Дастпарварони Ҳизби наҳзати исломӣ танҳо ифротгароён

Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст, пас аз мағлубият дар интихоботи парлумонии соли 2015 аъзоёни ва роҳбарияти ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ санаи 4-уми сентябри ҳамон сол бо роҳбарии генерали хоин ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода бо мақсади ғасби қудрати сиёсӣ даст ба табаддулоти давлатӣ зад. Ин мудҳиштарин ҷиноят ва хиёнате буд, ки наҳзатиҳо пас аз соли 1997, яъне баъди ба имзо расидани истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар анҷом дода буданд.

Мардуми тоҷик дар хотир доранд, ки баҳри амалӣ намудани ин ҷинояти нангини зиддидавлатӣ собиқ роҳбари «ҲНИ» Муҳиддин Кабирӣ маблағи 1млн. 200ҳазор доллари ИМА ба ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода тавассути наздиконаш дода буд. Хушбахтона, он замон сохторҳои қудратии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми кишвар тавонистанд, ки пеши роҳи ин амали нангини наҳзатиҳоро гиранд ва бори дигар Тоҷикистонро аз хатари ғосибии ин неруи аҳриманӣ наҷот диҳанд.

Пас аз ноком шудан дар кӯшиши  табаддулоти давлатӣ ва саркубу безарар гардонидани террористон, мақсади нопоки як гуруҳ масъулони наҳзатӣ ошкор гардида, онҳо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурданд. Айни замон ин тудаи зиддимардумӣ тавассути васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти иғвогарона ва тахриботии худро бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Албатта, матлабу навиштаҳои наҳзатиҳо ғайр аз дуруғпароканию иғвоангези ва тӯҳмату бӯҳтон чизи дигаре надоранд. Аммо онҳо бо созмон додани чанд ташкилоти дуруғин чеҳраи худро дигар карда, мақсадҳои зиддимиллии аслиашонро пинҳон менамоянд. Риёкорона худро озодандешу, демократу ҳомии ҳуқуқи инсон ва муборизи сиёсӣ меноманд.

Имрӯзҳо як гурӯҳи гумроҳон дар атрофии Муҳиддин Кабирии хоин мисли парвона ҷамъ омада, дар сомонаҳои иҷтимоӣ гуфтугӯҳои  бемазмуну иғвоҳои душманонаи худро нисбати Тоҷикистон идома дода истодаанд, ки аз суханрониҳои онҳо ҳар як фарди солимфикри миллати тоҷик шарм мекунад.

Вақте як шахси ноогоҳ суханрониҳои Кабирии золиму хунхорро дар сомонаҳои интернетӣ мебинад, худ нисбати ӯ баҳо медиҳад, ки гоҳ бо хашми зиёди аблаҳона гуфтугу карда худро як фарди дилсузи ҷомеа вонамуд мекунад, ки аз ин ҳолат баъзе ҷавонони гумроҳ  дар гирди ӯ мисли кабутар чарх мезананд ва бедарак аз он, ки Кабирии ҳилагар ҷавонони ноогоҳро дар атрофи худ ҷамъоварда, рӯзе сенарияи худро ба охир расонида, аз онҳо канораҷӯи мекунад ва ҳамаи онҳо дар чорроҳаи қисмат танҳо монда, барои кирдорҳои содирнамудаашон дар назди қонуни кишвар ҷавоб хоҳанд дод.

Мардуми кишвар огоҳ аст ва дуруст дарк кардааст, ки наҳзатиҳо на нерӯи сиёсии мухолиф, балки як тудаи ифротӣ буда, барои мардуми кишвар ғайри бадбахтӣ чизи дигаре оварда наметавонанд. Дастпарварони Ҳизби наҳзати исломӣ танҳо ифротгароёнанд.

П. Саодатқадамов, нафақахур,

сокини ноҳияи Шуғнон

Search