"Дарди форам” Муҳаммадиқболро ба Аврупо бурд

Ба назарам, бисёриҳо қиссаи мавриди таҷовуз қарор гирифтани бонуеро, ки чанд сол қабл тавассути яке аз радиоҳои мустақил пахш шуд, шунидаанду ёд доранд. Он бону, ки қиссаро шахсан худаш нақл мекард, мегуфт, аз сӯи амакаш мавриди зӯроварии ҷинсӣ қарор гирифта, баъдан то ҷое ба ин зӯровариҳо одат кардаву дигар муқобила намекард, то замоне ки ҳомиладор шудаву аз ҷониби наздикону атрофиён мавриди фишор ва хандахариш қарор нагирифт. Ба суоли хабарнигор, ки ҷузъиёти ҳодисаро мепурсид, бону мегуфт, “секин-секин дарди форам” буд...

Ин қисса замоне ёдам омад, ки филми мустанади “Бешарафӣ”-ро тамошо мекардам. Маълум гардид, ки қаҳрамони филм Муҳаммадиқболи Садриддин ҳам мубталои “секин-секин дарди форам” будааст. Ва ин дард ӯро водор намуда, ки роҳи тӯлониеро тай кардаву худро то ба Аврупо расонад. Ба Аврупо расидани ӯ (фирор карданаш) мавзӯъи баҳси алоҳида нест, дар ҳамин филм нуқта ба нуқта зикр шудааст, аммо ҳоло онро канор мегузорем.

“Шафтолу”-и гап ин ки замоне ки падари наҳзатияш бар сари мардуми худ бо тиру тӯфанг меомад, Муҳаммадиқболро дар Афғонистон таҷовуз кардаанд. Қумондоне бо номи Ғулом “аз боғи Муҳаммадиқбол ҳай гул чида дар заминаш ҳай кишт кардааст”, ки дигар ин навраси дар ҳолати оҷизӣ қарордошта одативу омӯхтаву кайфӣ шудааст. Садқаву бандаи “гулпарвар” қумондон Ғулом шудаву байни пойи ӯ ҳалқа задааст.

Бо айби падараш наврасарӯси қумондон шуданаш Муҳаммадиқболро сахт аламзада кардааст. Ва ин алам то ҳанӯз боқӣ будааст, то ҷое, ки ӯ ҳатто ба ҷанозаи падараш нарафтааст. Ва танҳо чизе ҳам, ки аз падараш ба ёдгор мондааст, ҳамин “секин-секин дарди форам” будааст. Ёдгорие, ки Муҳаммадиқбол то охирин рӯзе, ки дорад, аз он лаззат мебарад. Аммо чӣ лаззате, ки пур аз бефаросативу беномусиву бешарафист...

Муҳаммадиқбол, ки “лаззат”-и он дардро дар Афғонистон чашидааст, метавонист он ҷо монад. Ба ҳар сурат, “бахти бачагӣ”-яшро ин ҷо ёфта буд. Ё дар Покистон ҳам, ки тибқи хабарҳо, ӯ муддате зери назари муллоҳои бачабоз таълим мегирифт, метавонист “шукуфад”. Дар Дубай ҳам будааст – ҷое, ки ба гуфтаи ҳолдонҳо, ба ин гунаҳо таваҷҷуҳ зиёд асту Муҳаммадиқбол метавонист серхаридор бошад. Аммо ӯ ба Аврупо рафт. Ва танҳо ба он хотир не, ки аз қарздорону онҳое, ки мавриди қаллобияш қарор гирифтаанд, халос шавад. Масъала дар ҷойи дигар аст.

Онҳое, ки Муҳаммадиқболро мешиносанд, ба ду сабаб ишора мекунанд. Яке он ҷо ҳузур доштани роҳбари наҳзатиҳо Муҳиддин Кабирӣ будааст, ки аз рӯйи бархе маълумотҳо, низ ба бачабозӣ ҳавас дорад. То ин замон, ҳадди ақал, як ҳолати бачабозии Кабирӣ маълум аст. Сабаби дуввум ин буда, ки Муҳаммадиқбол дар бораи озодона ба ҳамҷинсгароӣ машғул шудан дар Аврупо хуб медонад. Балки бо ҳолате, ки дорад, дар Аврупо ӯро сар-сари... даст мегардонанд.

Аз сӯйи дигар, Муҳаммадиқбол агар Афғонистону Покистонро бо далели “кишварҳои қафомонда”, “қумандонҳои серпашм”, “муллоҳои чашмгурусна” будан тарк карда бошад, Дубайро барои он написандид, ки “микрофонгирӣ” ба дилаш зад. Ӯ худ ниёзманд буд. Дар ҳоле ки ин ҷо ниёзҳояшро таъмин накарданд, Аврупои кушоду озод ӯро ба сӯяш хонд.

Ҳамин аст, ки ҳоло дар Аврупо ҳай ҷилва дораду бо ҳар ранге, ки хоҳед, ӯро мебинед. “Дарди кампир – ғӯза” гуфтагӣ барин дарду аламе, ки дорад, болои дигарон бор мекунад, бар василае, ки даст дод, ба дигарон туҳмат мезанад, таҳқир мекунад, то ин ки таваҷҷуҳро ба самти дигар барад, аммо оё офтобро бо доман пӯшонида мешавад?

Ба назарам, муҳимтарин коре, ки шуда, барқарории адолат аст. Мулло Қаландар подоши он чиро гирифт, ки ба дигарон кард: бар сари фарзанди мардум тир зад, фарзанди худашро чатандарида карданд, шармандаву шармсори ин дунёву охират карданд. Дуруст мегӯянд, ки “ҳаққи мардум аз як ҷо зада мебарояд”.

- Муҳаммадиқбол, “секин-секин дарди форам”...

- Ҳа ҷуна....

Search