Паём –тақвиятдиҳандаи илму маориф ва сарҷамъиву субот

Воқеан имсол ҳам чун ҳарвақтамардуми шарифи Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бесаброна интизор шуда, аз ироа гардидани он рӯҳу илҳоми нав гирифтанд.

Азҷумла, ташаббусҳои олии Сарвари давлат бо ҳадафи боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим, ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон, устодону омӯзгорон ва тақвияту татбиқи «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» ва дигар иқдомҳои дар Паём таъкидгардида аз ҷониби ҳозирин бо самимияти хос пазируфта шуданд.

Мо аминем, ки ҳамасола баргузор намудани озмуни нави ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» як такони ҷиддиву воқеӣ дар пешрафти маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, минбаъд дар таҳкими омодагии кадрҳои баландихтисос ҳам мусоидат менамояд.

Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Дар баробари ин, вобаста ба таҳкими манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар ин росто Пешвои муаззами миллат махсус таъкид карданд, вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон бо диққати аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ ва думравони онҳо барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа, тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ ҳаматарафа кӯшиш намуда, карда, барои мағзшӯии ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз ҳама гуна роҳу воситаҳои мамнӯъ истифода мебаранд.

Дар ҳақиқат душманони ашаддии миллат ва сарпарастону хоҷагони хориҷии онҳо то ҳанӯз ҳам аз нақшаҳои сиёҳву нопок ва ғаразноки худ, ки дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ доштанд, даст кашиданӣ нестанд.

Аз ин рӯ, аҳли зиё, сарбозону афсарон, ҷавонон ва сокинони шаҳру ноҳияҳои кишварро зарур аст, ки барои пешгирии ҳамагуна ҷиноятҳо аз қабтли қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, адабиёти экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ дар хатти сарҳади давлатӣ бо ниҳодҳои қудратӣ ҳамкории судмандро таҳкиму тақвият дода, дар суботи сартосарӣ ва гуггулшукуфии Ватани азизи хеш камари ҳиммат банданд.

Мо бояд аз ҳарвақта бештар атрофи Сарвари ғамхору абармарди давлат сарҷамъу созанда бошем ва ҳамаи дастуру супоришҳои дар Паём ироагардидаи Ӯро сармашқи ҳаёти хеш қарор диҳем.

Машҳур Имомназар, муҳаррири

рӯзномаи“Фурӯғи Маърифат”- Донишгоҳи

давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Search