Раванди сулҳи Афғонистон ва таъсири он ба минтақа

          Расонаҳои ҷаҳонӣ аз он ҷумла пойгоҳи хабарии “Tolonews”  ҳафтаи равон хабареро пахш намудаанд, ки мувофиқи он саркардагони гурӯҳи террористии Толибон гуфтушуниди худро бо ҳайати давлатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муваққатан мавқуф намуданд, ки сабаби инро онҳо ба рӯзи қасам ёд намудани Президенти тоза интихобшудаи Амрико Ҷо Бойден рабт медиҳанд.

          Маънбаи мазкур мегуяд, ки сухангуй Толибон гуфтааст,ки онҳо мунтазири баён намудани изҳороти  Президенти тоза интихобшудаи Амрико Ҷу Бойден дар робитаи сиёсатҳои нави ӯ нисбат ба  Афғонистон мебошанд.

          Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки агар яке аз талаботи асосии  гурӯҳи террористии Толибон ин берун аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон намудани қушунҳои ИМА, ки зиёда аз 19 сол дар хоки Афғонистонанд  мебошанд,  аммо таҳлилгарон ба ин назаранд,ки гурӯҳи террористии Толибон чун ҳамеша бозичаи асосии дасти давлатҳои қудратманд боқӣ мемонанд.

          Гуфта мешавад, ки  гурӯҳи террористии Толибон ҳам дар гузашта ва ҳам дар айни замон дини Исломро чун ниқоби корҳои зишти худ намуда,дар қатлу ғорат ва ваҳшионат корҳоеро ба анҷом расондаанд, ки онҳо на танҳо ба ягон дину ойн, балки ба инсониат ҳам баробар намеоянд.Қатлҳои ҳадафмандонаи зиёиёну равшанфикрон, кӯдакону пиронсолону занон,ҳамла намудан ба мактабу донишгоҳҳо, бемористонҳо ва ширхоргоҳҳо амалҳои зишти гурӯҳи террористии Толибон будаанд, ки дар ин 19 соли охир ба анҷом расонидаанд.

          Ҳамчунин ба назар мерасад,ки давлатҳои абалқудат мехоҳанд,ки гурӯҳи террористии Толибонро барои манфиятҳои геополитикии худ истифода баранд ва барои пиёда намудани манфиятҳои милливу сиёсии худ дар минтақа барои Толибон як имтиёзеро муҳаё намоянд.

          Шабакаи телевизионии BBC бо такя аз маънбаҳои давлатии ҶИА дар охири ҳафтаи гузашта хабар дода буд, ки фиристодаи махсуси ИМА дар умури сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод ба Кобул омада буд ва қарор буд, ки бо Раиси   Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ вохурӣ менамуд ва эҳтимолан дар он мулоқот масъалаи ҳукумати муваққатӣ бо Толибон матраҳ мегардид. Ба қавли баъзе аз маънбаҳо аз он ҷумла пойгоҳи хабарии “Tolonews”  он мулоқот доир нагардид ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ хостгори вохурӣ бо Залмай Халилзод нагардидааст.

          Ба қавли манобеи давлатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аъзоёни гурӯҳи террористии Толибон ба вуҷуди паймонашон бо Амрико дар бораи ҳамкорӣ нанамудан бо гурӯҳҳои террористие ба монанди “ал-Қойда ” ва Шабакаи “Ҳақонӣ” риоя намекунанд ва ба таври пинҳонӣ бо он  гурӯҳҳои террористӣ ҳамкориҳои зич доранд ва дар кушторҳои ваҳшиёнаи нерӯҳои давлатии ҶИА ва мардуми осойшта ҳамроҳ даст доранд.

          Дар ин марҳила мардуми Тоҷикистон бо ҳамроҳии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳофизати сарҳади давлатӣ ва тамоми ҳудуди давлати худ бояд дастаҷаъмона барои манфиятҳои миллии худ ва осойштагии тамоми минтақа дар муқобили ин гурӯҳои террористӣ муборизаи беамон намоянд то қадами нопоки он зархаридони бенангу номус ба хоки Ватани мо ва минтақаи Осиёи Марказӣ роҳ наёбанд.

          Воқеаҳои даҳсолаҳои охири давлати ҳамсояи мо  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон моро ҳӯшдор медиҳад,ки ба ҷуз худи мо касе Ватани моро дифо намекунад ва танҳо худи моем, ки метавонем,ки аз тамомиати арзӣ ва пойдории ҳамешагии кишварамон андеша ва амал намоем.

    Саъдоншои Улфатӣ

Search