Шабаҳе наҳзатӣ дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон

 “Нерӯҳои мухталифи террористиву ифротгаро аз ниятҳои харобиовари худ даст накашидаанд ва дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла бевосита дар наздикии мавзеи масъулияти СААД, фаъолона амалҳои худро идома медиҳанд.

Дар ин зимн мо бо нигаронӣ рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистонро, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоливу шарқии он, пайгирӣ менамоем.

Чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд”.

Ин бахше аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳафтаи сипаришуда дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ садо дод.

Ба масъалаи таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро дар назар дорад, таъкид намудани Сарвари давлат асосҳои хеле қавӣ дорад. Аз ҷумла, ин изҳорот дар шабурӯзе садо дод, ки бино ба хабарҳо, неруҳои ташкилоти террористии “Толибон” вулусволӣ ё ноҳияи Моймайи вилояти Бадахшони Афғонистон, воқеъ дар рӯ ба рӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистонро ишғол карданд. Ва дар солҳои охир бори аввал нест, ки маҳз ин минтақа, якҷо бо ноҳияҳои дигари наздисарҳадии Афғонистон ба ҳадаф гирифта мешавад.

Ба гуфтаи коршиносони амниятии Афғонистон, ин мавзеъҳоро неруҳои террористӣ бо чанд далел, аз ҷумла ин ки неруҳои давлатӣ ҳузури қавӣ надоранд, ба ҳадаф гирифтаанд. Аммо як омили асосӣ мавҷудияти пули байнимарзӣ будааст, ки ин минтақаро бо Дарвози Тоҷикистон пайваст мекунад.

Ба гуфтаи мақомоти ноҳияи Нусай, яке аз дигар ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистон, дар миёни Толибон, ки ба ин минтақаҳо ҳамла мекунанд, тоҷикистониҳо ҳам ҳастанд. Мақомоти амниятии ҳамсоякишвар ҳам мегӯянд, “Толибон” ба амалиёти ишғолии мавзеъҳои наздисарҳадӣ асосан ҷангиёни кишварҳои Осиёи Марказиро сафарбар мекунанд. Сабабаш дар ин буда, ки аз ҷумла, барои террористони аз Тоҷикистон баромада ин минтақаҳо бегона нестанд.

Бояд инро дар ёд дошта бошем, ки дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон ва он ҳам дар минтақае, ки пули гузар мавҷуд аст, ҳузури худро фаъол кардани “Толибон” як ҳадаф дорад: гузаштан ба қаламрави Тоҷикистон. Ва ин ҳадаф аз солҳои 90-уми асри гузашта мавҷуд аст, аз замоне ки неруҳои террористӣ таҳти роҳбарии Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзат ба Афғонистон фирор кардаву баъдан чандин маротиба қасди ҳамла ба Тоҷикистон ва тағйири сохти конститутсионӣ карданд. Дар матбуот оид ба амалиёти неруҳои наҳзатӣ дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон хеле фаровонанд ва борҳо буда, ки роҳбарияти наҳзат аз таҷрибаи ҷанги худ бо неруҳои давлатӣ дар марз қисса мекунанд. Бахусус, ин ки маҳз бо тавсия ва роҳнамоии роҳбарони ТТЭ ҲНИ теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон барои омӯзишҳои ҷангӣ ба лагерҳои дар Покистон мавҷудбуда фиристода шудаанд, то ҳанӯз мавриди нигарониянд.

Аммо ҳузури террористон аз Тоҷикистон дар сафҳои “Толибон” аз замоне шурӯъ гардид, ки Ташкилоти террористии Ҳизби наҳзат як тӯдаи бузурги силоҳбадастонро ба Афғонистон бурд ва маҳз дар ҳамон ҷо нақшаи ҳамла ба Тоҷикистонро кашид. Онҳое ҳам, ки ҳоло дар миёни неруҳои террористӣ ҳузур доранду шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда мешаванд, аксаран ҳамон бозмондаҳои наҳзатиянд, ки замоне дар ватани худ ба сари мардуми худ силоҳ мекашиданд. Баъди фирор аз Тоҷикистон ва тақвияти ҳузур дар қаламрави ҳамсоякишвар дубора сар бардоштаву аз он сӯи марз бо таҳдид ба сӯи ватани худ чашм дӯхтаанд.

Соли гузашта раисҷумҳури Афғонистон дар як ҳамоиши байналмилалӣ гуфт, маълумоти дақиқ мавҷуданд, ки аз ҷумла, чӣ қадар тоҷикистониҳо дар сафҳои “Толибон” ҳузур доранду дар амалиёти харобиовар истифода мешаванд. Айнан ҳамин тавр, силоҳбадастоне, ки наҳзат барои муқобила ба сохти конститутсионӣ сафарбар карда ва ё дар сафҳои “Толибон” ҷо додааст, дар асл, барои истифодаанд. На чизе бештар аз ин.

То замоне ки наҳзат зуҳур накард, тоҷикон агар ба Афғонистон барои ҷанг ҳам фиристода мешуданд, чун қаҳрамон рафтаву меомаданд. Қаҳрамониҳое, ки тоҷикистониҳо дар замони ҳузури Шӯравӣ дар Афғонистон карданд, то ҳанӯз вириди забонҳоянд. Баъди хуруҷи Шӯравӣ аз он кишвар, ки бо зуҳури Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзат ҳамрадиф омад, тоҷикистониҳое, ки барои ҷанг ба он кишвар рафтанд, асосан қотилу террорист, истилогар ва хунхор боқӣ монданд.

Ба ҳар сурат, неруҳои Тоҷикистон ҳоло ба ҳар ҳамлаву амалиёти тахрибкоронаи террористон омодаанд ва аммо подоши онҳое, ки ба ватану мардуми худ бо чашми хашму ғазаб ва аз дидгоҳи зӯри силоҳ менигаранд, як чиз хоҳад буд: марги сагона.

Search