Паёми мо ояндаи мост

Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  муждарасони  ояндаи нек буда,аз амалҳои дар ин роҳ амалигардида дарак медиҳад. Паёми имсола аз паёмҳои солҳои пешин ба куллӣ тафовут дорад. Дар Паёми  навин  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон дошт ,ки ҳадафи чоруми стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон  пеш аз ҳама дар саноатикунонии босурат таҷассум меёбад. Зина ба зина боло рафтани иқтисодиёти миллӣ  ва афзуншавии  содироти моли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далели пешрафти ҷомеа дар ҳама бахшҳо мебошад.

Ин аз он шабоҳат медиҳад.ки тибқи ин дастури муҳими Сарвари кишвар дар Ҷумҳурӣ дар соли 2019  зиёда аз 1600 корхонаи истеҳсолӣ сохта шуда, беш аз 25000 одам бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

        Зиндагии мардум беҳтар шуда, сатҳи камбизоатии аҳолӣ коҳиш ёфт ва дар ин замина иқтидори содиротии мамлакат афзоиш ёфт.

        Дар Пайёми  Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ фазои бунёдкорӣ ва созандагӣ мавқеи хоса дорад. Марҳила ба марҳила рушд ёфтан ва боло гирифтани  иқтисодиёти кишвар дар он ошкоро зоҳир гардида, назари  ояндабинии ҷомеа аз ин лиҳоз мусбат арзёбӣ  мегардад.

        Пайёми имсола чун давоми мантиқии Пайёми соли пешин аст, ки Сарвари давлат ошкоро баён доштаст, ки дар соли 2019-2020 Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба давлати индустриалӣ -аграрӣ табдил меёбад ва дар  ин замина саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ногузир аст.

        Назари ояндасози Президенти кишвар дар бобати рушди ҳама самтҳои мухталиф падидаи муҳимтаринест, дар эҷоди давлати навин ва соҳиби иқтидорҳои азими  истеҳсолӣ. Эхёи саноати вазнин – саноати металургӣ  ҷаҳиши наве хохад буд, дар таърихи Тоҷикистони дар марҳилаи рушд қарор дошта.

        Сохтмони корхонаҳои  калони металлургӣ дар қисматҳои маркази Ҷумҳурӣ ва дар кӯтоҳтарин муддат ба кор андохтани онҳо боиси  афзудани қудрати содиротии мамлакат гардида, имконияти воридоти маблағро ба буҷаи давлат  фароҳам меорад.

        Сарвари давлат бо дарки маъсулият ба манфиати миллат бори нахуст дар Пайёмаш ба Маҷлиси Олӣ башорат доданд, ки дар соли 2019 Тоҷикистон ба давлати содиротӣ табдил меёбад.

        Мубодилоти молӣ бо мамолики беруна дар сиёсати ҷаҳонӣ марҳилаи навин хоҳад буд, дар роҳи инкишофи сиёсати  берунии давлати Тоҷикистон. Ҳанӯз соли 2017 Президенти кишвар иброз дошт,ки дар ин сол иқтидори  сотиротии кишвар афзоиш меёбад.Ин амали ояндабинона имконият фароҳам овард, ки дар соли 2017 воридоти семент аз хориҷи кишвар пурра манъ гардида, содироти сементи  баландсифат бо назардошти истеҳсолоти ҷаҳонӣ истеҳсол ва содирот гардад.        Ин падидаи арзишманд дар олами сиёсат барои Тоҷикистони тозаистиқлол даричаи навине боз намуд, ба сӯи олами равобити мутақобила ва дӯстиву бародарӣ, ки аз рӯзҳои нахуст Сарвари кишвар талош ба он дорад.

        Нуқтаи муҳиме, ки дар Пайёми Роҳбари давлат зикр мегардад, ин расидан ба ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон аст, ки  ҳанӯз дар  Пайёми нахустинашон  ин муҳимотро зикр карда буд.

  Барои расидан ба  ҳадафҳои стратегии худ давлати Тоҷикистон бо роҳбари Президенти кишвар  сол ба сол роҳи пур аз навидҳову падидаҳои некро тай менамояд.

        Дар баробари ин маънавиёти ҷомеа ва бедории шуури сиёсии миллати тоҷик, дар роҳи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ва ифтихори миллӣ афзоиш меёбад, ки ин  падидаи муҳимтаринест дар ин роҳ.

Маҳз аз ин лиҳоз бо дарки масъулияти ватандорӣ ва бедории шуури ҷомеа дар роҳи худшиносии миллӣ ,ҳувият ва фарҳанги миллӣ Президенти кишвар озмунщои “Тоҷикистон ватани азизи ман а Фурӯғи субҳи донои ” роҳандозӣ намуд,ки ин амали нек дар байни қишрҳои ҷомеа фазои некро баҳри ояндаи ҷомеа падид овард. Эълон доштани  “Бистсолаи  омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  дар соҳаи маориф” таконе хоҳад шуд дар роҳи пешрафти ин илмҳо.

Аз назари сиёсатшиносони ҷаҳон Давлати Тоҷикистон ба ин ҳама талошҳо  баҳри фароҳам овардани зиндагии шоиста ва пешрафти босуботаш дар ҳама ҷабаҳо имрӯз дар қатори даҳ давлати рӯ ба рушд қарор дорад. Ин баҳои ҷомеаи ҷаҳонист. ки кишвари моро аз назари пешрафти тамоми соҳоташ баҳогузорӣ мекунад.

Дар ин замина ҳамасола маоши кормандони соҳаҳои мухталиф, маюбон ва нафақахурон баланд гардида, баҳри зиндагии шоистаи сокинон қадамҳои нав гузошта мешавад. Дар паёми имсоланиз Пешвои миллат ин иқдомро бари донишҷӯён нафақахурон,маюбон ва дигар қишрҳои ҷомеа роҳандозӣ намуд.

        Пешрафти босуръати  ҷомеаро ,ки моро ба ояндаи неки Тоҷикистон  мебарад дар мисоли ноҳия возеҳу равшан дида метавонем. Тайи  ду соли охир дар ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯ омада, дар ҳама соҳаҳо  ҷаҳиши бузурге  ба назар расид.ки ин пешрафти иқтисодӣ марҳилаи навин аст баҳри ояндаи нек.    Ин ҳама бояд иқрор шуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар ва талошҳои пайгиронааш дар роҳи расидан ба ҳадафҳои ниҳоии миллату давлат аст, ки имрӯз мо бо як низоми муайян ба он ноил мегардем.

        Дар бахши амниятии кишвар сарвари давлат изҳор дошт,ки ҳанӯз душманони миллат аз ниятҳои бади худ барнагаштаанд. Онҳо боз ният доранд,ки он бадбахтиҳое,ки соли 1992  ба сари миллату давлат оварданд, такрор намоянд. Баҳри ин мо бояд ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надода, дар муборизаи идеологӣ бо ин зумра омода бошем.

Бояд зикр намуд.ки Тоҷикистон имрӯз таҳти роҳбарии

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди боэътимод қарор дорад ва ҳеҷ як қувваи иртиҷоӣ наметавонад саддӣ ин роҳ гардад

        Ӯ кишвари мотамзадаи дар хоку хун  огӯштаро эҳё бахшид, миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот дод, сулҳу ваҳдатро пойдор сохт,  хонаи муҳташами  худшиносӣ ва ифтихори миллиро бино кард. Тоҷиконро ба оламиён  чун миллати тамаддунофару дорои маънавиёти баланд муаррифӣ  намуд ва он рӯз дур нест, ки ин  давлати аграрии тавлидкунандаи ашёи хомро, ба мамлакати индустиалии қудратманд табдил  диҳад.

Шоҳзода

Search