Собиқ журналист чӣ мегӯяд?

Баёни андеша имрӯз озод аст. Ҳама сухани хостаашро хоҳ ҳақ бошад хоҳ ноҳақ ба таври худ иброз медорад.

Чандест бо  дар саҳифаи Фейсбук наворҳое манзур мегарданд,ки ба собиқ журналисти телевизион ҳоло ронандаи таксӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода мансубият доранд. Росташ хонандаро ба андеша водор месозад. Ронандае,ки як замоне худ журналист буд имрӯз ронандаи таксист ва  аз нозирони роҳ гила дорад.

         Хонандаи азиз худ бояд қазоват намояд.ки нозири роҳ ҳамеша дар пайи  низоми роҳ аст ва ҳар кореро,ки раво мебинад ба хотири амну амонӣ дар роҳ аст. Вале агар дар ҷодаи иҷрои вазифа носозгорие рух диҳад  ва ё суистифода аз вазифа бошад ин амал бояд фош карда шавад. 

         Аммо дар ин ҷода гуноҳро бар сари давлат бор кардан аз инсоф берун аст.

Ба хотир биёред он солҳои бенизомӣ ва бе давлатиро.ки чи гуна мардуми одӣ аз дасти ронандаҳои бесалоҳият озор диданд. Чи қадар мардум қурбонии ин ронандаҳои бенизом гардида, боз нозирони роҳ сари ҳар қадам мушту шатаи он зӯрҳоро мехурданд.

         Худоро сад шукр низоми давлат барқарор ва устувор гардид,ки имрӯз ҳама чиз дар низоми худ амал дорад.

         Агар ту бародар ҷурме надорӣ, гуноҳе аз ту содир нашуда бошад, тамоми ҳуҷҷатҷоят барҷо бошад аз чи метарсӣ ? Бигузор нозир сад бор туро санҷида бошад ин танҳо ба фоидаи тусту халос.

         Пас оё ин моҷароро ба саҳифаи Фейсбук кашидан равост ?

Андешаи солимро баён доштан хуб аст аммо агар ба нафъи ҷомеа бошад. Бубинед Абдусаттор як чизи содаро баён дошт,ки ин дар зиндагии мо падидаи муқаррарист. Аммо дар ҷомеа он ба ҳар тарз пазиро мегардад.

         Бархе аз ин истифода карда, байни мардум боз шӯр ангехтани мешаванд. Ҳатто мардумро ба ҳамоиш даъват доранд, ки ин нуқтаи назар танҳо ва танҳо хоси онҳоест,ки ҳанӯз дар дил умеди ангезаи нави миллиро  парваришдоран.

         Сияҳкорони давлату миллат аз қабили Гурӯҳи 24 , Кабириҳо,радиои озодӣ ва дигар пошхурдаҳо,ки аз хиёнати худ ҳаросида ,  дар мулки бегона  панаҳ бурдаанд, ин навори соддаро ба таври дигар шарҳ медиҳанд. 

Ана ҳамин нуктаро ҳамеша бояд ба эътибор гирифт.Суханро тавре бояд иброз дошт.ки душманон  аз он истифода бурдан натавонанд.

Имрӯз вақти он расидааст,ки мо бояд пеш аз ҳама аз манфиатҳои миллӣ  ҳимоя намоем ва манфиати миллиро аз манфиати худ боло гузорем.

Дар навори охиронаш Абдусаттор ин нуктаро хуб дарк намудаст,ки манфиатҷӯён чизи дигар мегӯянд.

         Аммо бояд донист.ки як алангаи хурд метавонад оташи калонро падид орад.

Фаромӯш набояд кард,ки душманони миллат ҳамеша дар каминанд.

         Шаҳриёр

Search