби Пешвои  миллат масъалаи саҳми бахши хусусӣ ва баланд гардидани нишондодҳо ва таъсири он дар самти маҷмўи маҳсулоти дохилӣ яке аз дастовардҳои солҳои охир дар бахши иқтисоди кишвар арзёбӣ гардид.  Бешак, Роҳбари Кишвар ба рушди соҳибкории хусусӣ диққати доимӣ дода, дастгирии онҳоро ҳамеша таъкид менамояд.   Дар асоси баёни Паём вазифагузориҳо ҷиҳати ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ муайян гардиданд. 

          Метавон иброз намуд, ки маҳз ба ташаббуси Президенти Кишвар бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои мутараққӣ муносибатҳои устувори иқтисодӣ барқарор шуданд, ки дар татбиқи барномаҳои рушди мамлакат саҳмгузорӣ менамоянд.

          Рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолӣ дар кишвар ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқ будани он яке аз бахшҳои умдаи Паёми имсола  маҳсуб ёфт, ки дар ин самт Пешвои миллат андешидани тадбирҳои заруриро талаб намуданд. 

          Гузаштан ба технологияи рақамӣ яке аз самтҳои асосии мустаҳкам намудани сиёсати иқтисодии кишвар ба шумор меравад.Вобаста ба ин масъала Роҳбари Давлат ҳарчи тезтар ҷорӣ кардани технологияи рақамиро дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ  тақозо доштанд.  Бино бар ин Президенти Кишвар боисрор талаб мекарданд, ки дар самти ҷорӣ кардани технологияи рақамӣ, ки таъсири омилҳои инсониро бартараф месозад, чораҳои мушаххас андешида, қадамҳои қатъӣ гузошта шаванд.

          Яке аз омилҳои таъмини инкишофи иқтисоди кишварро Ҷаноби Олӣ дар ҷалби бевоситаи сармояи хориҷӣ мебинанд.  Вобаста ба ин масъала дар Паём барои беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим амалӣ шудани тадбирҳои мушаххасро талаб намуданд.      

          Президенти Кишвар масъалаи содироти маҳсулоти ватаниро бори дигар мавриди таҳлил қарор дода, сабабҳои садди роҳ шуданро нишон дода, пешниҳодҳои мушаххасу дақиқро баҳри ҳалли мусбати ин масъала  пешкаш намуданд ва вазоратҳои дахлдорро муваззаф намуданд, то ҳарчи тезтар дар ин самт коррҳоро ҷоннок намоянд. 

          Пешвои миллат зимни ироаи Паём зикр намуданд, ки бо мақсади дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюбро аз 20 то 50 фоиз аз якуми сентябри соли равон зиёд карда шавад.

          Масъалаи дигаре, ки дар Паём мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин таҳким ва рушди маориф ва илм мебошад, зеро соҳаи маориф ва илм пояи асосии инкишофи миллати мутамаддин шинохта мешавад. Барои соҳиби рушди устувор гардидани кишвар Пешвои миллат идрорпулии ҷавононе, ки дар зинаҳои мухталифи илмӣ таҳсил мекунанд, аз 1-уми сенятбри соли равон ба андозаи 30 фоиз баланд намуданд. Ҳамчунин чораҳои дигари фаъолгардонии соҳаи илмро пешниҳод намуда, аз ҷумла ҷиҳати бештар ба хориҷи кишвар фиристодани донишандўзонро, махсусан дар соҳаҳои илмҳои дақиқу риёзиро ба идораҳои дахлдор вазифагузорӣ намуданд. 

          Масъалаҳои терроризму экстремизм ва коррупсия низ аз мавзўъҳои калидии Паёми имсола буданд. Чун дар чанд соли пештар ба иллати паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он коррупсия сартосари қишрҳои мухталифи ҷомеаро гирифта буд, имрўз саводнокиву маърифатнокии мардуми дар ин самт куллан ба назар мерасад ва Пешвои миллат ба пурра хотима додан ба корҳои коррупсионӣ ишораҳо намуда, ба муассисасаҳои марбута вазифаҳои мушаххас супориданд.

          Лозим ба ёдоварист, ки ҳамроҳ бо таҳлилу чашмандози масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳамчунин ҷанбаҳои зиндагии сиёсӣ-иҷтимоии кишвар аз ҷумла, беҳдошт, илму маориф, фарҳанг, ҷавонон, занону модарон, худогоҳии миллӣ, иҷрои қонун, ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ, таҳдидоту ҷолишҳои муосир ва соири мавзўоти муҳимми ҷомеаи Тоҷикистон мавриди таҳлилу баҳс қарор гирифтанд.

        Бинобар ин, суханронии имсолаи Роҳбари миллат қадами таъйинкунандаи дигаре барои расидан ба ояндаи равшан аст. Ба таври куллӣ мардуми кишвар бо рўҳияи боло Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  самимона пазируфта, тамоми дастурамалҳо ва пешниҳодоти Сарварри Давлатро  саривақтӣ арҷгузорӣ намуда истодаанд.

Қаландариён Ҳоким Сафар, Директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филологӣ

Search