Фиребгариҳои навбатии М. Кабирӣ дар сомонаи иҷтимоӣ

Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари ТЭТ «ҲНИ» иғвову фиребгариҳои худро бар зидди мардуми кишвар густариш дода истодааст, ки ин гувоҳи аз гирифтани, супоришҳои навбатӣ аз хоҷагони хориҷиаш аст.

Имрӯз хоинони миллати мо, дар қолабҳои шахсиву гурӯҳӣ ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа мисли “Хамелион” рӯ зада, аз ритми азалии худ зери нотаи нотавонбинӣ, фитнаангезӣ, бӯҳтон ва дуруғафканӣ бо мақсади ғасби ҳокимияти қонунӣ истифода карда, мехоҳанд ба шуури созандаи мардум, хусусан ҷавонони саодатманди ин миллати куҳанбунёд, ки пайравони асилу воқеии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, латма ва доғ ворид кунанд.

Онҳо бехабар аз онанд, ки тирашон кайҳо хок хӯрдааст. Ягон нафар ба суханони бемазмуни онҳо гӯш намедиҳад ва агар диҳад ҳам, мисли тамошои мазҳакаи навбати гурӯҳи ҳаҷвӣ ва ё зери номи “Хоинони миллат” назар меандозаду якдам аз ин сӯзиши пур аз манфиатхоҳии шахсии хоинон бохабар мегардад.

Муҳиддин Кабириву ҳаммаслаконаш, аз қабили Муҳаммадиқболи Садриддин, Алим Шерзамон ва дигар хоинон дарк кардаанд, ки дигар ҳеҷ кас ба қавле мухлиси суханҳои колабиашон нест, вале ҳамоно аз ин мавқеи бешарафиашон истифода мебаранд. Ҳар шахс ва шахсияте, ки иродаи солим дорад ба ҳар тарзе зери шуури худ суолеро ба миён меорад, ки оё рӯзе мешуда бошад, ки ин гурӯҳчаҳои бо ном мухолифин, ки пештар зери пардаи “наҳзат” паноҳ мебурданд, имрӯз зери «Паймони миллии Тоҷикистон» бурда, аз андешаҳои нигилистикии худ даст кашанду афкори солимро пеша карда, ба ҷои он, ки дассисаҷӯйи кунанд ба фикри андешаи ифтихори миллӣ афтида, дар бунёди Тоҷикистони дунявӣ ва соҳибистиқлол ҳиссагузорӣ кунанд.

Мардуми куҳистони Бадахшон, чун ҳама сокинони кишвари Тоҷикистон, дар фазои амну суббот кору зиндагонӣ намуда истодаанд. Аз “андеша”, “афкор”-и нопок, “ақида”, “таҳлил” ва “изҳорот”-и ташкилоти ифротии “Паймони миллӣ” ва андешаҳои муғризони роҳбари ТЭТ «Ҳизби наҳзати исломӣ» Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамақидагонаш, огоҳанд, ва доимо ҳангоми дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидани чунин иғвоангезиҳо, амалу рафтори хоинони миллатро шадидан маҳкум мекунанд.

П. Саодатқамов, нафақахур, сокини н.Шуғнон

Search