Ҳодисаи мудҳиши вулусволии Моҳи майи ВБ ҶИА моро бетараф намегузорад

          Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вилояти Бадахшони Афғонистон зиёда аз 910 км. Сарҳади давлатӣ дорад. Мардуми ҳаммарз ва ҳамҷавор аз азал дар фазои дустӣ ва якдигарфаҳми зиндагонӣ менамоянд.

             Ҳодисаи мудҳише, ки рузи 19-уми ноябри соли 2020 дар  вулусволии Моҳи майи ВБ ҶИА рух дод, моро бетараф намегузорад. Зеро дар ин рузи хунин гуруҳи ҷангҷӯёни «Толибон» бо роҳбарии Ҷумъа валади Талбон ба вулусволии Моҳимай ҳамлаи террористӣ анҷом дода, 30 нафар хизматчиёни мақомотҳои давлатиро ба таври ваҳшиёна куштанд. Силоҳ ва лавозимоти ҷангии мақомотҳои қудратиро пурра тасарруф намуда, бо худ бурданд. Биноҳои маъмурии идораҳои давлатии Вулусволии Моҳимайи ВБ ҶИА-ро оташ заданд.

          Дар ин рузҳои басо мушкилу сангин ва ғамангез мо истиқоматкунандагони ВМКБ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми вулусволии Моҳи майи Вилояти Бадахшони Афғонистон тасаллият ва ҳамдардии худро иброз намуда, ғамшарики онҳо ҳастем.

Инсоният дар ҳар давру замон, барои пешрафту тараққиёт, инкишофи ҷисмониву рўҳонӣ ниёз ба сулҳу суббот ва осоиштагиву оромӣ дорад.

         Ваҳдати фикрониву амалӣ, яке аз арзишҳои бунёдие мебошанд, ки асоси сарҷамъӣ, бунёдкориву ободонӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ ва билохира ҳуқуқи башарият ба осоиши маънавӣ ба ҳисоб меравад.

Ин равандҳо то имрӯз дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон ба назар намерасад. Худ қазоват намоед, ки дар давлати ҳамсояи мо аз соли 1979 ҷангҳои мусаллаҳона оғоз ёфта, то ҳол ноором аст. Кӯдаке, ки соли 1979 ба дунё омада буд, имруз ӯ 41 сол дошта, дар зери тиру туфанг ба воя расидааст.

Соли 1992 дар давлати кучаки мо низ ҷанги бародаркуш сар зада, ҳазорҳо нафар куштаву бехонумон гаштанд. Дар он рузҳои талх мардуми мо ҳамчун гуреза ба давлати ҳамҷавори мо Афғонистон рӯ оварда, то ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар дар онҷо қарор доштанд.

Шукронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти ҶТ, мӯҳтаром Эмомалӣ Раҳмон, ки барои мардуми кишвар сулҳу ваҳдат овард ва дар кишвари озоди мо амният пойдор гардид. Пас аз ин дигар аз хонаи умеди тоҷику тоҷикистони садои ғаму ғусса набаромад. Ҷои онро гиряи тифлакон ва хандаи кудакон иваз намуд.

Дар хотир дорам, ки рўзҳои аввали Истиқлолият хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимат, роҳи пурпечутоберо тай намуданд ва имрӯз ба яке аз артиши ботаҷриба ва пуриқтидор табдил ёфт.

Роҳбарияти ҳукумати мамлакат ва мардуми Тоҷикистон хизмати мардонаи афсарону сарбозонеро, ки дар рузҳои мудҳиштарини ба сари миллатамон омада ҷасорату далерӣ нишон додаанд, инчунин хотираи онҳоеро, ки барои оромии кишвар ва осоиши халқ ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша қадрдонӣ мекунанд ва пос медорад.

Албатта, ноил гаштани давлати мо ба дастовардҳои назаррас самараи хизмати шабонарузию софдилонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ашхоси баору номуси Тоҷикистони азиз аст.

 П.Саодатқадамов

  нафақахур, сокини н.Шуғнон

Search