«Бешарафии бешараф»

Таввасути шабакаи телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шудани филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»  қисми 7 тахти унвони «Бешараф» аъмоли яке аз фаъолтарин мубалиғи ҳизби бадномшудаи нахзати ислом  Муҳаммадиқболи Садриддинро инъикос  намуда,  бори  дигар пардаро аз рўи зиндагӣ  ва аъмоли пасипардагии пешвоёни ҳизби наҳзати исломӣ мебардорад. Бо шиору даъватҳои исломӣ барои ҳадафҳои шахсии худ ба гирдоби фалокати фоҷиабор дучор намудани мардуми бегуноҳ дар солҳои навадуми асри гузашта аз ҷониби ба истилоҳ «ҳомиёни ислом дар Тоҷикистон» - ғояи асосии филми мазкурро ташкил медиҳад.

Дар  рўзҳои кунунӣ   низ  ин ҳомиёни   миллат  худро  ҳимоятгари манофеи   мардум   муаррифи  намуда, аз дур,  аз  кишвархои  хориҷӣ  ватану мамлакату халқи худро  таҳти  маломату таҳқир  қарор  медиҳанд,  Вале  андеша  намекунанд, ки  худ кӣ  буданду  ба чӣ корҳо  машғул  шуда  буданд. Падари   Муҳаммадиқбол бо  номи мулло Қаландар  яке аз  таъсисдихандагони ташкилоти   ифротии  ҳизби  наҳзати исломӣ буд, ҳатто боре иддао  карда  буд,  ки  ин ҳизб  дар хонаи падари  ман   ташкил  шуда   буд.  Ҳизби  наҳзати  исломии  Тоҷикистон, ки  баъдтар чун  ташкилоти ифротӣ ва  экстримистӣ манъ  карда шуд, маълум шуд, дар  ибтидо  чӣ  гуна  пешвоён  доштааст. Дар саромади  ин  ташкилот  шахсҳое  мисли  мулло Қаландар истода буданд ва хати  маши  сиёсии онро низ   инҳо  муайян  карда  буданд ва Тоҷикистони  тоза   ба истиқлол расидаро  ба гирдоби  ҷанги  шаҳрвандии  фоҷеабор    тела  доданд.  Зеро  инҳо  бо манофеи  шахсии  худ  ба    сиёсати  ин  ташкилоти ифротӣ   муносибат  доштанд.  Манфиати миллат, мамлакати тозаистиқлол, дин  барои  инҳо  арзише  надошт.  Дар  охир   худ ба хатти таназзули худ  ҳамчун  шахсият  расиданд ва  на танҳо  обрўю  эътибор,  балки   шарафу  номуси  шахсии  худро низ  аз  даст  доданд.

 Пас аз  тамошои  филм  ба  хулосае  омадан мумкин  аст, ки он манманию  фазлфурўшии  дурўғини  Муҳаммадиқболи  Садриддин   аз  шабакахои   интернетӣ  суханҳои  пучу  бепоя  буда,  танхо  барои  манфиати  шахсии худ    пайваста  пахш  мешаванд. Ў дар  мамлакати  буду  бошаш   дар байни ҳамтоёнаш  худро  мубориз ва  пуштибони  демократия   вонамуд  карда, барои худ  имиҷ  месозад.

 Боварӣ  дорем онҳое  ки каму беш  фирефтаи  суханони  бепояю  пучи   ин «идеологи  наҳзатӣ»  мешуданд, баъд  аз  тамошои  филм  нисбати  ў  нафрат  пайдо  мекунанд.

  Ҳизби  ифротию  террористии  наҳзатро  маҳз ҳамин  гуна   шахсиятҳои булаҷаб ташкилу  роҳбарӣ  мекарданд. Маълум  шуд, ки  роҳбарони ташкилоти мазкур чун ба  истилоҳ  «бизнесси»  ашхоси  алоҳидаи сарварони  манфиатҷӯ, шурангез ва  иғвогари   дур  аз манофеи мардуму   дину  оин  фаъолият  бурда,  бо  шиорҳои  мазмунҳои  динидошта   оммаи  зудбоварро  гўл  зада,  тафриқаандозӣ  мекунанд.

 Аз тариқи телевизион намоиш дода шудани ин филм иқдоми  шоиста буда, дар  шароити кунунии набарди иттилоотию мафкуравӣ барои  таҳкими муҳити солими маънавию  идеологии ҷомеа ва барои  таҳкими амнияти иттилоотии мамлакат аҳамияти калон  дорад.

 Назрӣ  Офаридаев, профессори

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Search