Бедодиҳои Толибон дар Моҳи май

Тоҷикистон аз ҳамсояҳои наздики Афғонистон аст, ки бо ин кишвар беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад. Ин ҳамсоягӣ Тоҷикистонро пайваста дар ростои чолишҳои амниятӣ қарор медиҳад, ки камтарини он қочоқи маводи мухаддир ва бузургтаринаш интиқоли нооромиҳои Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон аст.

Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар 15 июли соли 1992 барқарор шудааст.

Дар пайи суқути режими Толибон дар Афғонистон дар авохири соли 2001 равобити Тоҷикистон бо ин кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ густариш ёфта, ба манзури ҳамоҳангсозии самтҳои ҳамкорӣ ва роҳҳои тавсеъаи онҳо миёни ин ду кишвар Комиссияи муштараки байни ҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ таъсис шуд.

Дар шароити феълӣ ҷиддитарин чолиш таҷаммӯъи афроди мусаллаҳ дар марзи ду кишвар аст ва ҳамчунин заъфи амниятӣ дар манотиқи марзии Афғонистон, ки дар моҳҳои ахир Толибон он маконҳоро дастикам ду дафъа тасарруф карданд. Дар як соли ахир чандин задухурди нерӯҳои Тоҷикистон бо гурӯҳҳои мусаллаҳ ва рабудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин сӯи марз ба мушоҳида расиданд.

Ин амали носавоб,ки амнияти марзиро халалдор месозад  барои ҳарду кишвари дӯсту ҳамзабон дар шароити кунунӣ мушкилоти зиёдеро пеш меорад.

 Дарҳамшиканиҳои Толибон имрӯз то ба ҷое расид,ки ҳатто ба деҳоти кӯчак низ ҳамла карда, мардуми бечораро зулму шиканҷа карда, охирин дороии онҳоро ба яғмо мебаранд.

 Дар пай доштани тарсу ваҳм ,куштору ваҳшиёнат яке аз амалҳои нахуст Толибон аст,ки солҳо боз дар пайи он аст.

 Чанде пеш дар деҳаи Моҳи Май,ки дар марзи Дарвоз ҷойгир аст,ҳамлаи Толибон ба мушоҳида расид. Дар деҳаи ором,ки мардум зиндагии хоксороне доштанд , ваҳшиёнати азимеро ба бор оварданд.  Гурӯҳи мусаллаҳ ба деҳа ворид шуда, куштору ғоратро ба бор оварданд.Афроди мусаллаҳ тамоми неруҳои давлатие,ки дар деҳа арзи ҳастӣ доштанд, қатл намуда, тамоми макотиби деҳр ва васоити муталлиқ ба таълимро шикаставу нобуд намуданд.

Ба зами ин тамоми дорогии мардуми бечораро кашида гирифтанд.  Охирин луқмаи тифлони хонадони деҳро  моли худ карданд.  Имрӯз мардуми деҳ зору нолонанд,ки чи гуна бо фарзандон замистонро паси сар хоҳанд кард.

 Мардуми деҳа бештар ба зироаткорӣ, чорводорӣ ва кори боғдорӣ шуғл дошта, меваи туту зардолу бойгарии асосии ҳар хонадон маҳсуб меёбад, ки ба гуфти як манба ин дорогиро аз ҳар хонавода рабурдаанд.

Мардуми бечораву сарсон дасти тиҳӣ ва ганҷури холӣ имрӯз рӯ ба осмон доранд. Акнун онҳо ғами фарзандони куша ва ғами гуруснагии замистони дарозро доранд. Ки медонад,ки бо ин ҳол оё то баҳор мерасида бошанд?

 Ин падидаи хатарзо моро водор месозад.ки марзи худро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошем ва ҳарчи аз дастамон бармеояд ба хотири амният ва осоиштагӣ дареғ надорем.

                                                                                             Шаҳриёр

Search