Паёми Пешвои миллат-асоси рушди кишвар аст

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми январи соли ҷорӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таърихӣ, яъне 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон  ироа гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари азизамонро муайян намуд.

Сарвари Давлат Паёми имсолаи худро аз паҳн шудани бемории сироятии “Коронавирус” ва вобаста ба он, паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омадани ҷаҳони имрӯза оғоз намуданд, ки ин бесабаб набуд. Зеро дар ин давраи бисёр ҳассос дар кишвари мо барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии “Ковид – 19” беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар намуданд. Бар замми ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд.

Чӣ тавре Пешвои миллат дар Паёми худ зикр намуданд, вобаста ба паҳншавии пандемияи «Ковид-19», бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шудаанд.

Инчунин, дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019–ум ду фоиз зиёд мебошад.

Дар партави Паёми Пешвои муаззами миллат қайд карданиам, ки мо бояд фаромӯш насозем, ки барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1–уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд. Худ қазоват намоед, дар давраи ба бӯҳрони шадиди иқтисоди дучор омадани давлати мо ва дигар кишварҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бо мақсади баланд бардоштани некуаҳолии мардум тавонистанд, бо гирифтани  маблағҳои қарзӣ ва грантӣ аз Фондҳои махсуси байналмиллалӣ музди меҳнат, стипендия ва нафақаро зиёд намоянд.

Ҳамзамон, Президенти кишвар дар Паём қайд намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ низ, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод карданд, ки стипендияи онҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳарвақта ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намуданд, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад. Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 — сола, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.

Иқдоми пешниҳоднамудаи Президенти кишвар имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда, беҳтар гардад.

Дар ин ҷода мехостам қайд намоям, ки Пешвои миллат бо иқдоми ғамхоронаи худ, дар Паём ба масъулин супориш доданд, ки се мактаб – интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе, мисли мактабҳои байналмилалии Президентӣ бо шароити беҳтарини таҳсил ва зиндагӣ бунёд карда шавад.

Дар Паёми имсола бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ, деҳқон ва зироаткорони кишвар майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш доданд, соли 2021 ин табақа аз андози замин пурра озод гардид. Ин албатта ғамхории навбатии Пешвои миллат ба ин қишри заҳматкашӣ ҷомеа аст.

Худ қазоват намоед, ки соли 2020 новобаста аз буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ дар кишвари мо 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Пешвои миллат чӣ тавре қайд намуданд, соли 2020–ум бо рӯйдодҳои басо муҳиму хотирмони худ ба таърихи давлатдории миллии мо ворид гардид.

Зеро мо дар ин сол мо ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандиро дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии  Юнеско  таҷлил кардем.

Ҳамчунин, бо иштироки фаъолонаи халқи тоҷик соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ, якум – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ баргузор намудем.

Дар маҷмӯъ Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар мазмуни саҳеҳ дошта, дар боби иттиҳоду ҳамкорӣ, ваҳдату ватандӯстӣ, ободии диёру таъмини беҳбудии рӯзгори мардум, ки яке аз вазифаҳои мураккаб ба ҳисоб мераванд ва мо танҳо дар иттиҳод, якдигарфаҳмӣ, меҳнати аҳлона ва эҷодкорона метавонем, онҳоро амалӣ гардонем ва рӯзгорамонро беҳбудӣ бахшем.

Паёми имсолаи Роҳбари давлат ба таърихи навини кишварамон асос гузошт, ки он аз андешаҳои навин, тарзу усули нави кор, муносибатҳои навин ба иқтисодиёту иҷтимоиёт ва аз сиёсату  маънавиёт иборат аст.

Дар Паёми навбатӣ Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар ба таври равшану возеҳ ва бо таҳлилҳои дақиқ оид ба мавқеи илму маориф, талабот нисбат ба тарбия ва таълим, аз худ кардани илмҳои бунёдӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи миллат ироа намуданд.

Умуман Паёми имсолаи Роҳбари давлатро заминаи бузурги ақлониву маънавӣ, пояи иттиҳоду иттифоқ ва ҳамкорӣ арзёбӣ намоям, хато намекунам.

Хулоса, ҳар як Паёми Пешвои миллат ва хусусан паёми имсоларо метавон гуфт, ки барои пояи иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳам маънавиёт ва таҳкими сулҳу салоҳ ва таъмини меҳнати осоиштаи мардум бунёди мустаҳкам гузошта шуд. Акнун аз ин пойгоҳ ҷониби фардо қадамҳои дилпурона ва устувор гузоштан мумкин аст. Ва он фардо имрӯз оғоз меёбад, ки ибтидои он аввали соли равон шурӯъ гардид. Паёми Пешвои миллатро хурду бузург хуб пазируфтанд. Пешвои миллат ҳар як Паёмеро, ки ироа менамояд мазмунаш пур аз садои ватандорӣ, хештаншиносӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ мебошад.

Чӣ тавре Сарвари давлати тоҷикон дар Паём як нуқтаи асосиро гуфтанд: “Назоратчӣ набошем, саҳмгузор бошем. Агар кӯмак карда наметавонем, халал нарасонем!”.

Баъди тамошои Паём ҳар яки мо бояд ору номуси тоҷик будани худро бедор кунему даст ба созандагиву бунёдкорӣ занем. Боз як бори дигар ба ҷаҳониёни собит намоем, ки мо мардуми тоҷик мардуми баномус, мардуми меҳнатқарин ва ниҳоят мардуми тақдирсоз ва давронсоз ҳастем.

П. Саодатқадамов

нафақахур, сокини н.Шуғнон

Search